ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИҶЛОСИЯИ 78-УМИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ НУТҚ КАРД

19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти умумисиёсии иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералии СММ оғоз ёфт, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маърӯза кард.

Дар рӯзи аввали мулоқот, ки таҳти роҳбарии раиси иҷлосия Деннис Фрэнсис баргузор шуд, Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш, сарони давлатҳои аъзо – Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луиз Инасиу да Силва, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса, Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, ҳамчунин сарони давлатҳои дигар иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маърӯзаи худ зарурати нигоҳ доштани рӯҳи ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои амалӣ, муттаҳид кардани кишварҳо дар пояи он, ки манфиатҳои умумӣ аз зиддиятҳои мавҷуда волотаранд, изҳор дошт.
– Соли гузашта мо ташаббуси ҳамдилии Самарқандро барои амният ва шукуфоии умумӣ пеш гузошта будем. Мақсади асосии мо ин дарки амиқи масъулият барои имрӯз ва ояндаи кишварҳову халқҳо, ба мулоқоти ҷаҳонӣ ҷалб сохтани тамоми ҷонибҳое, ки ба ҳамкориҳои ошкорову пурмуҳтаво омода мебошанд, – гуфт сарвари Ӯзбекистон.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Анҷумани соли оянда бо ташаббуси Котиби Генералии СММ баргузоршаванда ба ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи пешрафти байналхалқӣ ва минтақавӣ, минбаъд баланд бардоштани таъсир ва нуфузи Созмон хидмат хоҳад кард.
Роҳбари давлати мо ба ислоҳоти васеъмиқёсу бебозгаште, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, махсус таваққуф намуд, як қатор ташаббусҳое, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳои бағоят рӯзмарраи рӯзномаи умумӣ ва минтақавӣ нигаронида шудаанд, пешниҳод кард.
Зикр шуд, ки дар Ӯзбекистон гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ бобати навсозии Сарқонун афзалиятҳои пешрафтро мушаххас намуд. Дар пояи ҳуқуқӣ қабул шудани Стратегияи рушди «Ӯзбекистон – 2030» бо Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ҳамоҳанг мебошад.
Президенти Ӯзбекистон изҳор дошт, ки бо вуҷуди таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мамлакати мо рушди муттасили афзоишро намоиш медиҳад. Тӯли шаш соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ним баробар афзуд. Ҳадафи асосӣ то соли 2030-юм ду баробар зиёд кардани ин нишондиҳанда мебошад.
Боз як вазифаи афзалиятнок дар роҳи озодкунии иқтисодиёт ин дар ояндаи наздиктарин узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо шудан мебошад.
Ба шарофати сиёсате, ки ба баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудааст, аз соли 2017-ум дараҷаи нодорӣ дар мамлакат ду баробар коҳиш ёфт. То соли 2030-юм то ба 7 фоиз кам кардани он пешбинӣ мегардад.
– Ташаббуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид «Акселератори ҷаҳонии созмон додани ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ»-ро дастгирӣ менамоем. Дар доираи он барои мубодилаи таҷриба пешниҳод мекунам, ки соли 2024 дар кишвари мо таҳти роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид Конфронси умумиҷаҳонии «Ҳифзи иҷтимоӣ: роҳ ба сӯйи рушди устувор» гузаронида шавад, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.
Ба иштирокдорони ҷамъомад бинобар натиҷаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва куллан манъ шудани меҳнати иҷборӣ ва бачагона дар мамлакати мо маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки тӯли садсолаи гузашта миллионҳо одамон дар Ӯзбекистон ба пахтакориву ҷамъоварии он маҷбур буданд, ҳоло ҳамаи ин аз байн рафт ва халқ аз ғуломии пахта куллан озод карда шуд.
Тавре ки Президент таъкид намуд, рушди капитали инсонӣ ва тарбияи насли ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои стратегиест, ки Ӯзбекистон дар назди худ гузоштааст.
Аз ин нуқтаи назар солҳои охир таҷрибаи зиёд ҷамъ омад, куллан тағйир додани низоми таълим татбиқ карда мешавад. Тӯли шаш соли охир ба таълими томактабӣ фаро гирифтан аз 21 ба 70 фоиз, фарогирӣ бо таълими олӣ бошад, аз 9 то 38 фоиз афзуд. То соли 2030-юм барои он ки ҳар як бача ба кӯдакистон ҷалб карда шавад ва ҳар кадом хатмкунандаи мактаб дар мактаби олӣ хонад, имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд.
Роҳбари давлат таъкид сохт, ки солҳои охир дар Осиёи Марказӣ муҳити некҳамсоягӣ, эътидол, ҳамкории тарафайн қарор ёфт.
Ба шарофати саъю кӯшишҳои муштараки Ӯзбекистон ва тамоми кишварҳои ҳамсоя ҳаллу фасли бисёр мушкилоти вобаста ба сарҳадҳои давлатӣ, гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва истифода аз об ҳаллу фасл шуданд.
Савдои тарафайни байни кишварҳои минтақа дуюним баробар афзуд, миқдори корхонаҳои муштарак бошад, панҷ баробар зиёд гардид. Минтақа маркази рушди иқтисодӣ, пули нақлиётиву коммуникатсионие мегардад, ки Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷанубро муттаҳид месозад.
Изҳори бовар карда шуд, ки бо дастгирии ҷомеаи байналхалқӣ Осиёи Марказӣ минбаъд низ бо роҳи ҳамгароӣ пеш меравад. Ба минтақаи осуда ва шукуфон табдил додани он мақсади афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон боқӣ мемонад.
Қайд гардид, дар минтақае, ки анқариб нисфи аҳолиаш ҷавонон мебошанд, масъалаҳои вобаста ба насли ҷавон ва татбиқ сохтани иқтидори ӯ аҳамияти бағоят муҳим доранд.
Барои муқаррар намудани ҳамкории самарабахш дар соҳаи мазкур бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои махсуси он пешниҳод шуд, ки гурӯҳи кории кумакрасонӣ ба рушди ҷавонони Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад ва барномаи «Масоили ҷавонони Осиёи Марказӣ – 2030» коркард гардад.
Ба сифати яке аз масъалаҳои маданӣ иштироки занон дар идораи корҳои ҷомеа ва давлат мушаххас карда шуд.
– Мақсади неке, ки дар пояи сиёсати миллии мо бинобар ин соҳа нуҳуфтааст, ин таъмин сохтани мустаҳкамии оила, ҳифзи ҳуқуқ ва некуҳолии занон мебошад, – таъкид кард сарвари Ӯзбекистон.
Манфиатдорӣ аз вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ бо сохтори «СММ – Занон» изҳор гардид, ба сифати ташаббуси муштарак пешниҳод шуд, ки соли оянда дар Ӯзбекистон Анҷумани бонувони Осиё барои баррасии масъалаҳои татбиқ сохтани иқтидори созандагии онҳо ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи мазкур гузаронида шавад.
Вазъияти ҷиддии экологӣ ва пурзӯр шудани бӯҳрони  ҷаҳониро, ки бинобар тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунрангии биологӣ ва муфлисшавии муҳити атроф ба миён омадаанд, зикр карда, Президент қайд сохт, ки Осиёи Марказӣ дар рӯ ба рӯи ин таҳдидҳо аз ҷумлаи минтақаҳои заиф мебошад.
Дар бораи саъю кӯшишҳое, ки Ӯзбекистон бобати аз байн бардоштани оқибатҳои фоҷиаи Арал меандешад, аз хусуси таъсири нохуши тағйирёбии иқлим дар минтақаи мо ва анъанаи коҳишёбии таъминот бо об маълумот дода шуд.
Бо дарназардошти вазъияти мазкур таъсис додани вазифаи Намояндаи махсуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об, ташкил намудани Платформаи технологияҳои каммасрафи об дар Осиёи Марказӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мунтазам дар доираи Барномаи рушди «сабз», ки дар минтақа қабул шудааст, дастгирӣ гардид.
– Вобаста ба ин таъсис додани «Мулоқоти иқлими Осиёи Марказӣ»-ро мувофиқи мақсад медонам. Мо бо ташаббуси қабул кардани баённомаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид «Осиёи Марказӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои ҷаҳонии иқлим: ҳамраъйӣ барои шукуфоии умумӣ» баромад мекунем. Пешниҳод мекунем, ки қоидаҳои асосии он дар анҷумани байналхалқии оид ба иқлим, ки соли оянда дар Самарқанд баргузор мегардад, баррасӣ карда шавад.
Роҳбари давлати мо ҳамчунин ба фаъол кардани саъю кӯшишҳои муштарак оид ба пешгирии паҳншавии экстремизм ва радикализатсияи ҷавонон таваққуф намуд.
Таъкид шуд, ки дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба аксуламал ба экстремизм ва терроризм бобати ба ҳаёти муътадил баргардондан ва ба ҷомеа мувофиқ сохтани ашхосе, ки таҳти таъсири ғояҳои экстремистӣ қарор доштанд, эътибори махсус дода мешавад. Панҷ ҳайати инсонпарварии «Меҳр» баргузор гардид ва дар доираи он беш аз 530 шаҳрвандон, пеш аз ҳама занону бачагон аз минтақаҳои зиддиятҳои мусаллаҳ ба мамлакат баргардонда шуданд.
Барои идома додани ин кор мо таҳти васояти Идораи зиддитеррористии СММ баҳри созмон додани Шӯрои минтақавии экспертӣ оид ба кори мунтазам бо онҳое, ки аз минтақаҳои амалиёти ҳарбӣ баргаштаанд, қадамҳои амалӣ гузоштем, – гуфт Президент.
Ғайр аз ин сарвари Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба ҳодисаҳои тоқатнопазирии динӣ ва исломофобия, ки солҳои охир дар баъзе мамлакатҳо мушоҳида мешаванд, роҳ дода нашавад.
Ба мақсади дар олам пеш бурдани ғояҳои ҳамдилии байнидинӣ ва ҳамраъйӣ пешниҳод гардид, ки дар Ӯзбекистон таҳти васояти ЮНЕСКО Маркази байналхалқии мулоқот ва кушодадилии байнидинӣ созмон дода шавад.
Ба мақсади амиқ кушода додани моҳияти инсонпарварии ислом ташаббуси соли 2024 дар Ӯзбекистон гузаронидани Конфронси байналхалқӣ дар мавзӯи «Ислом – дини сулҳу салоҳ ва некуӣ» пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки амнияти байналхалқӣ ба ҷараёнҳое, ки дар Афғонистон мегузаранд, бевосита алоқаманд мебошад. Дар ин мамлакат вазъияти нав ба миён омадааст, ки муносибати махсусро тақозо дорад. Напазируфтан, танҳо гузоштан ва ҷорӣ намудани санксияҳо аҳволи халқи оддии Афғонистонро мушкилтар мекунанд.
Бо зикри он ки кумакҳои инсонпарварона ба халқи Афғонистон набояд суст карда шаванд, Президент ба коркарди механизмҳои зарурии ҳаллу фасли мушкилоти ҷиддии иҷтимоии ин мамлакат сафарбар намудани пулҳои байналхалқии боздошташудаи Афғонистон даъват кард. 
– Ба мо Афғонистони осуда ва дорои эътидол зарур аст, ки дар равандҳои ҳамкориҳои минтақавӣ иштирок мекунад ва барои шарикии муфиди тарафайн бо ҳамсоягону кишварҳои дигар кушода аст, – таъкид сохт роҳбари давлати мо.
Президенти Ӯзбекистон аз минбари баланди СММ баромад карда, ҷомеаи ҷаҳонро даъват намуд, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон муттаҳид шаванд ва таҳти роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид мавқеи ҳамҷиҳату пурмуҳтаворо бинобар ин масъала кор карда бароянд.
Дар анҷоми нутқ қайд шуд, ки алҳол эътимод, ҳамдилӣ ва ҳамкории тарафайн беш аз пеш зарур мебошанд.
Омода будани Ӯзбекистон ба амиқсозии шарикии васеъ ва дарозмуҳлат бо идораҳои Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми давлатҳо бори дигар таъкид гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: