МИНБАЪД ЗАМИН ФАҚАТ ДАР САВДОИ МУЗОЯДА ФУРӮХТА Ё ХУД БА ИҶОРА ДОДА МЕШАВАД

Халқи мо «Ери бойнинг эли бой» («Мардуми сарзамини сарватманд сарватманд мешаванд») мегӯяд.

Халқи мо «Ери бойнинг эли бой» («Мардуми сарзамини сарватманд сарватманд мешаванд») мегӯяд. Ин беҳуда нест. Дар замири ин ҳикмат маънои зиёд ҳаст. Воқеан замин мардумро мехӯронад, мепушонад. Аз ин бармеояд, ки мо бояд заминро эҳтиёт кунем, аз ҳар порчаи он самарабахш истифода барем, ба қадри неъматҳои табиӣ бирасем.
Солҳои охир ба истифодаи оқилона аз ин захираҳо ва ҳифз кардани онҳо, таъмин кардани қонун дар соҳаи муносибат бо замин эътибори зиёд дода мешавад, ки бесабаб нест. Мақсади ниҳоӣ аз тариқи ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ дар тақсим кардани замин баробариву шаффофиятро таъмин кардан, заминро ба соҳибони аслии он додан мебошад.
Агар гӯем, ки фармони роҳбари давлат «Дар бораи баробариву таъмин кардани шаффофият дар муносибат бо замин, ҳифзи боварибахши ҳуқуқҳои оид ба замин ва табдил додани онҳо ба сармояҳои бозаргонӣ» барои ҳаллу фасл кардани муаммоҳои тақсими замин ба сифати ҳуҷҷати муҳим хизмат хоҳад кард, муболиға намешавад.
Ҳангоми бо матни фармон шинос шудан ман амин гардидам, ки он яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими солҳои охир дар бораи истифодаи замин эълоншуда мебошад. Зеро ин ҳуҷҷат ба ҳаллу фасли нуқсонҳое, ки ба пешрафти соҳа монеа мешаванд, нигаронида шудааст, барои аз байн бардоштани ин муаммоҳо хидмат мекунад.
Чунончи, аз 1 августи соли 2021 қитъаҳои замин ба секторҳои хусусӣ – дар пояи ҳуқуқи мулк ва иҷора ба мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон дар асоси ҳуқуқ барои истифодаи доимӣ дода мешавад, ки орзуву омоли аксарият буд.
Заминҳое, ки барои хоҷагии қишлоқ пешбинӣ гардидаанд, мувофиқи ҷамъбасти озмуни кушоди электронӣ, ки натиҷаҳои онҳо аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, қарори ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тасдиқ шудаанд, тақсим карда мешаванд.
Агар дар ёд дошта бошед, аз соли ҷорӣ низоми ба ҷавонон тақсим кардани майдони заминҳо ба роҳ монда шуда буд. Низоми мазкур дар муддати кӯтохи сипаришуда худро пурра сафед кард. Дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар ҷавонон – писарону духтарон дар маҳалҳо соҳиби кор, соҳиби манбаи даромад гардиданд. Минбаъд барои идома додани корҳои мазкур, дар асоси таҷрибае, ки дар Сурхондарё оғоз ёфт, ба аҳолии бекор заминҳои хоҷагии қишлоқ барои бо деҳқонӣ машғул шудан ба муддати 10 сол барои иҷора дода мешавад, ки фикр мекунам, қарори оқилона аст.
Бешубҳа, эътибори ҷиддӣ ба ин ҷараён беҳуда нест. Зеро дар байни захираҳое, ки инъоми табиат мебошанд, замин мақоми махсуси ҳуқуқӣ дорад. Яъне минбаъд заминро ба соҳиби ҳақиқӣ – ба халқ дода, бояд якҷо бо ҳокимон, роҳбарони секторҳо кам кардани кадом майдонҳои пахта ва ғалларо аниқ кунем, барои ба аҳолии бекор додани онҳо чораҳои зарурӣ андешем.
Бо як сухан аҳамияти фармони мазкур бояд дар байни аҳолӣ васеъ тарғибу ташвиқ карда шавад, бояд дар маҳалҳо барои таъмин кардани иҷрои он фаъол иштирок намуд, ҷудо кардан ва истифода бурдани майдонҳои заминро таҳти назорат гирифт. Зеро истифодаи оқилона аз ҳар як ваҷаб замине, ки манбаи зисту зиндагӣ мебошад, кафолати барқарории иқтисодӣ ба шумор меравад.

Одинахон ОТАХОНОВА,
узви Кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва хоҷагии оби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: