МЕХАНИЗМҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ МОДДИИ КОРКУНОНИ ТИБ ВАСЕЪ КАРДА МЕШАВАНД

Барои инсон аз саломатӣ беҳтар хушбахтӣ ва неъмат нест.

Зеро агар саломатӣ набошад, фароғату ҳашомат ҳам ба чашм намерасад. Аз ин ҷост, ки солҳои охир дар мамлакатамон ба рушди сохтори нигаҳдории тандурустӣ ва бо хидмати босифат фаро гирифтани аҳолии маҳалҳо диққати калон дода мешавад. 
Натиҷаи ҳамин ҷидду ҷаҳд аст, ки ҳафт соли охир дар соҳаи тибби мамлакати мо дигаргуниҳои бемисл ба амал омаданд. Бисёр мушкилоте, ки солҳои зиёд ҷамъ шуда, боиси норозигии мардум мешаванд, бартараф карда шуданд.
Маблағҳои аз буҷет барои соҳаи тиб ҷудошуда имрӯз нисбат ба соли 2016-ум 5 маротиба зиёд ва маблағҳое, ки барои таъмини беморхонаҳо ва марказҳои ёрии таъҷилӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ҷудо мешаванд, 12 баробар зиёд шудааст, ки ин исботи фикри мо аст.
Ин бешубҳа хурсандиовар аст. Аммо тарафи дигари масъала низ ҳаст, ки дар ин бобат саривақт андешидани чораҳои зарурӣ яке аз вазифаҳои таъхирнопазир мебошад. Яъне ҳар як сӯми ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҷудошуда самаранок ва ба мақсад мувофиқ истифода бурда шавад.
Дар ҷаласаи видеоселекторие, ки таҳти раёсати Сарвари давлат баргузор шуд, масъалаи самаранокии хароҷоти буҷет низ алоҳида баррасӣ шуд. Ин беҳуда нест. Зеро соли гузашта аз буҷет ба 1,2 триллион сӯм хароҷоти ғайриқонунӣ ва 200 миллиард сӯм камомаду дуздӣ роҳ дода шудааст. Маблағҳое, ки ба барномаҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва кишоварзӣ ҷудо  шудаанд, пурра истифода бурда нашудаанд.
Дар ин маврид, ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура гузаронидани Инспексияи назорати давлатии молиявии назди Вазорати иқтисод ва молия ба мақсад мувофиқ шуд. Ин дар навбати худ ба таъмини хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ такон мебахшад.
Маълум аст, ки механизмҳои Суғуртаи тиббии давлатии дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҷоришуда низомест, ки дар баробари васеъ намудани имкониятҳои кафолатноки аҳолӣ ва ёрии тиббии босифат, ба баланд бардоштани истифодаи самараноки маблағҳои буҷетии ба соҳа ҷудошуда хидмат мекунад.
Суғуртаи тиббии давлатӣ, ки дар ибтидо дар муассисаҳои тиббии вилояти Сирдарё ҷорӣ карда шуда буд, тадриҷан дар марказҳои илмию амалии тиббии ҷумҳурӣ ва зиёда 20 муассисаи тиббии хусусӣ татбиқ карда шуд. Аз соли ҷорӣ дар тамоми минтақаҳо марҳила ба марҳила татбиқ кардани ин механизм ба нақша гирифта шудааст.
Дар низоми мавҷуда маблағҳои ба соҳа ҷудошуда, сарфи назар аз шумораи беморони табобатшуда ба муассисаҳои тиббӣ равона шуда ва дар асоси механизмҳои суғурта ин маблағ аз рӯйи ҳаҷми ёрии тиббӣ ба бемор ва миқдори маблағу дору ва лавозимоти тиббие, ки ба ӯ харҷ карда шудааст, равона карда мешавад.
Яъне суғуртаи тиббие, ки дар сохтори тандурустии миллӣ ҷорӣ карда шудааст, механизми самарабахши маблағгузории система мебошад, ки дар доираи он саломатии ҳар як шаҳрванд аз буҷети давлат дар асоси пакети кафолат суғурта карда мешавад. Зеро дар низоми суғурта пардохтҳо барои хидматрасонии тиббӣ бо усулҳои маблағгузории натиҷавӣ сурат мегиранд ва хариди стратегии хидматрасонии тиббӣ дар доираи кумаки тиббии аз ҷониби давлат кафолатшуда ба роҳ монда мешавад. Дар натиҷа ҳиссаи хароҷоти бесамар дар сохтори тандурустӣ тадриҷан кам шуда, сатҳи пардохтҳои бевоситаи аҳолӣ барои хидматрасонии тиббӣ коҳиш дода мешавад. Чизи асосӣ аз ҳисоби зиёд кардани ҳиссаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар доираи маблағҳои ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҷудо кардашуда профилактикаи бемориҳо пурзӯр, мустақилии молиявии муассисаҳои тиббӣ баланд бардошта, механизмҳои ҳавасмандгардонии моддии коркунони тиб васеъ карда мешаванд.
Хулоса, имрӯз барои пурра ҷорӣ намудани механизмҳои суғуртаи тиббии давлатӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ тамоми чораҳо андешида мешаванд. Иҷрои вазифаҳои дар ҷаласа гузошташуда, барои васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ва хидматрасонии босифати тиббӣ тавассути ҷалби ташкилотҳои тиббии хусусӣ барои расонидани ёрии тиббии аз ҷониби давлат кафолат додашуда имконият фароҳам меорад.

Зумрад БЕКАТОВА, 
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: