Бо мақсади рушди минбаъдаи шарикии давлатию хусусӣ дар муассисаҳои таълими томактабӣ бо роҳи дастгирии шарикии давлатию хусусӣ дар соҳаи таълими томактабӣ ва таъмин кардани фарогирии васеътари кӯдакон бо таълими томактабӣ:
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки:
бо мақсади рушди минбаъдаи шарикии давлатию хусусӣ дар соҳаи таълими томактабӣ дар солҳои 2018-2019 вомҳои Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар ҳаҷми 200,0 миллион доллари ИМА ҷалб карда шуданд;
аз ҳисоби ин қарзҳо аз 1412 созишномаи шарикии давлатию хусусӣ (минбаъд – созишномаҳо) бинобар 992 оид ба таъсиси ташкилотҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ барои 140,1 ҳазор ҷой, ки байни Вазорати таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шарикони хусусӣ ба имзо расидаанд, қарзҳои имтиёзнок маблағгузорӣ шуданд;
дар доираи 100 созишнома аз 420 шарики хусусӣ 25 фоиз ва аз он бештари ҳаҷми корҳо оид ба ташкил, сохтмон, таҷдид, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии созмонҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ (минбаъд – ташкили муассисаҳои таълимии томактабӣ) ба анҷом расонида шудааст.
2. Пешниҳодҳои Вазорати таҳсилоти томактабӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои дар тартиби муқарраргардида маблағгузории қарзҳо аз рӯи созишномаҳо бо мақсади идома додани барномаи созмон додани муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
а) Вазорати молия дар муҳлати то 1 марти соли 2020 дар доираи маблағҳои дар Буҷаи давлатӣ барои соли 2020 барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо тибқи дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинишуда барои маблағгузории қарзҳо оид ба созишномаҳо 182 миллиард сӯм ҷудо кунад, ки мутобиқи он то 1 декабри соли 2019 корҳо оид ба созмон додани муассисаҳои таълими томактабӣ ба андозаи на камтар аз 25 фоиз ба анҷом расонида шаванд. Бо ин, қарзҳо ба мӯҳлати 15 сол, аз ҷумла бо имтиёзнокии се сол бо меъёри 1 фоизи солона дода мешаванд.
б) вомҳои оид ба беш аз 300 муоҳидаҳое, ки дар солҳои 2018-2019 имзо шудаанд:
дар шаҳрҳои Тошканд ва Нуқус, дар марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳрҳои тобеи вилоят, ки дар замимаи №1 нишон дода шудааст, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла дар давраи сесолаи имтиёзнок бинобар миқдори 12 фоизи солона;
дар марказҳои маъмурии ноҳияҳо – ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла бо давраи имтиёзноки сесола бинобар миқдори 8 фоизи солона;
дар дигар ҳудудҳои ноҳияҳо ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла бо давраи сесолаи имтиёзнок бинобар миқдори 5 фоизи солона ҷудо карда мешаванд;
дар соли 2020 аз ҳисоби вомҳо (заёмҳо)-и имтиёзноки идораҳои байналхалқии молиявӣ, ки ба мақсадҳои мазкур ҷалб карда мешаванд, бо маблағ таъмин карда мешаванд;
в) вомҳо бинобар муоҳидаҳое, ки дар соли 2021 ва солҳои минбаъда имзо шудаанд:
мувофиқи миқдори фоизӣ, ки аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ мустақилона муқаррар карда мешаванд, ҷудо карда мешаванд;
аз ҳисоби вомҳо (заёмҳо)-и имтиёзноки идораҳои байналхалқии молиявӣ ва қарзи асосие, ки ба шарикони хусусӣ бинобар вомҳое, ки пештар барои бунёди муассисаҳои томактабии таълимӣ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ҷудо карда шудаанд, бо маблағ таъмин карда мешавад;
г) вомҳо бинобар муоҳидаҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда дар солҳои 2018-2019 имзо шуданд ва бо маблағ таъмин нагардидаанд, ҳамчунин шартномаҳое, ки солҳои минбаъда ба имзо расидаанд, аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ пас аз пурра иҷро шудан (харид гардидан)-и онҳо аз ҷониби шарикони хусусӣ аз ҳисоби маблағҳои худии барои корҳо (молҳо)-и зарурӣ, ки дар шартномаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, бо маблағ таъмин карда мешаванд.
4. Муайян карда шавад, ки:
фоизҳои аз ҷониби шарикони хусусӣ бинобар вомҳо пардохтшуда, ки дар зербоби «а»-и боби 3-юми қарори мазкур пешбинӣ гардидааст, пурра дар ихтиёри бонкҳои тиҷоратии хидматрасонанда боқӣ мемонанд;
2 фоизи миқдори фоизии шарикони хусусӣ бинобар вомҳо, ки дар зербоби «б»-и боби 3-юми қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ихтиёри бонкҳои тиҷоратӣ мемонанд, қисми боқимонда ба даромади буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил карда мешавад.
5. Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати таълими томактабӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати дар солҳои 2020-2021 ҷалб намудани вомҳо (заёмҳо)-и имтиёзноки идораҳои байналхалқии молиявӣ барои бунёди созмонҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ чораҳо андешад.
6. Ба Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
якҷо бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба бунёди созмонҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ дар пояи шарикии давлативу хусусӣ ба тартиби афзалиятнок дар шаҳрҳои Тошканд ва Нуқус, шаҳрҳои тобеи вилоят, ҳамчунин марказҳои маъмурии вилоятҳо ва ноҳияҳо эътибор диҳад;
иқтидор ва фарогирии созмонҳои минтақавии таълими томактабӣ омӯхта, талабот ба ҷойҳои иловагии созмонҳои нав ва дарамали таълими ғайридавлатии мактабӣ бо назардошти миқдори аҳолие, ки дар минтақаи дахлдор зисту зиндагӣ мекунанд, мушаххас карда шавад;
дар соли 2020-ум ва солҳои минбаъда ба имзо расонидани муоҳидаҳо куллан дар ҳудуди маблағҳое, ки дар ҳисобсурати хазинаи махсус кушодашуда ҷамъ омадаанд, аз ҳисоби вомҳо (заёмҳо)-е, ки аз идораҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб гардидаанд ва қарзҳои аосие, ки ба шарикони хусусӣ бинобар вомҳои пештар барои бунёди созмонҳои таълими томактабӣ дар пояи шарикии давлативу хусусӣ ҷудо карда шудаанд, баргардонида мешавад, таъмин карда шавад.
7. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки баргузор кардани мониторинги мунтазам оид ба истифодаи мақсаднок ва самарабахши вомҳое, ки ба шарикони хусусӣ ҷудо карда шудаанд, ҳамчунин субсидияҳои буҷавие, ки барои ташкилотҳои таълими томактабӣ ҷудо гардидаанд, ба роҳ монад.
8. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 апрели соли 2018 №ҚП-3651 «Дар бораи чораҳои минбаъд рағбатноксозӣ ва инкишоф додани низоми таълими томактабӣ» мувофиқи замимаи №2 тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
9. Ба Вазорати таълими томактабӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф ворид намояд.
10. Тартиби зерини иҷрои қарори мазкур муқаррар карда шавад:
ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири молия Ҷ. А. Қӯчқоров – иҷрои босифат, пурра ва саривақтии қарори мазкурро таъмин кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳоеро, ки барои татбиқ намудани чораҳои муқарраршуда масъул мебошанд, самарабахш ба роҳ монад ва ҳамоҳанг созад, дар ҳар як чоряки сол ҳисоботи роҳбарони онҳоро дар бораи корҳои иҷрошуда қабул намояд, нуқсонҳои ошкоршударо саривақт бартараф созад;
ба вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. В. Шин супурда мешавад, ки бобати саривақт ба имзо расонидан ва татбиқ намудани муоҳидаҳо дар доираи маблағҳои ҷамъшуда тадбирҳои зарурӣ қабул кунад, ба шарикони хусусӣ барои гирифтани вомҳои имтиёзнок кӯмак расонад, кори гузаронидани мониторинги мунтазамро барои аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ иҷро шудани талаботи муоҳидаҳо ба роҳ монад, ба созмонҳои масъул бобати саривақт ва босифат татбиқ намудани вазифаҳое, ки дар қарори мазкур мушаххас шудаанд, бо дар ҳар чоряки сол ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кардани маълумот доир ба иҷрои онҳо кӯмакҳои амалӣ расонад;
ба роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои масъул супурда мешавад, ки бобати фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ оид ба рушди шарикии хусусӣ дар соҳаи таълими томактабӣ ва саривақт, босифату пурра иҷро гардидани чорабиниҳое, ки дар қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, тамоми чораҳоро амалӣ намоянд;
ба директори генералии Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон А. К. Кӯчимов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон А. Д. Хоҷаев, ҳамчунин ба директори Оҷонсии матбуот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда мешавад, ки мақолаҳо, брифингҳо, конфронсҳои матбуотӣ, барномаҳои мавзӯии телевизиониро оид ба равшан кардани мазмуну моҳият, ҳамчунин аҳамияти амалии қарори мазкур омода ва баргузор кунанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
30 январи соли 2020.