Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ин байти пурмаънии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз, одатан, дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ, иди касбии омӯзгорон ва мавридҳое, ки байни аҳли зиё сухан аз омӯзгор ва меҳнати сангини ӯ меравад, садо медиҳад. Воқеан, аз дониши омӯзгорони асил, ки асосҳои илмро ба насли ҷавон меомӯзанд, торикиҳои зеҳн рӯшан мешавад, агар онҳо дар ҷаҳон набошанд, аз бедонишӣ рӯзгори мардум тира мегардад, ҷаҳолат, хусумат, зӯроварӣ, фиребгарӣ авҷ мегирад, бародар даст ба гиребони бародар мебарад, зиндагии ниминсонию нимҳайвонӣ оғоз меёбад... Ҳадафи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ин байт омӯзгори асилест, ки аз фанни худ вуқуфи комил дорад, усулу равишҳои таълиму тарбияро хуб медонад.
Ҳар сол Президенти мамлакат омӯзгоронро бо иди касбиашон табрик менамояд, дар табрикоти ӯ, дар баробари суханони шодбошӣ, андешаҳое ифода меёбанд, ки моҳияти тарбиявӣ доранд. Аз ҷумла, дар табрикоти имсолаи ӯ омадааст: «Муаллими имрӯз бояд мутахассиси ҳамаҷониба бошад, на фақат омӯзонад, балки худаш низ омӯзад, яъне аз болои худ кор кунад, ба дониши худ афзояд. Аз ҳама муҳимаш, омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад».Танҳо омӯзгори асиле, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар назар дошт, метавонад мутахассиси ҳамаҷониба бошад, омӯзонад ва омӯзад, ватанпарварони ҳақиқӣ низ ҳаминҳоянд.
Агар гӯем, ки дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ ва олӣ, дар баробари омӯзгорони асил, омӯзгорони ғайриасил низ кору фаъолият доранд, аксарият тасдиқ менамоянд. Омӯзгорони ғайриасил «омӯзгорон»-еянд, ки ба ивази пора муассисаҳои таълими олии омӯзгориро хатм намудаанд. Бигузор, зарари ба давлату ҷамъият расонда истодани онҳоро мутахассисон ҳисоб кунанд.
Озодии сухан ба ҷамъияти мо таконе бахшид. Ба қавли сарвари мамлакатамон, «ислоҳоте, ки ба таъмини озодии сухан нигаронида шуда буданд, тӯли се сол дар ҳаёти иҷтимоӣ сабаби гардишҳои куллӣ гардиданд». Озодии сухан водор карда истодааст, ки шахсони мансабдор кору фаъолияти худро дар доираи қонун роҳандозӣ намоянд.
Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи дунё нишон медиҳад, ки онҳо ислоҳотро аз кӯдакистон, мактабҳои миёна ва олӣ, ки шахсияту кадрҳои ояндаро ташаккул медиҳанд, сар карда будаанд. Дар он кишварҳо ба мутахассис, ки зиндагии бароҳатро таъмин менамояд, арҷ гузошта мешавад.
Чанд сол қабл иттифоқ афтода буд, ки инҷониб бо шарқшиноси ҷопоние, ки ба забони мо балад буд, аз ҳар боб суҳбат кунам. Дар рафти суҳбат пурсидам, ки чӣ дараҷаи илмӣ дорад. Гуфт: «Ба дунболи дараҷаи илмӣ мегардам. Дар мо, агар кори илмии олим ба хоҷагии халқ ё пешрафти ҷамъият фоида набахшад, дараҷаю унвон намедиҳанд. Олимоне ҳастанд, ки бо вуҷуди ковишҳои зиёд, то поёни умр дараҷаю унвон гирифтан насибашон намегардад».
Ин ҷавоб корҳои илмии олимони моро пеши назар овард. Дар кишвари мо ҳар нафаре, ки ба кӯчаи илм ворид шавад, сарфи назар аз он, ки кори илмиаш чӣ қимате дорад, соҳиби дараҷаю унвон мегардад.
Воқеан, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, тӯли се соли охир дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла соҳаи таълим, гардишҳои куллӣ, метавон гуфт, инқилобӣ рӯй доданд. Агар ин сиёсати оқилона идома пайдо кунад, баъди се соли дигар ҳаёти мо хеле дигаргун мешавад. Мардум натиҷаи ислоҳотро дар сари зиндагиаш хоҳад дид.
Метавон гуфт, ки як қатор фармону қарорҳои созандаи сарвари мамлакат «Дар бораи такмил додани тартиби гузарондани озмоишҳои дохилшавии тестӣ ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ», аз 5 сентябри соли 2018, «Дар бораи қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2018-2019», аз 4 июни соли 2018, «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани низоми пардохти меҳнати кормандони муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотии ҷумҳурӣ», аз 5 апрели соли 2018, «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакатамон татбиқ мешаванд», аз 5 июни соли 2018, «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани низоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси санҷишҳои тестӣ», «Дар бораи ҷорӣ кардани низоми муттасил баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ва педагогии муассисаҳои таълими олӣ», аз 27 августи соли 2019, дар низоми таълими олӣ гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд. Онҳо ҳоло ба дастуруламали муассисаҳои таълими олӣ табдил ёфтаанд.
Ҳамагон огоҳанд, ки роҳбари давлатамон бо академикони Фарҳангистони улум ва олимони саршиноси кишварамон вохӯрда доир ба вазъи таълиму тарбия табодули афкор намуда буд. Дар он суҳбати ошкоро мушкилоти зиёди соҳа ҳаллу фасл гардиданд. Баъди ин суҳбат ба муассисаҳои таълими томактабӣ рӯйи эътибор гардонда шуд, низоми 11-солаи таълим ҷорӣ гардид, ба фаъолияти коллеҷҳои касбу ҳунар ва литсейҳои академӣ баҳои сазовор дода шуд, дар соҳаи таълими олӣ ислоҳот оғоз ёфтанд.
Кор аз дастгирӣ ва рағбатноксозии онҳое шурӯъ гардид, ки дар муассисаҳои таълими миёна ва олӣ хидмат мекунанд. Маоши кормандони соҳа ба таври эҳсосшаванда зиёд карда шуд. Ин ҷо суоле табиӣ пеш меояд, ки дар муассисаҳои таълими олӣ муносибати омӯзгорону профессорон ба кор то куҷо тағйир ёфт? Сатҳи дониши онҳо то куҷост? Оё дар кори омода кардани мутахассисони коршоям, ки рушду пешрафти мамлакат ба донишу малакаи онҳо иртиботи ногусастанӣ дорад, намеланганд? Дареғ, ки ба ин суолҳо наметавон ҷавоби мушаххас дод.
– Зиёд гардидани маоши омӯзгорон ва профессорони муассисаҳои таълими олӣ ба масъулияти онҳо афзуд, – мегӯяд устоди Донишкадаи молияи Тошканд, доктори илмҳои филологӣ Нишонбой Ҳусанов. – Муносибат ба кор билкул тағйир ёфт. Устодони муассисаҳои таълими олӣ, ба фикрам, амиқ дарк намуданд, ки қарору фармонҳои сарвари мамлакатамон доир ба беҳсозии сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ба рушду пешрафти мамлакат нигаронида шудаанд. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки мо бояд ба кадрҳои оянда, ки дар муассисаҳои таълими олӣ тайёр карда мешаванд, эътибори ҷиддӣ диҳем.
Дуруст мегӯяд ӯ, қарору фармонҳои сарвари мамлакат ба низоми таълим дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ ва олӣ такони нав бахшид. Омӯзгорони мактабҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ, олӣ ва хонандагону донишҷӯён аз ҳама гуна «корҳои ҷамъиятӣ»-ю «ҳашарҳо» озод карда шуданд. Омӯзгорон акнун бояд омӯзанд ва омӯзонанд, толибилмон ва донишҷӯён ба дунболи илм раванд.
– Қарору фармонҳои Президенти мамлакат доир ба беҳбуди низоми таълим дар муассисаҳои таълими олӣ тамоми кормандони соҳаро ба назари тоза афкандан ба кору фаъолияти худ водор намуд, чашмашонро кушод, – мегӯяд дотсенти Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд Самад Неъматов. – Мо бояд бештар омӯзем ва омӯзонем. Агар эътибор дода бошед, сарвари давлатамон вақте доир ба мушкили ин ё он соҳа ҳарф мезанад, доим зарурати таҷрибаи мамлакатҳои пешқадамро ёдрас менамояд. Ман фикр мекунам, ки корбурди беҳтарин механизмҳои кори муассисаҳои таълими олии кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон моро комёб мегардонад.
Оре, дар поёни роҳи пешгирифтаи мамлакати демокративу ҳуқуқбунёди мо манзили ободест, ки шаҳрвандони огоҳаш дар он манзил по ба пойи шаҳрвандони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рафта метавонанд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».