Сароянда, оҳангсоз ва мусиқори барҷаста Содирхон Ҳофиз, ки 175-солагиаш таҷлил мегардад, баробар бо Ҳоҷӣ Абдулазиз, Домулло Ҳалим Ибодов, Тӯйчӣ Ҳофиз ва дигар намояндагони барҷастаи мусиқии классикиамон “Шашмақом”-ро равнақи тоза бахшид.
Вай,аз ҷумла, “Ушшоқ”, “Гулёр”, “Дилхарош”, «Талқин», Сегоҳи ду”, “Сегоҳи се”, “Савти Уфар”, “Гиря”, «Чоргоҳ», “Муноҷот” барин суруду мақомҳои “Шашмақом”-ро бо маҳорати хос ба иҷро мерасонд. Зода ва парвардаи Хуҷандро мардуми Самарқанду Бухоро, Қӯқанду Фарғона ва Тошканд писандида, маъракаҳои худро бо иштирокаш мегузаронданд. Соли 1909 Илҳом ном шахс, ки дар асл чойхоначӣ буду мухлиси ашаддии таронаҳои Содирхон, як қатор сурудҳояшро ба пластинка сабт кунонда бошад, соли 1912 ширкати “Гофман” дар Қӯқанд 12 пластинкаи ӯро дастраси умум гардонд.
Содирхон Ҳофиз ғазалиёти Алишери Навоиро дӯст медошт. Онҳоро ба оҳанг медаровард ва месуруд. Туркзабонҳо “Муҳайяр”, “Зебопарӣ” ва “Авҷи турк” барин таронаҳояшро бештар ҳаводорӣ мекарданд. Аз байни ӯзбекон низ шогирдҳо дошт. Аксарияти онҳое, ки аснои муаллимиаш дар Институти тадқиқотии мусиқишиносии Ӯзбекистон (солҳои 1928-1930) таълими ӯ гирифтаанд, тавфиқ ёфта ва дар ин сарзамин шарафи мусиқии миллиро баланд бардоштаанд.
Ҳанӯз соли 1946 дар Душанбе “Асарҳои мунтахаби Содирхон” ном рисолаи мусиқии ӯ ба табъ расида буд, ки барои дӯстдорони “Шашмақом”, алалхусус навмашқоне, ки онро фаро гирифтанианд, ҳанӯз аҳамияти худро гум накардааст.
Падари Содирхон як косиби оддӣ буду халос. Вале ба мусиқии аҷдод шавқи беандоза дошт. Дар кулбаи фақиронаи вай воқеъ дар маҳаллаи Қӯшбегии Хуҷанд алоқамандон ва мухлисони шеъру наво гирд омада, то дер базмороӣ сохта, айни замон шавқу ҳаваси ҷавононро ба “Шашмақом”, ки дурдонаи мусиқии аҷдод аст, бедор менамуданд. Содирхони он вақт хеле ҷавон бо зеҳни тезу ҳушмандӣ ва маҳорати хуби навозандагию овозхонӣ эътибори иштирокдорони маҳфилро ба худ мекашид. Бузургхонтӯра ном дуторнавози машҳур, ки гули сари сабади нишастҳо ҳисоб меёфт, ӯро ба шогирдӣ пазируфт. Содирхон баробари дуторнавозӣ аз вай, бинобар он ки овози ширадор ҳам дошт, асрори овозхонӣ омӯхт.
Баъдтар аз Кошиф ном шахсияти он вақтҳо шинохта, ки чун шоир ва мусиқидон ном бароварда буд, танбӯрнавозиро низ ёд гирифт. Дар синни сӣ аз сафи онҳое ҷой гирифт, ки чун ҳофиз ва мусиқор байни мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маълум ва машҳуранд.
Таҳти таъсири ҳофизони бузурги давр ва истеъдоди фитриву худомӯзиҳо Содирхон Ҳофиз дар Хуҷанди бостон мактаби ба худ хоси навозандагию сарояндагӣ ташкил кард. Як қатор сурудҳои “Шашмақом” дар иҷрои ӯ бо рангу тароват, ҷаззобию дилкашӣ, муассириву рӯҳафзоӣ фарқ карда меистоданд. Авҷи сурудҳое, ки вай иҷро мекард, ба нозуктарин торҳои қалби шунаванда нохун мезад, вуҷудашро аз ҳаяҷон лабрез менамуд. Дар гузаштан аз савти паст ба баланд ва баръакс, аз савти баланд ба паст гузаштан, ки мушкилиҳои ба худ хос дорад, низ маҳорат нишон медод. Бо як лаҳни гуворо ва дилпазир дурудароз садо бароварданро овози “шикамӣ” мегӯянд. “Шиками”-ҳои Содирхон, айни замон, шунавандаро мафтун мекард, аз қудрати тембри овози ӯ дарак медод. Ба ифодаи дигар, баланду хушоҳанг месуруд ӯ. Ба таъкиди мусиқишиносҳо, диапазонаш васеъ буду тембраш лирикӣ. Асосан бар матни шоирони классикии форс-тоҷик суруд мехонд. Таълим медод, ки барои ҳофиз шудан танҳо овози хуб ва ширадор доштан кифоя нест. Маҳорати баланди овозхониро низ бояд молик буд. Танҳо ҳамоне дар ин ҷода тавфиқ меёбад, ки баробари истеъдоди худодод доштан, бо азму иродаи қавӣ болои худ кор кунад, аз меҳнат ва душвориҳо наҳаросад, устоддида ва таълимгирифта бошад.
Санъатшиносон ба хулосае омадаанд, ки қисмате аз офаридаҳои Содирхон Ҳофизро метавон осори вокалӣ номид. Вай муаллифи якчанд оҳанги ҷолиб буда, қисме аз онҳо ҳамроҳ бо номи муаллиф зикр мешаванд, масалан, “Ушшоқи Содирхон”, “Уфари Содирхон”, “Уфари сабти Содирхон”, “Дилхароши Содирхон” ва ҳоказо.
Навъе дар боло ишора рафт, Содирхон Ҳофиз дар солҳои пирӣ ором нанишаст, ҳунари волои худро ба ҷавонон омӯзонд. Фаъолияти ӯ дар идораю муассисаҳои мусиқии Тоҷикистону Ӯзбекистон самаранок гузашт. Онҳое низ ӯро устоди худ мешумурданд, ки бевосита таълимаш нагирифта бошанд ҳам, ба вай пайравӣ кардаанд. Маъруфхоҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳанифа Мавлонова, Ҷӯрабек Муродов барин сарояндагони забардаст анъанаҳои овозхонии ӯро дар давраҳои нави таърихӣ идома бахшиданд. Аз байни бонувон, хусусан, Меҳрӣ Исҳоқбоева ва Малоҳат Додобоева ба тарзу услуби сарояндагии ӯ содиқ монда, рӯҳашро шод кардаанд.
Сарояндаи маъруф Малоҳат Додобоева, ки бо доираҳои мусиқии Ӯзбекистон робитаи наздик дошт, набера ҳисоб меёфт Содирхон Ҳофизи бузургворро. Вай низ бо ду забон месароид, дар равнақи мусиқии ду бародархалқ қадри тавон саҳм мегузошт.
Ба навозандагию овозхонии нотакрори Содирхон Ҳофиз алоқамандони соҳа аз Урупо низ таваҷҷуҳ кардаанд. Солҳои 1903, 1905, 1908, 1910 ҳайати экспедитсионии махсуси Ширкати сабти овози Рига, соли 1909 яке аз фирмаҳои англисӣ беҳтарин сурудҳои Содирхон Ҳофизро ба қартаҳо сабт ва ба фурӯш баровардаанд. Мегӯянд, ки мусиқор ва овозхон аз Хуҷанди бостон дар Афғонистон, Туркия, Ироқ ва Эрон ҳам шунаванда дошт.
Бузургдошти ӯ, яъне абадӣ гардондани хотираи Содирхон Ҳофиз (Бобошарифов) аз умри бардавоми суруд ва фанонопазирии рӯзгори маънавии инсонҳои накӯном дарак медиҳад.
Коллеҷи санъати Хуҷанд ва яке аз кӯчаҳо дар “Тирози Ҷаҳон” ба номи ӯ гузошта шудааст. Таҳти рукни “Навоҳои абадзинда” офаридаҳои рӯҳнавозу ҷаззоби “Булбули Хуҷанд” ҳоло низ дар мавҷи ҳаво болу пар зада, дилҳои ба мусиқии классикӣ ошноро ба худ ром мекунанд.
М. ШОДИЕВ.