Дар қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои иловагии минбаъд ривоҷ додани соҳаи дорусозӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ» бобати азхудкунии маҳсулоти дар соҳаи фармасевтӣ серталаб, дастгирии маблағгузории лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, ҷалби бевоситаи сармояҳои хориҷӣ ба соҳа, афзунсозии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи босифат ва арзони фармасевтӣ, татбиқи амалиёт ва стандартҳои эътирофшуда дар корхонаҳои маҳаллӣ чораҳои амиқ муқаррар шудааст
Дар ҳокимияти вилоят аз рӯйи баррасии корҳо бобати таъмини иҷрои қарори мазкур ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад, ки бо ширкати масъулон, намояндагони идораҳои алоқаманд, роҳбарони корхонаҳои фармасевтӣ доир гардид, камбудиҳои соҳа, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва мушкилоте, ки дар ин самт ба чашм мерасанд, таҳлил карда шуд.
– 16,2 дарсади маҳсулоти воридотии вилоятро маводи фармасевтӣ ташкил мекунад, – гуфт ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов. – Аз ин рақам дарк намудан душвор нест, ки роҳандозии истеҳсоли маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дар вилоят то чӣ андоза муҳим аст. Бинобар ин, дастгирии ташаббусҳои корхонаҳои вилоят ва лоиҳаҳои пухтаи соҳибкорон дар ин самт мувофиқи мақсад мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар вилоят қариб 20 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ фаъолият дорад. Дар онҳо беш аз 200 намуди маҳсулоти ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.