«ХАТТОТӢ ВА ФАЛСАФАИ ОН»

Дар осорхона-мамнӯъгоҳи Арки Бухоро таҳти ҳамин унвон конференсия баргузор гардид.

Маълум аст, ки асарҳои илмию адабии гузаштагони бузурги мо ба туфайли ҳунари хаттотӣ то замони мо омада расидааст. Асрҳои XIV-XVI дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна аз ҷумла, дар Бухоро ин санъат рушд ёфта, Миралии Ҳиравӣ (вафоташ соли 1557), Мирубайди Бухороӣ (вафоташ соли 1601), Мирҳусайни Кӯланкии Бухороӣ (асри XVI), Сайид Абдуллоҳи Бухороӣ (вафоташ соли 1647), Ҳоҷӣ Ёдгор (вафоташ соли 1663), Пирмуҳаммад Сӯфии Бухороӣ, Мирзои Бухороӣ, Султон Муҳаммади Бухороӣ, Абдураҳмон Барқии Муншӣ (асри XV), Иноятулло Котиб (асри XVII), Мирзо Абдураҳмон (асри XVIII), Фозили Девона (асри XIX), Аҳмади Дониш (1826-1897), Бобобек (асри XIX), Мирзо Маҳдихон (асри XIX-XX) ва амсоли онҳо дар ин росто хидматҳои арзанда кардаанд. Дар фонди дастхатҳои Арк намунаи асарҳои онҳо боқист. Аксарияти онҳо рӯзи конференсия ба намоиш гузошта шуд.
Дар тадбир ҷонишини директори осорхона-мамнӯъгоҳ Ҷ. Халилов, проректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ш. Воҳидов, дотсенти Донишгоҳи омӯзгории Тошканд Н. Хидирова, профессори ДДБ З. Амонова ва дигарон бобати нақши хаттотӣ дар ҳаёти маънавӣ ва маърифатии минтақа, ташаккулёбии ҳунари китобат, омӯзиши дастхатҳо изҳори ақида намуданд.
Ҳозирон бо экспонатҳои намоишгоҳ шинос шуданд.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: