МАСЪАЛАҲОИ ИНКИШОФИ ХИДМАТИ ГИДРОМЕТЕОРОЛОГӢ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 ноябр бахшида ба вазифаҳои бартариноки такомули фаъолияти хидмати обуҳавошиносии ватанӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев 3 ноябр бахшида ба вазифаҳои бартариноки такомули фаъолияти хидмати  обуҳавошиносии ватанӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Хидмати обуҳавошиносӣ барои бисёр соҳаҳо, мисли хоҷагии қишлоқ, энергетика, нақлиёт, экология аҳамияти муҳимро молик аст. Аммо ба сабаби дар тӯли бисёр солҳо вуҷуд надоштани эътибори кофӣ ба соҳа дар Ӯзбекистон аз замон ақиб монд. Мушоҳидаҳои аэрологӣ аз соли 1995 инҷониб бурда намешавад, ки ин маълумотро дар бораи обу ҳаво дақиқ намесозад. Аз рӯи стандартҳои байналхалқӣ дар ҳудуди мамлакатамон 4 ҳазор истгоҳ бояд бошад, аммо дар амал онҳо ҳамагӣ 335-тоанд.
Пойгоҳи моддиву техникии Маркази хидмати обуҳавошиносӣ фартут гардида, нафъбахшии иқтисодиаш паст аст. Аз он ҷумла дар 9 моҳи охир марказ аз ҳисоби даромади худ ҳамагӣ 6 фоизи харҷашро сарпур карда тавонист.
– Обуҳавошиносӣ яке аз соҳаҳои муҳими таъмини амниятамон мебошад. Имрӯз вазифаи асосӣ тағйир додани сифати хидмат дар ин соҳа мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад тақдимоти зина ба зина тиҷоратӣ намудани хидмати марказ тақдим гардид.
Имрӯз маълумоти обуҳавошиносӣ ба 35 идора, аз он ҷумла қариб ба 20 ташкилоти тиҷоратӣ бепул пешниҳод мешавад. Арзиши хидмат аз харҷаш кам аст ва 15 сол аст, ки таҷдиди назар нагаштааст.
Роҳбари давлат аҳамияти таҷдиди назар намудани нарх ва вусъат додани фарогирии хидмати пулакиро таъкид намуд.
Ба вуҷуд доштани бисёр имконоти корбурднашуда ишора гардид. Барои мисол, соли оянда дар асоси шарикии давлативу хусусӣ дар ноҳияҳои Кармана ва Нуробод яктоӣ нерӯгоҳи барқии офтобӣ, соли 2022 бошад, сето нерӯгоҳи барқии офтобӣ ва якто шамолӣ бунёд хоҳад гардид. Барои ба нақша гирифтани ҳаҷми истеҳсоли энергияи ин истгоҳҳо аз хидмати обуҳавошиносӣ истифода хоҳанд кард.
Ғайр аз ин имконоти хидматрасонии пулакӣ ба интернет-сервисҳо доир ба пешгӯии обу ҳаво, кластерҳо ва муассисаҳои хориҷии илмӣ вуҷуд дорад.
Дар Маркази обуҳавошиносӣ маълумоти мушоҳидаҳои  сад соли охир нигоҳ дошта мешавад.Онҳо дар шакли коғаз буда, аз 18 миллион варақ иборат аст. Дар ҷамъомад вазифа гузошта шуд, ки ин маълумотҳо пурра рақамӣ карда шаванд.
Камбудиҳои таъминоти моддиву техникии хидмати обуҳавошиносӣ муфассал муҳокима гардид. Таъкид шуд, ки аз 70 истгоҳи обуҳавосанҷӣ танҳо 14-тоаш автоматиконида шудааст. Пешгӯии обу ҳаво бо истифода аз таъминоти барномавии даҳ соли пешин тартиб дода мешавад, ки ин дар таъҷилияти тайёр намудани маълумотҳо дар бораи обу ҳаво ва ҳодисаҳои нохуш таъсири худро мерасонад. Таъкид шуд, ки се метеолокатори имрӯзаи фаъол – дар Тошканд, Самарқанд ва Нуқус кифоя намекунанд.
Бинобар ин супурда шуд, ки дар солҳои наздик дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Сурхондарё ва Намангон локаторҳо гузошта шуда, тамоми истгоҳҳои обуҳавошиносӣ автоматиконида шуда, истгоҳ ва посгоҳҳои нав сохта шаванд. Татбиқ намудани чунин чорабиниҳо сифат ва оҷилияти фаъолияти хидмати обуҳавошиносиро баланд мебардорад.
Ӯзгидромет маркази минтақавии Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ба шумор меравад. Аҳамияти нигоҳ доштани ин мақомро таъкид намуда, роҳбари давлат соли 2022 дар Самарқанд ташкил намудани маркази минтақавии ҷамъоварӣ, таҳия ва нигоҳдошти маълумотҳои захиравиро супориш дод.
Маълумотҳои обуҳавошиносӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини самаранокии хоҷагии қишлоқ мебошад. Дар хориҷа ба корхонаҳои маҷмӯи агросаноатӣ беш аз 20 намуди чунин хидмат, мисли муайян намудани рутубати растанӣ, миқдори бориш, ҳарорати хок гузошта мешавад. Дар мамлакатамон ҳамагӣ 9-то чунин хидмат вуҷуд дорад. Муоинаҳои агрометеорологӣ дар 96 истгоҳ ва посгоҳ бурда шуда, миқдори онҳо дар даҳ соли охир ҳамагӣ ба 5-то зиёд гаштааст, ки ба туфайли он боварибахшии пешгӯиҳо аз 80-85 фоиз намегузарад.
Ба Маркази хидмати обуҳавошиносӣ дар соли оянда ба вуҷуд овардани посгоҳҳои иловагии агрометеорологӣ дар ҳар минтақа супурда шуд. Президент аҳамияти гузоштани истгоҳҳои агрометеорологӣ ва дастгоҳҳои ченкуниро дар вилоятҳои Ҷиззах ва Қашқадарё дар доираи гранти Ташкилоти ҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзӣ, васеъ намудани номгӯйи хидматро то 14-то, минбаъд татбиқ намудани ин таҷриба дар тамоми минтақаҳоро таъкид намуд. Вазифа гузошта шуд, ки таъминоти барномавии хидматрасонии хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳо дар низоми онлайн таҳия карда шавад.
Шавкат Мирзиёев ба инкишофи илм ва баланд бардоштани потенсиали кадрҳои соҳа эътибори алоҳида зоҳир намуд. Ба ногузирии соли хониши оянда  ташкил намудани факултети обуҳавошиносӣ дар Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, дар пойгоҳи техникуми обуҳавошиносии Тошканд роҳандозӣ намудани тарбия ва такмили малакаи мутахассисони замонавии ҳалқаи миёна ишора гардид.
Инчунин зиёд намудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳа ва ҷорӣ намудани низоми изофапулӣ барои собиқаи зиёди корӣ супурда шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: