Президенти Ӯзбекистон ҳайати ИА-ро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон ҳайати ИА-ро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон ҳайати ИА-ро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон ҳайати ИА-ро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 январ ҳайати вакилони Иттиҳоди Аврупоро бо сардории ноиби президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас кабул кард.

Дар оғози суҳбат намояндаи воломақоми Иттиҳоди Аврупо ба муносибати 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба сарвари давлатамон саломи гарму самимӣ ва орзуҳои неки сарвари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишелро расонд.

Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи шарикии бисёрҷанба бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтани ҳамкориҳо дар солҳои охир бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Сафари Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ба Ӯзбекистон, ду мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси Самарқанд оид ба робитаҳои байниҳамдигарӣ бомуваффақият баргузор гардид.

"Харитаи роҳ"-и муштарак оид ба амиқсозии равобити байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ татбиқ мегардад. Оид ба ташкили ҳамоиши якуми "Осиёи Марказӣ – ИА" дар Ӯзбекистон кор идома дорад.

Дар охири моҳи январ Форуми бузурги сармоягузорон дар Брюссел баргузор мешавад, ки ҳадафи он таҳкими робитаи нақлиёт ва коммуникатсия байни ду минтақа мебошад.

Ҳаҷми савдои мутақобилаи байни Ӯзбекистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо босуръат афзоиш ёфта, соли гузашта 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар соҳаҳои баландтехнологии иқтисодиёт бо иштироки ширкатҳои пешбари аврупоӣ лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ татбиқ карда мешаванд. Муҳлати амали сабукиҳои тиҷоратии ИА барои Ӯзбекистон дароз карда шуд.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла оид ба расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: