Аз марги нобаҳангоми ин марди ҳунар, овозхони машҳури Шарқ (ин фоҷиа 14 июни соли 1979 дар рӯзи таваллуди шодравон рӯй додааст) қариб 45 сол мегузарад.
Аммо лаҳни дилангези вай ҳангоми таронасароӣ ҳанӯз дар паси гӯши мухлисони бисёрмиллионнафарааш садо медиҳад. Шояд дар Шарқ ҳамтои Аҳмади Зоҳир овозхон набошад. Ӯ бешак, ҳофизи беназир буд.
...Мо донишҷӯёни солҳои 70-уми қарни гузашта дар ҳавои таронаҳои шӯрангези ӯ ба камол расидем. Лаззату нишоти суруди ошиқонаашро чашидем. Қабл аз ин, ҳангоми мактабхонӣ аз радиои Тоҷикистон, ки ба воситаи «карнай»-и симчӯб тавассути барномаи «Таронаҳои Шарқ» дар радифи таронаҳои Зоҳир Ҳувайдо, Сорбон ва дигар устодони санъати Афғонистон садо медоданд, сурудҳои Аҳмади Зоҳирро низ мешунидем. Овози худодод дошт ӯ. Вай дар асл ҳам, чуноне ки дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ҳунари овозхонии Шарқро бо эстрадаи Ғарб бипайваст ва ба сабки аҷиби иҷрову талқин асос гузошт. Дар Афғонистон аз садояш дар ҳама маврид истифода мебурданд.
Солҳое, ки дар сарзамини Афғонистон баъди инқилоби Савр (27 апрели соли 1978) қувваҳои берунӣ ҷанги бародаркуширо ба дӯши мардуми заҳматкаши Афғонистон бор карданд, дар шаҳри Пешовари Покистон радиои таблиғотии муҷоҳидон (ононе, ки зидди режими коммунистии Кобул ва лашкари Иттиҳоди Шӯравӣ меразмиданд) бо номи «Овози дӯст» ба забонҳои дарии тоҷикӣ ва пашту ҳар шом ба мавҷи ҳаво мебаромад ва дар байни хабарҳо аз ҷанггоҳҳо ва тиловати Каломуллоҳи маҷид барои ҷалби шунавандагон аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир истифода мебурд.
Дар бораи паҳлӯҳои зиндагӣ ва сабку услуби ҳунари овозхонии Аҳмади Зоҳир бисёр китобҳо нашр шудаанду боз чоп мешаванд. Зеро Аҳмад Зоҳир ҳамеша бо мост.
Ӯ барои ӯзбекистониён низ қарин аст. Ҳунарпешагони номӣ, аз қабили Шералӣ Ҷӯраев, Бобомурод Ҳамдамов, Хайрулло Лутфуллоев, Ортиқ Отаҷонов, Ғуломҷон Ёқубов, Аҳмадҷон Шукуров ва дигарон таронаҳои ӯро сурудаанд. Се нафар шоирони халқии Ӯзбекистон Ҳамид Ғулом, Абдулло Орипов, Сироҷиддин Сайид баъди марги Аҳмади Зоҳир марсия навиштаанд. Худам борҳо гувоҳ шудаам, ки таронаҳои вай дар тӯю сурҳои Тошканд садо додаанд, баъзе ҳофизон, ҳарчанд пинҳон медоранд, ба оҳангҳои вай шеъри ӯзбекиро «зӯран» гунҷонда, худро муаллифи онҳо эълон мекунанд.
Касе ба шуҳрату нуфузи Аҳмади Зоҳир соя афканда натавонист ва наметавонад. Зеро сурудаҳои вай аз қалби шунавандагон-мухлисонаш ҷой гузидаанд.
Муҳимтарин ҷиҳати ҳунари таронасароии Аҳмад Зоҳир, ба фикри мо, ин интихоби шеър ва мутобиқат кардани шеъру оҳанг аст. Тавре ҳамсараш Фахрия мегӯяд, ӯ ба эҷодхонаи худ даромада, то таронаи наве эҷод накунад, аз он намебаромад ва корро, албатта, аз интихоби шеър оғоз мекард.
Муваффақияти бузурги Аҳмади Зоҳир он аст, ки ҳамчун хонанда дар интихоби шеър барои оҳангҳояш хато накардааст. Аз репертуараш (лабораторияи эҷодиаш) маълум мешавад, ки овозхон завқи баланди бадеӣ дошта, аз ашъори Шайх Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлонои Балх, Бедил ва даҳҳо шоирони бузурги тоҷику форс нағз бохабар будааст.
Ӯ барои оҳангҳояш ғазалҳоеро интихоб намудааст, ки бори ахлоқ ва маънӣ кашида, инсонро тарбия мекунанд, баъди шунидани онҳо шунаванда дар ҷустуҷӯйи ашъори шоир мешавад.
Метавон гуфт, ки Аҳмади Зоҳир гарчанде забони модариаш дигар буд, бо ҳунари худ шеърияти моро бештар аз ҳамаи ҳофизони форсу тоҷик тарғибу ташвиқ кардааст.
Масалан, шеъри «Миҳан»-и шоири шаҳир Абулқосими Лоҳутиро гирем. Аҳмад Зоҳир барои ситоиши Ватанаш Афғонистон бар он чунон оҳанги дилпазир бастааст, ки ҳангоми шунидан мо низ беихтиёр ба ӯ ҳамовоз мешавем:
Танида ёди ту дар тору пудам, миҳан,
ай миҳан!
Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, миҳан,
ай миҳан!
Ту будам кардӣ аз нобудиву бо меҳр
парвардӣ,
Фидои номи ту буду набудам, миҳан,
ай миҳан!..
Аҳмад Зоҳир ба ашъори Лоҳутӣ бисёр оҳанг бастааст:
Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор
нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор
нест.
Ё:
Сад раҳ дар интизорат то пушти дар
давидам,
Поям зи кор афтод, он гаҳ ба сар
давидам,
аз ин ҷумлаанд.
Аҳмад Зоҳир аз як ғазали 12 байтии Ҳофизи Шерозӣ ҳамагӣ се байташро зери таъсири мусиқии суннатии ҳиндӣ дар садои ситор чунон талқин кардааст, ки қалби ҳар як сомеъро ба ваҷд меорад:
Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст,
ки боз оӣ!
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.
Эй дарди туам дармон дар бистари
нокомӣ,
В-эй ёди туам мунис дар гӯшаи танҳоӣ.
Аммо шунидани шеъри шоири маҳбуби халқи тоҷик Мирзо Турсунзода бо матлаи:
Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман,
ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман,
ҳамин кофист.
барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст. Зеро тавассути ин оҳанги марғуби як хонандаи Афғонистон ин ғазали шоири мо дар сартосари дунё садо дод. Оре, нақшу мақоми овозхон дар тарғиби шеъри шоир хеле бузург аст.
Мегӯянд, ки матни таронаи «Аввалин ишқам ту будӣ, охирин ишқам ту будӣ» ҳам мутааллиқ ба шоири тоҷикистонӣ Абдуллоҳ Қодирӣ аст. Суруди машҳури Боймуҳаммад Ниёзов «Эй ҷони ман асират, эй умри ман фидоят» (шеъри Мушфиқӣ) дар оҳанги Аҳмад Зоҳир бо сабки ба худ хос садо додааст.
Агар ба номгӯйи таронаҳои Аҳмад Зоҳир таваҷҷуҳ намоем, худ аз худ маълум мегардад, ки ҳофиз ғазалҳои тоҷикиро басо донишмандона интихоб кардааст. Таваҷҷуҳ намоед ба баъзеи онҳо: «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ», «Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст», «Зи санг нест қалби ман, биё, ки об мешавад», «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест» ва садҳо таронаҳои дилошӯби дигар...
Аҳмад Зоҳир зимни офаридани оҳанг аз эҷодиёти даҳонии тоҷикони Афғонистон низ пурсамар истифода бурдааст. Суруди «Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон» як намунаи аҷиби фолклори Афғонистон аст. Ё ин ки таронаи «Сурма кадӣ...»-ро бигирем. Дар эҷодиёти Аҳмад Зоҳир чунин таронаҳо хеле зиёданд.
Хуллас, месазад сурудҳои Аҳмади Зоҳирро гӯш карда, ба мазмуну ғояи таронаҳояш таваҷҷуҳи бештар диҳем, ки ағлаби онҳо ашъори оламгири тоҷикианд ва албатта дар ҳаққаш дуои нек кунем. Ёдаш ба хайр!
Шоқаҳҳори МУҲАББАТЗОД.