РАИСИ СЕНАТ БО МУОВИНИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СММ МУЛОҚОТ НАМУД

Ӯзбекистон яке аз аввалин давлатҳои минтақаи Осиё мебошад, ки узви Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ аст.

Конвенсияи мазкур аз ҷониби парлумони Ӯзбекистон 31 августи соли 1995 ратификатсия гардида, соли 1996 эътибор пайдо кардааст. Ҳоло 197 мамлакат узви ин Конвенсия мебошад.
Дар мулоқоти Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо ҷонишини Котиби генералии СММ, котиби иҷрогари Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ Иброҳим Тиау дар ин бора сухан рафт.
Зимни гуфтугӯ масъалаҳои вусъат додани ҳамкорӣ бо ниҳодҳои махсуси СММ дар ҷиҳати мубориза бо биёбоншавӣ ва эрозияи хок, огоҳӣ аз бӯронҳои чангӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар ин ҷараён сессияи 21-уми Кумита оид ба баррасии татбиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) нақши муҳим дорад.
Дар партави мушкилоти ҷаҳонии  экологӣ чорабиниҳои амалие, ки ба ҳифзи муҳити зист ва беҳсозии вазъияти экологӣ дар Ӯзбекистон, аз он ҷумла кор бобати қабул ва татбиқи қонунҳо, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ нигаронда шудааст, муҳокима гардиданд.
Иброҳим Тиау таъкид намуд, ки ташаббусҳои Ӯзбекистон оид ба барқарорсозии ҷаҳони сабз ва натиҷаҳои бадастомада молики аҳамиятанд, ӯ инчунин зикр кард, ки мамлакат дар самти огоҳии эрозияи замин, барқарорсозии он яке аз пешқадамҳо гардид, ки бо корҳои амалии худ барои дигарон намуна мебошад.
Дар поёни вохӯрӣ дар бораи муттасил идома додани гуфтугӯ ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои марбути экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, таҳияи амалҳои муштарак ва чорабиниҳои нарм сохтани оқибати онҳо аҳду паймон ба амал омад.

Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: