ДАСТОВАРДҲОИ МАКТАБ

Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 37-уми ноҳияи Фурқат дар мавзӯи «Самаранокии истифодаи усулҳои эҷодӣ дар роҳнамоии хонандагон ба касбу ҳунар» семинари намоишиву амалӣ баргузор намуд.

Ин семинар дар доираи лоиҳаи миллии «Макони сабз» сурат гирифт.

Иштирокчиёни семинар аввал бо майдончаҳои сабзу хуррами ин мактаб шинос шуданд. Баъд дар майдони он 80 бех чормағз, 72 бех бодом ва зиёда аз 50 бех дарахтони ороишӣ шинонданд. Ҳамзамон 24 гектар замини бекорхобида обод ва дар он 130 бех ангур шинонда шуд. Интизор меравад, ки дар мактаб зиёда аз 9 ҳазор бех ниҳоли санавбари Қрим ва 6 ҳазор бех гули садбарг низ парвариш карда хоҳад шуд.
Дар ҷараёни семинар ба иштирокчиёни он маълум карданд, ки як гурӯҳ шогирдони 32 нафар омӯзгорони соҳибихтисоси мактаб дар озмуну олимпиадаҳои гуногун натиҷаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд. Аз ҷумла, дастаи ин мактаб дар марҳилаи ноҳиявии озмуни «Мактаби беҳтарин оид ба таълими забонҳои хориҷӣ» ҷойи якумро ишғол намуда, ба маблағи 100 миллион сӯм соҳиби мукофот шудааст. 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: