Дар шаҳри Гуанҷоуи музофоти Гуандун киштии контейнеркашонанда бо кӯпруки нақлиёти автомобилӣ бархӯрд ва ба як қисм иншоот хисороти ҷиддӣ расонд.
Бар асоси ин гузориш, ду нафар ҷони худро аз даст дода, се нафар бедарак шудаанд. Ду нафарро наҷот доданд. Бино ба маълумот, бар асари фурӯ рехтани фосилаҳои кӯпрук панҷ мошин осеб дидаанд. Дутои онҳо ба об афтоданд ва сетояшон ба киштии боркаш афтоданд.
Қаблан манбаи хабарии Panpay бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дода буд, ки дар миёни мошинҳои ба об афтода як автобуси мусофирбар бо танҳо як ронанда дар дохили он будааст. Дар расонаҳо гузориш шудааст, ки як мошини боркаш низ аз болои пул сарозер шудааст.
Ҳодисаи фавқулода соати 05:30 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Нанша рух дод. Бо сабабҳои номаълум киштии контейнердор ба яке аз такяҳои кӯпруки автомобилӣ бархӯрда, дар натиҷа як қафаси он фурӯ рехт, хабар медиҳад хабаргузории tass.ru.