КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НУРИҲОИ КАЛИЙДОР

Дар минтақаи хурди саноатии ноҳияи Ғаллаарал ҳафт корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, шаштояш бо як маром фаъолият мекунад.

Дар минтақаи хурди саноатии ноҳияи Ғаллаарал ҳафт корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, шаштояш бо як маром фаъолият мекунад. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «G’allaorol kaliy fosfat» яке аз онҳост.
Дар ин корхонаи саноатӣ сад нафар дар се баст меҳнат мекунанд. Ҳар рӯз корхона бо иқтидори 50 тонна сулфати калий ва 60 тонна хлориди калий, ки барои хоҷагии қишлоқ ҳамчун моддаи ғизоии замин истифода карда мешавад, истеҳсол менамояд. Калий дар хок бисёр аст. Бо вуҷуди ин дар бисёр заминҳо бе истифодаи нуриҳои калийдор ҳосили баланд наметавон ба даст овард. Маҳсулотро баробари ба хоҷагиҳои фермерӣ расондан боз ба хориҷа – Туркия, Гурҷистон, Қазоқистон содир мекунанд.
Дар оянда ду лоиҳаи дигарро ба кор андохтанианд, ки барои боғҳои интенсив нуриҳои минералӣ ва органикӣ мебарорад. Бояд гуфт, ки сад килограмми нуриҳои калийдор ҷои се тонна нуриҳои маҳаллиро мегирад. Аз ин рӯ, истифодаи нуриҳои калийдор, хусусан, ба киштзор аҳамияти калон дорад. 
Дар назди корхона лабораторияи махсус ҳаст, ки он ҷо дараҷаи сифати маҳсулотро муайян менамоянд. Ҳаҷми содироти солона 350 ҳазор доллари Амрикоро ташкил медиҳад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: