МЕҲНАТИ НИМАСРИНАИ МУАЛЛИМА ҚАДР ЁФТ

Бонувон модари мушфиқу меҳрубон, кадбонуи хонадон, сарфагари сари оташдон, сариштаи зиндагиву насиҳатгуйи рӯзгори мо ҳастанд.

 Дасти пуробилаи модарон аз умри пурмашаққати умри онҳо  дарак медиҳад. Ба қавле, онҳо бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро меҷунбонанд.
Қаҳрамони лавҳаи мо, барандаи озмун-азназаргузаронии миллии ҷумҳуриявии «Бонуи сол», омӯзгори тоифаи олӣ Рӯзигул Орзуқулова чилу ҳашт сол боз аз пайи ин пеша нон мехӯрад.
– Ман зодаи деҳаи Пораштам. Бачагиям ҳам дар онҷо сипарӣ шудааст, – ба хотир меоварад Рӯзигул. 
– Дар панҷсолагӣ аз падар ятим мондам. Маро амакам Умурбек парасторӣ кард. Мактаби зодгоҳамро бо медали тилло хатм карда, барои идомаи таҳсил саъй намудам. Дар ибтидо хонаводагиҳо розӣ нашуданд. Дар он аҳд (солҳои ҳафтодуми қарни сипаригардида) барои таҳсили духтарон дар омӯзишгоҳу мактабҳои олӣ чандон розигӣ намедоданд. Зеро мушкилоти ба шаҳр рафта таҳсил карданро ба инобат мегирифтанд, ки ман аз ин ҳаргиз наранҷидаам.
Вале баъди он, ки Рӯзигул ҳадафашро назди наздикон матраҳ кард, яъне гуфт, ки хонда, боз омада дар мактаби деҳа ба толибилмон дарс медиҳад, онҳо розигӣ доданд. Солҳои 1974-76 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Ҷиззах хонда, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ гардид. Ӯро ба мактаби рақами 25-уми ноҳияи Шароф Рашидови ҳозира (он вақт Ҷиззах ном дошт) ба кор фиристоданд. Бо тақозои сарнавишт ба деҳа барнагашт. Оила бунёд кард. Бо кумаку дастгирии наздикони шавҳараш дар факултаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах таҳсил гирифт. То соли 2004 дар як мактаб кор карда, сипас ба мактаби рақами 26-уми шаҳри Ҷиззах гузашт.
Аз соли 2004 то ҳол дар ин мактаб кору фаъолият дорад.
Маълум аст, ки ҳар сол чун анъана озмун-азназаргузаронии миллӣ таҳти унвони «Бонуи сол» гузаронида мешавад. Ин ва як озмуни дигар «Фаъоли баробарии гендерӣ» бевосита бо ибтикори Сенати Олий Маҷлис ва Кумитаи оила ва бонувони ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ки барои дар ҷомеа таъмин намудани баробарҳуқуқӣ, рӯйи об баровардани салоҳияту таъмин сохтани ҳифзи ҳуқуқи бонувон равона гардидаанд.
Имсол марҳилаи аввали озмун-азназаргузаронӣ моҳ-ҳои октябр-ноябр шуда гузашт. Дар он беш аз се ҳазор бонувон ширкат ҷустанд ва аз рӯйи се шарт қувва озмуданд.
Дар марҳилаи ҷумҳуриявии ин озмун-азназаргузаронӣ  омӯзгори тоифаи олӣ Рӯзигул Орзуқулова дастболо шуд ва аз номи Президент ҳамчун ҷоиза мошини сабукравро туҳфа гирифт.
– Ҳангоми аз дасти раиси Сенат Танзила Норбоева калиди мошин – ин мукофоти олиро мегирифтам, чашмонам аз ғояти хурсандӣ пури ашк шуданд, – мегӯяд Рӯзигул. – Пеши назарам меҳнати сангини чилуҳаштсола, мушкилиҳои зиндагӣ, шодиву ғамҳоям падид омаданд. Танҳо:
«Ба ҳамаатон ташаккур! Аз Сарвари давлат, муҳтарам Шавкат Мирзиёев  миннатдорам!», – гуфта тавонистам.
Дарвоқеъ, то ба ин марҳила расидан осон набуд. Ҳоло барои дар ҷомеа ба омӯзгору пешаи пуршарафи омӯзгорӣ эътиборро афзудан шахсан Сарвари давлат саъй менамояд. Дар соҳа ислоҳоти зиёд татбиқ мешаванд.
Баъди вафоти бемаҳали ҳамсараш тамоми мушкилиҳои зиндагӣ бар дӯши Рӯзигул афтоданд. Чор писару ду духтарро ба камол расонд. Ҳамаи онҳо, ҳатто келинҳояш ҳам, соҳиби ин ё он ихтисосанд. 
Албатта, баъди дарёфти ин пирӯзӣ журналистон аз ҳамаи расонаҳо омада, муаллимаро сидқан табрик гуфтанд. То ҳол менависанд. Сардабири маҷаллаи бонувон «Саодат», шоираи ширинкалом Мунаввара Усмонова аз ҷумла гуфт: 
– Хуб шуд, ки барои нашрияи мо ҳам қаҳрамонҳои арзанда ёфт шуданд. Хушбахтона, ҳафтод дар сади иштироккунандагони озмун-азназаргузарониҳои «Бонуи сол» ва «Фаъоли баробарии гендерӣ» бонувони омӯзгоранд. Ин аз он далолат медиҳад, ки барои насли ояндаи ҷомеа бонувон таълиму тарбия медиҳанд, ба дили наврасону ҷавонон меҳри модарона ато менамоянд.
Ба ин гуфтаҳои ҳаққонӣ наметавон чизе зам кард.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: