7-8 майи соли равон ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё — як гӯшаи ҳамешабаҳору зебоманзари кишвар аз ҳарвақта дида бештар намои зебову дилрабо касб карда буд.
Дар ин ҷо Фестивали байналхалқии фолклориву этнографии “Баҳори Бойсун” баргузор гардид. Ба оғӯши табиати мафтункор, талу теппаҳо ва фарозиҳои сарсабзу хуррами деҳаи Паданги бештар аз сад ҳазор мардуми маҳаллӣ ва даҳҳо нафар меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик омада буданд. Онҳо аз накҳату нусрати баҳори кӯҳистони Бойсун, рақсу суруд ва таронаҳои дастаҳои фолклорию этнографӣ, тамошои дорбозони моҳиру варзишгарони шуҳратёр баҳраманд шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев дастур додааст, мероси ғании мардуми кишвар, ки аз тарафи созмони бонуфузи ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ эътироф гардидааст, боз ҳам амиқтар мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирад ва ҷанбаҳои илмии он барои ҷавонони имрӯза ва наслҳои нав омӯзонида шавад. Маҳз, баргузории Фестивали байналхалқии фолклориву этнографии “Баҳори Бойсун” дар ин росто аз корҳои амалие муаррифӣ гардид, ки таваҷҷӯҳи мардуми зиёдро дар айни ҳол ба худ ҷалб намудааст.
– Соли 2008 ноҳияи Бойсун ва мероси ғании фарҳангии он ба сифати мероси ғайримоддии фарҳангӣ номнавис гардидааст. Соли гузашта санъати бахшигиро низ ЮНЕСКО ба феҳрасти мероси ғайримоддии фарҳангии репрезентативӣ шомил намуд. Дар ҳар сурат, кишварамон аз чунин манбаъҳои мероси фарҳангӣ хеле саршор мебошад. Ин мавод мусоидат менамояд, ки таваҷҷӯҳи ҳарчи бештари сайёҳон аз чаҳор гӯшаи олам ба кишвари мо ҷалб гардад, – мегӯяд сухангӯи Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон Лола Раҳмонӣ.
Вай меафзояд, ки дар се соли охир бо роҳандозии сафарҳои матбуотии журналистони расонаҳои давлативу хориҷӣ ва блогнависон тавонистанд дар гӯшаҳои гуногуни Ватани азизамон ҳузури онҳоро таъмин кунанд.
Ба таъкиди Лола Раҳмонӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи фарҳанги мардуми кишвар, ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, мероси ғаниву беназири он, инчунин ташкили боздид аз минтақаҳои гуногун, ки маҳз аз бозёфтҳои муҳиму нодири кишварамон маҳсуб меёбанд, салоҳияти туристии Ӯзбекистонро барои сайёҳони маҳалливу хориҷӣ беш аз пеш намоиш хоҳанд дод.
Пас аз чанд соли танаффус имсол тасмим гирифта шуд, ки таваҷҷӯҳи дастаҳои фолклориву этнографии маҳалливу хориҷӣ ба ин гӯшаи дилфиреби Ватанамон аз нав ҷалб карда шавад. Ахиран анъанаҳои пештара дар шакли густардаву доманфарох барқарор гардид ва ин бор меҳмонони зиёд барои ширкат дар он гирд омаданд.
– Ҳоло ин фестивал мақоми байналхалқиро касб намудааст ва дар ду сол як маротиба дар ин гӯшаи зебо ва дилписанд ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Тайи ду рӯз дастаҳои гуногуни фолклориву этнографии шаҳру вилоятҳоямон ва соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин берун аз он барномаҳои ҷолиби худро дар маърази доварону даҳҳо ҳазор тамошобинон қарор доданд, – мегӯяд узви ҳайати доварон, профессори Донишкадаи санъат ва маданияти Ӯзбекистон Ӯрозалӣ Тошматов.
Ба гуфтаи Ӯрозалӣ Тошматов ҳар як баромади дастаҳои ҳунарӣ бо диққати том мушоҳидаву аз ҷониби онҳо одилона арзёбӣ гардид.
– Дар ҷараёни фестивал як гурӯҳ мусаввирон табиати мафтункори ноҳияи Бойсун, хусусан ҳамин минтақаро аз тариқи мӯйқалам ба тасвир кашиданд. Интизор меравад, ки намунаи дастони мӯъҷизаофари онҳо дар ояндаи наздик чандин намоишгоҳи бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро зебу зинат хоҳад бахшид, – мегӯяд устоди Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод, дотсент Иброҳим Абдураҳмонов.
Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Александрос Макаригакис, ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов дар маросими ифтитоҳ гуфтанд, ки ин фестивал як дастоварди хеле муҳим барои аҳли ҳунари кишвари мо мебошад, ки аз тариқи он дастаҳои фолклориву этнографӣ анъанаҳои беҳтарини худро ба маърази тамошо мегузоранд. Бешак, маълум мешавад, ки кадоме аз ин дастаҳо барои намоиши расму ойинҳои суннатӣ ва ҳифзи он саҳми бештар гирифтаанд.
– Мо бори нахуст дар Фестивали байналмилалии фолклорию этнографии “Баҳори Бойсун” бо як намоишномаи хоси худ ширкат кардем. Намоишнома “Маросими гаҳворабандон” унвон гирифта буд ва анъанаҳои марбут ба ин суннати мардумиро дар худ инъикос менамуд. Дар он як гурӯҳ ҳунарпешаҳои Театри давлатии драмаи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд низ ширкат намуданд. Ин намоишномаи моро аъзои доварон хеле хуб арзёбӣ карданд. Дар қисмати натиҷагирии фестивал ҷойи дуюм насиби гурӯҳи мо гардид. Мо бо дуюним ҳазор доллари амрикоӣ ва туҳфаҳои зиёди хотиравӣ сарфароз гардонда шудем, – мегӯяд роҳбари бадеии дастаи фолклорӣ-этнографии “Бибиҳо”-и вилояти Суғд, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева.
Ба гуфтаи ӯ “Бибиҳо” аз ҳунармандони варзида ташкил ёфтааст. Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Неъматҷон Дӯстматов ва Малоҳат Абдушукурова, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Шаҳодат Ҷӯраева, овозхонҳо Малика Эргашева, Офият Масаидова, Тоҷинисо Ниёзова, Мирзоумар Аҳмадов, ҷавони доирадаст Шероз Каримов ва чанд тан ҳунарпешаҳо дар ин ҷо санъату ҳунари волои худро ба хубӣ намоиш доданд.
Ногуфта намонад, ки ҷойи аввалро мизбонон – дастаи фолклорию этнографии “Бойсун”-и вилояти Сурхондарё ишғол намуд ва бо 3 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд. Инчунин, дастаи “Ҷӯраҳо”-и вилояти Хоразм, дастаи “Оқ масҷид”-и Қароқалпоқистон, дастаи “Ибрат”-и Қирғизистон ва дастаи “Навоӣ”-и вилояти Навоӣ ҷойҳои ифтихории ин фестивалро ишғол намуданд.
– Дар фестивали “Баҳори Бойсун” Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё дар радифи марказҳои дигари вилоят саҳми шоиста гирифт. Як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тирмиз дар доираи ин фестивал хаймаи хоси идона барпо карданд ва дохили онро бо аксу суратҳои алломаҳои тоҷик ва як идда фарҳангсолорон зиннат доданд. Дар пеширӯи хайма намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ ташкил намуданд, – изҳор кард раиси марказ, профессори Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев.
Ба гуфтаи ӯ тараннуми шеъру таронаҳои тоҷикии як гурӯҳ шогирдонаш мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони зиёд қарор гирифт. Онҳо чанд лаҳза аз ин базму тараб лаззат бурданд.
– Бори аввал ба ин фестивал омадаву баромади дастаҳои фолклорӣ-этнографии гуногунро аз наздик тамошо кардам. Гузашта аз ин, дар чаҳорчӯби фестивал ҳунармандони зиёд маҳсулоти худро дар ин ҷо барои харидорон пешниҳод намудаанд, ки ҳар фард аз рӯйи эҳтиёҷ маҳсули дилхоҳи худро аз онҳо харидорӣ мекард, – мегӯяд меҳмон аз вилояти Андиҷон Раҳматҷон Қурбонов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
Олимҷон ПАНҶИЗОДА,
мухбирони “Овози тоҷик”.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.