Президент дар Бухоро бо фаъолияти кластер шинос шуд

  • Президент дар Бухоро бо фаъолияти кластер шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти як қатор корхонаҳое, ки ба кластери «Бухоро Агрокластер» дохил мешаванд, нинос шуд.

Ҳамин тариқ, дар корхонаҳои “Бухоро Агрокластер ДЗЗ” истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шуд. Маҷмааи замонавӣ дар майдони холӣ бо 6,2 миллион доллар сармоягузорӣ бунёд шуда, таҷҳизот аз Итолиё ва Русия насб шудааст. Ин корхона, ки соли 2021 ба истифода дода мешавад, соле 22 ҳазор тонна ширро коркард мекунад. Зиёда аз 40 хел кефир, шири пастеронидашуда, панир, йогурт, қаймоқ, сметана ва ғайра истеҳсол карда мешавад. 140 нафар бо кор таъмин карда шудаанд.

Президент бо раванди технологӣ ва маҳсулоти корхона шинос шуд.

Фаъолияти кластер вусъат меёбад. Дар ҳудуди маҷмӯъ иқтидорҳои нав пайдо шуданд. Дар заминҳои кластер лабораторияи муосири омӯзиши ҳосилхезии хок ба кор даромад, ки бо технологияи пешрафтаи немис муҷаҳҳаз гардидааст. Он таркиби хокро аз рӯи зиёда аз чил нишондиҳанда ва обро қариб даҳ нишондиҳанда таҳлил карда метавонад.

Дар вилояти Бухоро назар ба дигар минтақаҳо шурии заминҳои кишт баландтар аст. Бинобар ин, барои баланд бардоштани ҳосилхезӣ, таҳлили хок хеле муҳим аст. Лаборатория таркиби химиявии хокро санҷида, зарурати растаниҳоро ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ муайян мекунад. Хусусиятҳо ва шур будани хок омӯхта мешавад. Аз рӯи натиҷаҳо барои ба эътидол овардани таркиби он чораҳо дида мешаванд.

Маълумоти ҷамъовардашуда ба платформаи «Agro Smart Map Uz» – лоиҳаи дигари корхона бор карда мешавад. Дар асоси ин маълумотҳо деҳқонон тавсияҳои зарурии агротехникӣ мегиранд.

Сарвари давлат бо имкониятҳои ин лаборатория шинос шуд.

Дар бораи лоиҳаҳои ояндаи кластери “Бухоро Агрокластер” маълумот дода шуд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: