Ман фанни математикаро хеле дӯст медорам.
Он аз дигар фанҳо фарқ мекунад. Устодонамон ҳамеша мегӯянд, ки ҳар кас ин фанро азхуд кунад, ҷаҳонбиниаш хеле васеъ мегардад. Ман ба ин гуфтаҳои устодамон эътимод ҳосил кардаам, барои ҳамин дар пайи омӯзишу азхудкунии он ҳастам.
Дар фанни математика бозиҳои гуногуни шавқовар мавҷуданд. Мо маҳз дар ҷараёни дарси математика бо бозиҳои шавқовар машғул мешавем. Мутаассифона, баъзе ҳамдарсонам ба ин фан чандон иштиёқ надоранд ва намедонанд, ки донистани ин фан дар ҳаёти муқаррарӣ низ басо лозим мешавад.
«Математика шоҳи фанҳост» мегӯянд. Хонандае, ки бо ҷаҳду талош шоҳи фанҳоро азхуд мекунад, барояш дарҳои зиёд боз мегарданд. Фанни математика аз шумори фанҳои дунявист. Агар инсон фанни математикаро надонад, дар ҷаҳон тараққиёт ба вуҷуд намеояд. Дар олам олимони зиёд маҳз ҳамин фанро хеле хуб азхуд кардаанд ва сазовори ҷоизаҳои гуногуни байналмилалӣ шудаанд.
Математика дар ҷамъият ниҳоят фанни лозим аст. Барои ҳамин дар оянда математик хоҳам шуд.
Зарнигор СУЛАЙМОНҶОНОВА,
хонандаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.
ОДОБ ЗИНАТИ ИНСОН АСТ
Ду нафар дӯстони меҳрубон буданд. Онҳо нисбати ҳамдигар ҳамеша ғамхорӣ ва дилсӯзӣ мекарданд. Номи яке Фаррух ва номи дувумӣ Илҳом буд. Онҳо дар мактаб ҳам ба дигарон намунаи ибрат буда, талош менамуданд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ низ пешсаф бошанд.
Рӯзе ҳарду ҳамроҳи падару модари худ ба шаҳр рафтанд. Падару модарон онҳоро ба сайри боғи ҳайвонот бурданд. Дар боғи ҳайвонот дар баробари ҳайвонҳои гуногун паррандаҳои хушрӯю зебо низ дар қафасҳо нигоҳ дошта мешуданд. Илҳом ва Фаррух диданд, ки товуси хушхиром садои нофорам доштааст. Аммо ба гӯши ҳарду чаҳ-чаҳи булбул бештар форид.
Фаррух аз падараш пурсид:
– Падарҷон, товус ҳарчанд зебост, вале овози он ба гӯш нофорам аст. Аммо булбул чандон паррандаи зебо набошад ҳам, овози хубу форам дорад.
Падараш гуфт:
– Ана дидӣ, писарам, гап дар зебоии зоҳирӣ набудааст. Туро ҳамеша одобат дар назди дигарон зебо ҷило мебахшад.
Моҳинур СОБИРОВА,
талабаи мактаби рақами 11-уми
ноҳияи Сӯх.