ДУХТАРИ АРӮСИ МАРҒИЛОНӢ

Номи Муҳайёхон Холматоваро чустиён бо ифтихор ба забон меоваранд.

Номи Муҳайёхон Холматоваро чустиён бо ифтихор ба забон меоваранд. Инак, 30 сол аст, ки муаллима дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 1-уми ноҳияи Чуст ба шогирдон таълиму тарбия медиҳад...
Соли 1960 Телмонҷон Холматови чустӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Фарғона месупорад ва аз имтиҳонҳои қабул бомуваффақият гузашта, аз сафи донишҷӯён ҷой мегирад. Ҷавони илмдӯсту болаёқат баробари омӯзиши фанҳо, дар корҳои ҷамоатии донишкада низ фаъол иштирок мекунад. Дар ин бобат ба ҳамсабақон намуна мегардад.
Солҳои тиллоии донишҷӯйӣ ҳамкурсаш Муборакхон Абдуллоеваи марғилонӣ бо одоб ва рафтору хониши хубаш дар дили Телмонҷон маъво пайдо мекунад. Бо ризоияти ҳар ду ҷониб арӯсии Телмонҷон ва Муборакхон баргузор мегардад. Он замон ба духтари мӯйдарозу дар сар тоқии марғилонӣ ва атласпӯш ҳама бо чашми ҳавас менигаристанд ва «Кумуш» гуфта ном мебурданд.
Пас аз ба даст гирифтани диплом ҳар ду ба зодгоҳи Телмонҷон – Чуст омада домод дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 2-юм, арӯс дар мактаби таълими 1-уми ноҳия фаъолияти меҳнатиро оғоз мекунанд.
Дар давоми ҳаёти ширини оилавӣ соҳиби 5 фарзанд мешаванд. Аз ин хурсандии аҳли оила ҳадду канор надошт. Вале сад дареғ, ки ин хурсандӣ дер давом накард. Ҳангоме ки се духтар мактабхону ду писар боғчарав буданд, сутуни оила – Телмонҷон аз олам гузашт.
Падару модари Муборакхон духтарро ҳамроҳи фарзандонаш ба зодгоҳаш – Марғилон бурданд. Муборакхон фарзандонро хуб тарбия карда, ба воя расонид. Кӯшид, ки дилбандонаш хубу хуш ба воя расанд.
Духтарони калонӣ Мунирахон ва Муяссархон аз пайи падару модар рафта, омӯзгорони фанҳои физикаю математика шуданд. Ба духтарони Муборакхон ҳама бо чашми ҳавас менигаристанд. Ӯ орзу дошт, ки арӯсии духтаронашро бинад ва набераҳояшро чун момо тарбия кунад. Вале арӯси марғилонӣ – Муборакхон Абдуллоева дар синни 50 вафот кард.
Он замон Муҳайёхон Холматова толибаи синфи 10-ум буд. Вай ҳам мехост чун падару модараш дар таълимгоҳи олӣ таҳсил кунад. Мутаассифона, ин орзуяш амалӣ нагашт. Зеро тарбия карда, ба воя расонидани ду додар ба зиммаи ӯ буд.
Хешовандон маслиҳат доданд, ки ба омӯзишгоҳи омӯзгории Чуст дохил шавад, зеро хатмкунандагони он ҳам метавонанд дар мактаб кор кунанд, омӯзгор бошанд, Муҳайёхон чунин кард, ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи мазкур супурда, аз имтиҳонҳои қабул бомуваффақият гузашт.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ ба мактаби рақами 1-ум, ки модараш солҳои дароз дар он бо таълиму тарбияи хонандагон машғул буд, ба кор қабул шуд. Бо одобу ахлоқи нек ва меҳнатдӯстиву ташаббускорӣ дар байни ҷамоаи мактаб ва падару модарони хонандагон соҳибэҳтиром гардид.
Бо машварати хешовандон ба яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Чуст – хонаводаи Шокарим Шоҳакимов арӯс шуд. Бо Мақсудҷон Шоҳакимов ақди никоҳ баст.
Муҳайёхон Холматова, ки аз хурдӣ дар меҳнат обутоб ёфта буд, аз душвориҳои оиладорӣ намеҳаросид. Хушдоманаш Субихон ҳоҷӣ Шоҳакимова ба Муҳайёхон бисёр чизҳоро омӯзонид. Маслиҳатҳои муфидашро аз вай дареғ надошт.
– Ягона орзуям ба донишкадаи олӣ дохил шудан ва соҳиби маълумоти олӣ гардидан буд. Орзуям дар ин хонадон амалӣ гардид. Барои ин аз аъзоёни оилаамон ва ҳамсарам Мақсудҷон Шоҳакимов миннатдорам, – мегӯяд Муҳайёхон. – 3 нафар духтаронро тарбия карда, ба шавҳар додем. Ҳар се дорои маълумоти олианд. Писарам Муродҷон донишҷӯ аст. Дар мактаби олӣ мехонад. Набера дорам. Барои ин ба Офаридгор шукрона мегӯям...
Устоди садҳо нафар шогирдон, омӯзгори тоифаи олии синфҳои ибтидоӣ Муҳайёхон Холматова дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кард. Ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Омӯзгорон ва мураббиёни ҷавони мактаби номбурда Муҳайёхонро устоди худ мешуморанд. Комила Назарова, Муаззам Муродова, Мавлуда Шокаримова, Мунаввара Ҳайдарова барин шогирдонаш бо устоди худ дар мактаб ба тарбияи хонандагон машғуланд.

Муқаддас ҚУРБОНБОЕВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: