МАСЪАЛАҲОИ ЗИЁД ҲАЛЛУ ФАСЛ МЕГАРДАД

Шаҳри Тошканд конфронси минтақавиеро таҳти унвони «Дипломатияи халқӣ – омили муҳими таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ» баргузор намуд.

Муассисони конфронс Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон, Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ (ICA) ва намояндагии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуданд.
Дар конфронс намояндагони Сенати Олий Маҷлис, ассамблеяҳои халқҳои Қазоқистон ва Қирғизистон, созмони «Иттиҳоди шаҳрвандии Қазоқистон», Конгресси ҷавонони Қирғизистон, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин вакилони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд. 
Иштирокчиёни конфронс таъкид карданд, ки дипломатияи халқӣ барои барқарор кардани робитаҳои васеъмиқёс ва муколамаи фарҳангҳо, аз ҷумла дар бахши илм, фарҳанг, санъат, таълим, варзиш ва туризм  заминаи мусоид фароҳам меорад ва таҳаммулпазирии диниро таъмин мекунад, барои қаробати фарҳангу анъанаҳои халқҳои гуногун ва рушди он кумак мерасонад. Дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёсе мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки дар меҳвари худ манфиат ва ҳуқуқи инсонро мадди назар дорад.
Доир ба масъалаи тайин ва аломатгузории хати марзи миёни Ӯзбекистон бо Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ишора карда шуд, ки маҳз тавассути риояи дипломатияи халқӣ бо роҳи орому осуда ва ҳусни тафоҳум ҳаллу фасл шуда, дар баъзе манотиқ ин раванд дар арафаи анҷом ёфтан қарор дорад. 
Конфронс бо имзои Ёддоштҳои ҳамкории байни Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ, «Иттиҳоди шаҳрвандии Қазоқистон» ва Ассотсиатсияи ихтиёриёни Ӯзбекистон ба кори худ хотима бахшид. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: