МЕҲРУБОН – ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДА

Хонандаи мактаби рақами 39-уми ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд Меҳрубон Мардонова ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик гардид.

Муаллимаи пуртаҷриба Ирода Давронова аз зафари шогирдаш, ки Меҳрубонро ба қувваозмоии фикрӣ тайёр кардааст, шод аст. Ҷамоаи мактаб, тарбиятгарон, мардуми маҳаллаи Андиҷонӣ ва фарҳангпешагони ноҳия бо номи ин устоду шогирд ифтихор дорад.
Озмуни фаннӣ дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё доир гашт. Дар он ҷо ғайр аз фанни забон ва адабиёти тоҷик аз фанҳои таърих, информатика ва технологияҳои ахбор ва ҷуғрофия  қувваозмоӣ шуда гузашт. Шогирдони мактабҳои ноҳияи мо аз рӯйи ин фанҳо низ пирӯзиҳо ба даст оварданд. 
Ба Меҳрубон ва хонандагони дигари пирӯзгаштаву устодони онҳо ин муваффақият муборак бод!

Дилрабо НАСИМӢ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: