4.РӮЗГОРИ СИДДИҚӢ ТАДҚИҚОТИ ҶИДДӢ МЕХОҲАД

Дар бораи фаъолияти маорифпарварии шоири забардасти охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ Саидаҳмад Сиддиқии Аҷзии самарқандӣ адабиётшинос ва тадқиқотчиён, аз ҷумла Зариф Раҷабов, Муҳаммадҷон Шукуров, Холиқ Мирзозода, Садрӣ Саъдиев, Солеҳ Ҳалимов, Бегалӣ Қосимов, Муъмин Фаттоев, Салим Кенҷа, Кибриё Ҳасанова, Аслиддин Қамарзода, Ғафурҷон Маҳмудов ва дигарон мақолаҳо навиштаанд.

Бинобар ин, мухтасар ёдовар шудан кофист, ки ӯ дар синни кӯдакӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модари босаводаш аз ҷавонӣ ба навиштани шеърҳо машғул шудааст. Маълумоте ҳам ҳаст, ки Аҷзӣ солҳои 1990-ум дар Самарқанд курси семоҳаи мактаби забони русиро хатм карда, дар ибтидои асри ХХ (соли 1903) дар деҳаи Ҳалвоии ноҳияи Ҷомбой, ки дар ҳамон мавзеъ зиндагӣ мекард, бо усули нав мактаб кушода, дар он ба бачагон баробари ёд додани забони русӣ, аз фанҳои дунявию динӣ дарс гуфтааст. Худи ҳамин як қаҳрамонӣ буд. Зеро дар замони мустабиди амирӣ дар мактаби русӣ хондану донистани забони русӣ аз шахс нотарсию далерӣ ва шуҷоатмандиро талаб мекард. Ин хислатҳо дар Аҷзии маърифатпарвар муҷассам буданд. Ҳамчунин маълумот ҳаст, ки ӯ дар ноҳияи Челак (ҳоло Пайариқ) низ мактаби тартиботи нав кушода, ба фарзандони мардуми маҳаллӣ савод омӯхтааст.
Саидаҳмад Сиддиқӣ ҳамчун шоири маърифатпарвар дар шеъру достонҳои худ тартиб ва усулҳои ақибмондаи мактабҳои динии замонашро зери танқид мегирад. Аз ҷумла, ӯ мехост, ки дар мактабҳо барномаҳои таълим ва ҷадвали аниқи дарс ташкил карда шаванд, дар мадрасаҳо мударрисҳои босавод кор кунанд. Ӯ дар ин бора ба Аҳмади Дониш пайравӣ мекард ва орзу дошт, ки давлати Бухоро мисли дигар мамлакатҳои тараққикардаи дунё, аз ҷумла Русия бошад, дар шаҳрҳои марказӣ муассисаи маданӣ ё маърифатӣ ва қироатхонаҳо фаъолият баранд, дар онҳо фарзандони мардуми маҳаллӣ маълумот гирифта тавонанд.
Ин фикрҳои шоир дар он замони пӯсидаи аморати Бухоро, албатта, аҳамияти прогрессивӣ доштанд.
«Аҷзӣ дар давраи Туркистони мустамлика фаҳмида буд, ки дин дар дасти табақаи ҳоким аслиҳаест, ки барои истисмор намудани халқи меҳнаткаш ба онҳо хидмат мекунад. Ва ҳар гоҳе, ки шоир дар бораи руҳониён сухан меронад, вай инчунин хӯҷаинҳои онҳо — бойҳою феодалҳоро низ дар назар дорад. Аз рӯйи гуфти Аҷзӣ бойҳо шахсони бепарво, бераҳм, хасис ва худпарастанд. Ӯ мехост, ки бойҳо низ фаҳманд, ки дониши дунявӣ ҳам барои халқ аҳамиятнок аст», — гуфта буд, олими забардасти илми адабиётшиносӣ, академик Зариф Раҷабов дар асари «Аҷзӣ ва Асирӣ» (Нашриёти давлатии Тоҷикистон. Сталинобод, 1951, саҳ.10). Аммо шоир намефаҳмид, ки амалдорон душмани қаттоли донишҳои дунявӣ буданд. Ин аст, ки Аҷзӣ дар манзумаҳои машҳури «Миръоти ибрат» ва «Анҷумани арвоҳ»-и худ, ки соли 1913 дар Тифлис чоп шудааст, ҳамаи фикрҳои тараққихоҳонаашро рӯйирост, дар баъзе ҳолатҳо ба тарзи хаёлию маҷозӣ ифода кардааст. Гуфтанӣ ҳастем, ки шоир аз зулмоти асорати амирон ва руҳониён халосёбии халқи Бухороро дар ривоҷу равнақ додани илму маданияти дунявии аморат медонист. Бинобар ин, ба Худо илтиҷо карда, чунин мегӯяд:
Худоё, ин васиятҳои моро,
Ба олам фош мекун дар Бухоро.
Аз тарафи дигар, кирдукорҳои ҷосусони буржуазияи англис ва рус шоирро ором намегузоштанд. Зеро онҳо бо истифода аз бесаводии халқи мамлакат  сарватҳои он, аз ҷумла пахта, абрешим, тилло ва ғайраро ғорат мекарданд. Ҳамаи инро Аҷзӣ аз худпарастии амиру амалдорон ва набудани технологияи нав медонист. Ин ҳолатро олими бузурги самарқандӣ Холиқ Мирзозода дар мақолаи «Миръоти ибрат» ва эҷодиёти Аҷзӣ», ки дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шуда буд, чунин эзоҳ медиҳад. «Дар ҳамин мобайн «ҷадид» ном адабиёти нав ба майдон омад. Яке аз намояндагони ин мафкура ва адабиёти он Саидаҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ буд, ки бо «Анҷумани арвоҳ», «Миръоти ибрат» ном достонҳои фантастикӣ ва бо «Айнул адаб» ном маҷмӯаи туркию тоҷикиаш дар адабиёти ҷадид шуҳрат ёфтааст. (Ҳамон маҷалла, 1938 с.2, саҳ. 17).
Достони «Анҷумани арвоҳ», ҳарчанд асари фантастикию хаёлӣ буд, аҳамияти калони прогрессивӣ дошт. Дар он гӯё арвоҳи амири Бухоро Музаффар бо афсӯсу надомат ба халқи мамлакат насиҳат карда мегӯяд, ки агар амир медонист, албатта дар мамлакат илму ирфони дунявиро ривоҷу равнақ медод, мактабу мадрасаҳои нав ба нав сохта, ҷавононро баробари олами ислом бо илмҳои замонавӣ мусаллаҳ мекард: 
Маро ояд дигар ин фикр дар ёд,
Ба вазъи тоза созам даҳр обод.
Лисони давлати ҳамсоягонро,
Низоми ҷумла шоҳони ҷаҳонро,
Ба ҳар ҷо ҳар ҳунар бошад биёрам,
Миёни мардумон онро гузорам.
Бино созам ман аз анвои мактаб,
Кунам ҳосил аз он ҳар гуна матлаб.
Маро он девсурат салладорон,
Ба сурат унс бадфитрат зи шайтон,
Ба гардан ресмони макр бастанд,
Шукӯҳу шаъни султонӣ шикастанд.
Аз мисраъҳои боло маълум мешавад, ки амирро атрофиён нагузоштаанд, ки дар мамлакат баъзе ислоҳоти навро ҷорӣ намояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки Амир Музаффар ҳар сол ба истироҳатгоҳҳои Русия ба фароғат мерафт ва кӯчаҳои равону сангфарш, биноҳои ободу бисёрқабата, кинохонаю театрҳоро бо чашми худ медид. Ӯ бисёр мехост, ки дар Бухоро низ маданияту маърифати нав ҷорӣ кунад. Аммо зердастонаш — сарватмандону амалдорони хурофотпараст ба ин роҳ нагузоштанд.
Пас ин гуна ғояи нав ва услуби маорифпарварӣ ба Сиддиқии Аҷзӣ аз куҷо пайдо шуд? Агар гӯем, ки воқеаҳои таърихии ҳаёти шоир ба ин сабаб шудаанд, хато намешавад. Зеро худи тарҷумаи ҳоли шоир гувоҳӣ медиҳад, ки Аҷзӣ ҳамчун шахси русидон газетаю маҷаллаҳои дар Петроград, Маскав, Қазон ва Оренбург чопшударо ба воситаи дӯстонаш дарёфт мекард ва мунтазам мутолиа менамуд. Ӯ аз адабиёти рус ба хубӣ хабардор буд. Хусусан, ба эҷодиёти Толстой ва Гогол бо ҳавас менигарист. Ҳатто «Шинел» ном повести Гоголро бори аввал ӯ ба забони тоҷикӣ баргардонд. Ҳамаи ин шоирро аз мафкура ва идеяҳои нав хабардор мекарданд.
Бояд гуфт, ки Аҷзӣ ватани азизаш Бухороро хеле дӯст медошт. Ӯ дар шеъру достонҳояш ватанро ба зан-модари ғамхор монанд карда, халқи ранҷбару камбағалро ба ҳар чӣ зудтар саводнок шудан даъват мекард. Аз ин рӯ,  ғояи халқи камбағалро ба илму маориф ҷалб намудан дар тамоми эҷодиёти шоир мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Аҷзӣ бисёр масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти даври худро месанҷад, тағйироти ҷамъиятро меомӯзад, бо масъалаҳои фалсафа ва ахлоқ амиқ машғул мешавад, то дар асарҳояш фикру ақидаҳои худро пурра инъикос карда тавонад. Мувофиқи гуфти шоир одами нодон ва бемаърифат мисли мурда аст. Мактабу маориф ва саводнокӣ ба ҷони инсон неру мебахшад, омӯхтани улуми ҷаҳонӣ шараф аст. Ҳамин башорати Сиддиқӣ имрӯз исботи худро ёфт. Ҳоло фарзандони мо баробари донистани забони модарӣ аз пайи омӯхтани забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ таҳсил мегиранд.
Аз гуфтаҳои болоӣ бармеояд, ки Аҷзӣ баробари шоири мубориз будан, аз амиру уламо истиқрори ҷамъияти навро талаб мекард. Хеле мехост, ки техникаи нав тараққӣ кунад, мардуми шаҳр бофарҳангу маданиятнок бошанд, савияи дониши онҳо баланд шавад. Он вақт онҳо бо воқеаҳои дунё шинос мешаванд, оламро мешиносанд. Шоир дар асарҳояш ишорат мекунад, ки ба воситаи қубурҳои махсус аз дарёи Зарафшон ба шаҳр оби тоза оварда, дар майдони Регистон фаввораҳо сохтан, онро ба гулу гулзор табдил додан, мардумро бо оби нӯшиданӣ таъмин кардан имконпазир аст. Ҳатто ӯ дар ҳамон замон нақшаи бунёд кардани канали Аму — Бухороро тайёр ва обод кардани дашту саҳроҳои беоби Бухороро пешниҳод кард. Аммо амиру амалдорон ин пешниҳодҳои ӯро напазируфтанд. Баръакс, ӯро кофир дониста, ба тазйиқҳои пай дар пай дучор карданд. Барои  достони «Анҷумани арвоҳ» имоми масҷиди Регистон дар намози ҷумъа мардумро ба шӯр оварда, фатво медиҳад, ки «Аҷзиро дореду кушед. Ӯ ғайридин, кофири мутлақ аст. Дар китобаш арвоҳи амирони гузаштаро ба забон даровардааст».
Ё мисоли дигар. Вақте ки модари пиронсолаш вафот мекунад, амин ва имоми деҳа мардумро намемонанд, ки ба ҷанозаи ӯ раванд.
Шоири бечора майити модарашро бо равшанфикроне чун Беҳбудӣ, Шакурӣ Исматулло Раҳматуллозода, шоир Наберахӯҷа ба ароба бор карда, дар мазороти Хоҷа Абдуи Дарун мегӯронанд. Аммо ин хел иғвогарию тазйиқҳои душманон Аҷзиро рӯҳафтода накарданд. Баръакс шоир мусулмони ҳақиқӣ будани худро бо асарҳояш исбот кард. Ӯ ҳоҷӣ буд, панҷ вақт намоз мегузошт, «Қуръон»-ро ҳифз карда, ҳар як асари худро бо номи Худованд оғоз мекард.
Тавре дар қисми аввали мақола хотирнишон шуд, олимони Аҷзишинос дар бораи  фаъолияти шоир бисёр кофтуковҳои илмӣ карда, паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти ӯро нишон додаанд. Аммо аз чӣ бошад, онҳо бисёртар достонҳои «Миръоти ибрат» ва «Анҷумани арвоҳ»-ро таҳқиқ намуда, аксар оид ба эҷодиёти шоир рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Дар матбуоти даврии дирӯзу имрӯз доир ба маҷмӯаҳои «Ганҷинаи ҳикмат» ва «Айнул адаб» маълумоти назаррас дида намешаванд. Ҷавонони маърифатдӯсти имрӯза мехоҳанд бо эҷодиёти пурғановати шоир пурратар шинос шаванд.
Масъалаи дигар он аст, ки Раҷаб Амонов дар китоби «Аҷзӣ ва Асирӣ»-и хеш асарҳои Аҷзиро номбар карда мегӯяд. «Муколимаи фоҷеия» — ин китоб чуноне ки устод Айнӣ мегӯяд, чоп нашудааст. Дар муқоваи охирини достони «Анҷумани арвоҳ» назар афканем, дар он чунин ишорат ҳаст: «Асарҳое, ки дар оянда табъу нашр мешаванд»
«Ганҷинаи ҳикмат» (адабиёти ҷадид, форсӣ) асари Сиддиқӣ.
«Тарҷимаи «Миръоти ибрат» (назм, туркӣ) асари Сиддиқӣ.
«Миръоти ибрат» (назм, форсӣ) асари Сиддиқӣ.
«Айнул адаб» (адабиёти ҷадид) асари Сиддиқӣ.
«Таҷвид» (форсӣ, саволу ҷавоб) асари Сиддиқӣ.
Нигаред, дар ин ҷо «Таҷвид»-и Қуръон номбар шудаасту ягон олим ва тадқиқотчӣ дар мақолаи илмӣ ва ё асари худ дар бораи асари мазкури Аҷзӣ чизе нагуфтаанд. Ҳоло ин асари шоири маърифатпарвар дар бойгонии камина маҳфуз аст. Дар муқоваи аввали китоб чунин навиштаҷотро мехонед:
Мураттиб: Саидаҳмадхоҷаи Сиддиқӣ.
Ношир: Китобхонаи «Зарафшон».
(«Таҷвид ал-Қуръон ал-Маҷид», соли 1915).
Китоби мазкур аз 20 варақ иборат буда, онро чанд сол пеш писари хурдии маърифатпарвар Абдуқодир Шакурӣ, шодравон Нусҳат Абдуқодиров ба ман дода буд. Аз гуфти ӯ маълум шуд, ки ин «Таҷвид»-ро аз дохили сандуқи меросии падараш ёфтааст. Дар рисолаи мазкур бобати дуруст қироат кардани «Қуръон», талаффузи ҳарфҳо маълумоти муфассал додаанд. Аз ҷумла, қисмҳои «дар баёни мадди муттасил», «мадди мунфасил», «дар баёни аҳкоми танвин ва нуни сокин», «идғоми шамсия», ҷамъ дар баёни қариб 40-то қоида ва қонунҳои дуруст хондани «Қуръон» маълумот ҳастанд. Бо истифода аз ин маълумот гуфта метавонем, ки асари «Муколимаи фоҷеия»-и Аҷзӣ низ шояд дар бойгонии Шакурӣ ё Исматулло Раҳматуллозода ё Ҳоҷӣ Муину дигар равшанфикрони самарқандӣ, ки ҳамкору ҳаммаслаки Сиддиқии Аҷзӣ буданд, бошанд.
Хулоса, паҳлӯҳои эҷодиёти ҳанӯз ба мо номаълуми ин шоири маорифпарвар  тадқиқоти ҷиддиро тақозо доранд.

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: