ё худ оё «Овози тоҷик» шиносномаи мавҷудияти мо нест?
Моҳи декабри соли гузашта дар сомонаҳои иҷтимоиву шумораҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» доир ба обуна чандин мақола нашр гардид. Дар бораи соли равон таҷлил шудани 100-солагии рӯзномаи ҷумҳуриявӣ низ хабарҳо дарҷ шуданд. Аз ин рӯ умед буд, ки теъдоди обуна ба он меафзояд. Аммо ин бор ҳам «тушбераро хом шумурда будаем».
Инак шумораҳои якум ва дуюми «Овози тоҷик» дастраси мардум гардид. Нахуст бо умеди зиёд ба адади нашр чашм давондам. Назар андохтаму боварам намеомад. Чӣ мегӯед, ки он ҳамагӣ 242 адад буд. Дар Ӯзбекистон фақат 242 нафар (?)тоҷики асил будааст... Ҳама аз тоҷик будани худ ифтихор карда ҳарф мезанем:
Нагуфта надорад касе бо ту кор,
Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр.
Пас чӣ гуна мактабҳои тоҷикӣ баста нашаванд? Зиёда аз панҷ ҳазор омӯзгор бо ҳамин забони шевову гуворо ба шогирдон сабақ меомӯзанд. Онҳо забони модарии худ, «алла»-и модарро фаромӯш кардаанд? Роҳбароне, ки дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият доранд, ба куҷо нигоҳ мекунанд? Ба фикрам, онҳо барои мансаб аз забони худ рӯй гардонидаанд. Ин шармандагист! Имрӯз мо ворисони ростини гузаштагони худ нестем. Онҳо дар арсаи таърих барои ин забону миллат корнамоиву ҷонбозиҳо кардаанд. Мо-чӣ? Нафси мо, молу ҷоҳпарастиҳоямон моро ба як хоки сияҳ баробар кардааст. Тоҷикон кӣ буданду имрӯз кистанд? Вой бар ҳоли мо! Аз деҳаи мо, ки қариб чаҳор ҳазор аҳолӣ дорад, 26 нафар ба ин рӯзнома обуна шуданд ва ин кор давом дорад. Ин, албатта, кам аст, вале дар қиёс бо дигар ноҳияву вилоятҳо ҳаргиз натиҷаи бад нест. Тоторҳои Қрим барои он ки рӯзномаашон баста нагардад, ҳар кадом ба 10-20 нусха обуна мешудаанд. Босниягиҳо чунин ақида доштаанд: «Барои он, ки сазовори биҳишт гардӣ, бояд забони форсиро донӣ». Ташаккури зиёд ба кормандони рӯзнома – онҳо бо вуҷуди дастгирӣ наёфтану ҷонибдорӣ накардани соҳибзабонон қаҳрамонона кор мекунанд.
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст...
– гуфтаанд. Мо ба ин фармудаи Шайх Саъдӣ амал кардему бас. Боқӣ, Худо инсоф диҳад.
Сулаймон СОДИҚ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.