ҚУЛЛАИ ФАРҲАНГ

Вақте Бухоро гуфтем, шаҳри шариф, муқаддас ва нурафшоне пеши назарамон падидор мегардад, ки ба рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо ҳамроҳ карда, фарҳанги дунявиро бо дурдонаҳои бебаҳо ғановатманд сохтааст.

Бухоро Моҳи Хосасту Ситора,
Бухоро гӯиё хуршедпора!
Бухорое, ки з-он рӯшандилиҳост,
Тамаддуни башарро – гоҳвора.
Исмоили Сомонӣ ва Наршахӣ, Имом Бухорӣ ва Абдухолиқи Ғиҷдувонӣ, Ориф ар-Ревгарӣ ва Анҷир Фағнавӣ, Ар-Рометанӣ ва Бобои Самосӣ, Саййид Мир Кулол ва Баҳоуддини Нақшбанд...
Чӣ қадар инсонҳои бузург ва шахсиятҳои нотакрорро гаҳвораи ноз гардид ва дар оғӯши меҳр парварду ба тамаддуни башарӣ тақдим сохт ин шаҳри файзнок. Инсонҳои муътабар, аз қабили шоирон, олимон, муаррихон, муҳаддисону фаҳеқон, ки ҳар яке мавқеи хос дар китоби маърифату фарҳанг доранд, маҳз аз Бухоро баромадаанд ё дар Бухоро касби камол намудаанд, фикр мекунем гоҳо. Рӯихати ин гуна шахсиятҳои номдор – худ як китоб!
Ибни Сино, ки яке аз рамзҳои тибби ҷаҳон, пири комили табибони Машриқзамин аст, низ зода ва парвардаи Бухорост.
Гулободӣ, дилободӣ, Бухоро,
Ту шаҳри илму эҷодӣ, Бухоро.
Биҷӯяд то илоҷи дарди дунё,
Ба дунё Буалӣ додӣ, Бухоро.
Қофиласолори назм Рӯдакиро натанҳо форсигӯёни дунё, балки мардуми шарқ чун пири хирад эътироф месозанд. «Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон аст», гуфта буд Кисоӣ.
Бо шарофати як қасидаи Рӯдакӣ, ки дар он радифи «ояд ҳаме» такрор мегардад, Ҷӯи Мулиён воқеъ дар Бухоро ҳанӯз маълум ва машҳур.
Бухоро, Рӯдакӣ шеъри равонат,
Суруди ӯ – суруди ҷовидонат.
Ба гӯши ҷонам ашъори тари ӯ,
Расонад бӯи Ҷӯи Мулиёнат.
Ва гумоне Ҷӯи Мулиён бештар аз даҳ аср инҷониб маҳз шеъри тари Рӯдакии бузургворро такрор ба такрор замзама менамояд.
Бухоро, ки аз муқаддасшаҳрҳост ва инсонҳои муътабар зиёд дар он кору зиндагӣ кардаанд, дар ҳар қадами он – як зиёратгоҳ. Ҳар зиёратгоҳ – осори атиқа.
Калонманор гӯё шоҳсатрат,
Зи гулҳои Лаби Ҳавз ояд атрат.
Ту қасри дину оинҳои покӣ,
Чаҳор устун, Бухоро, Чор Бакрат!
Толибони илм аз кишварҳои Шарқ ба Бухоро меомаданд. Дар мадрасаҳои он таълим гирифтан муҷиби ифтихор буд.
Дамидӣ ҳамчу субҳи тозаи илм,
Дамондӣ чор сӯ овозаи илм,
Гумонам, ёздаҳ дарвозаат буд,
Бухоро, ёздаҳ дарвозаи илм.
Бухоро аз қадим баробари Шарқ эътибори Ғарбро низ ба худ мекашид. Ин буд аврупоиён ҳанӯз дар асрҳои миёна Бухороро «Шаҳр-музей» меномиданд.
Бухоро дафтари шеъру таронаст,
Равон дар кӯчаҳои он фасонаст.
Бухоро – гӯшаи таърихи зинда,
Зи таърихи куҳан осорхонаст. 
Сайёҳоне, ки ба ин ҷо омадаанд, бо таассуроти калон баргашта, сафарномаҳои ҷолиб навиштаанд. Сайёҳи испаниягӣ Моратинос ин тавр қайд кардааст: «Ин маскани куҳна аз худаш нури аҷибе паҳн мекунад, таҷаллии он саҳаргоҳон дар баландии манорҳо акс ёфта, ба қалби бинанда ҳарорат мебахшад».
Нур аз куҷо паҳн мешавад, манбаи зиё чӣ аст, ба ҳамаамон маълум. Худи Бухоро – як зиё, номи ин шаҳри шариф – рамзи нур ва равшанӣ.
Бухоро, субҳи ту субҳи тилоист,
Таҷаллӣ дар ту умри босафоест.
Туӣ саршор аз нури Илоҳӣ,
К-аз он ҷону дили мо рӯшноист.
Бухоро, чун ҳамаи шаҳрҳо, шоҳиди таърихи умумибашарист. Вале чунин ба назар мерасад, баъди воқеаҳои соли нуздаҳсаду ҳабдаҳ, аниқтараш 1-2 сентябри соли 1920 ин шаҳри шариф ҷабри инсонҳои касиф бештар кашид. Ҳам аз замин, ҳам аз ҳаво бомбаборон гашт. Бойигариҳоро тороҷ сохтанд. Ёдгориҳои мӯъҷизаомез ба харобаҳо табдил ёфтанд.
Бухоро замоне шаҳрёрон,
Ҳамекарданд гӯё шеърборон.
Вале бо ҳукми чанде нобакорон
Бухоро шуд дучори тирборон.
Вале аҳли Бухоро азму иродат аз даст надод. Бо шарофати дигаргуниҳое, ки рӯй доданд, ба барқарорӣ рӯй овард. Файз баргашт ба он. Нур баргашт. Хайру шарофат баргашт. Лаклакҳо, ки нопадид шуда буданд, низ ба Бухоро баргаштанд:
Ба ту ҳам илм, ҳам эҷод баргашт,
Ба ту барпову ҳам бунёд баргашт.
Даромад файз – бикшо боли парвоз,
Бухоро, бар ту лаклакҳот баргашт!
Баъд аз Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сеюмин шаҳри муқаддаси ислом эътироф гардидани Бухоро ба аксарияти мо маълум. «Ҳаҷи хурд» низ мегӯянд Бухороро ва боумед, бо як ҷаҳон ихлосу эътиқод онро зиёрат мекунанд. Бухорои шариф, ҳамин тавр, рамзи нур ва равшанӣ дар дунёи ислом.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шаҳри Бухоро барои соли 2020 чун пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид ва бори дигар собит шуд, ки ин шаҳри шариф дар дунёи ислом мақом ва ҷойгоҳи фавқулоддаро соҳиб аст.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: