Тавассути дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ шунидани гуфтугӯҳои телефонӣ, анҷом додани кофтуковҳо ва дигар ҳаракатҳои мурофиавӣ муҷоизаи электронӣ додан мумкин аст.
Дар доираи парвандаҳои ҷиноӣ дар Ӯзбекистон тартиби додани иҷозати электронӣ барои иҷрои баъзе ҳаракатҳои муроифавӣ ҷорӣ карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи Барномаи давлатии соли 2024, сухан дар бораи гӯш кардани гуфтугӯҳо, ки тавассути телефон ва дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ сурат мегирад, гузаронидани кофтуковҳо, сабти ирсоли почтаву телеграф ва дигар ҳаракатҳои муроифавӣ меравад.
Иҷозати электронӣ дар ҳолатҳои марбут ба сирри давлатӣ ва дигар маълумоти бо қонун ҳифзшаванда дода намешавад.
Тибқи ин тарҳ, чунин пешниҳод аз ҷониби сарпрокуратура, суди олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва вазорати адлия дохил карда шудааст.
Муҳокимаи ҷамоатии лоиҳаи Барномаи давлатӣ то 14 феврал идома хоҳад кард.