ПЕШРАФТЕ, КИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БА ДАСТ ОВАРД, ДАР ҶАҲОН БОИСИ АКСИ САДОИ ЗИЁД МЕГАРДАД

13 октябр бо аксар овозҳо дар иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ дар Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон (ШҲИ) барои солҳои 2021-2023 интихоб шудани Ӯзбекистонро сарони ҳайатҳои дипломатие, ки дар кишвари мо номнавис шудаанд ва бузургтарин оҷонсии иттилоотии Латвия LETA шарҳу эзоҳ медиҳанд.

13 октябр бо аксар овозҳо дар иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ дар Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон (ШҲИ) барои солҳои 2021-2023 интихоб шудани Ӯзбекистонро сарони ҳайатҳои дипломатие, ки дар кишвари мо номнавис шудаанд ва бузургтарин оҷонсии иттилоотии Латвия LETA шарҳу эзоҳ медиҳанд.

Коргузори доимии СММ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳелена ФРЕЙЗЕР дар саҳифаи Twitter чунин шодбошӣ кардааст:
– Ҷамоаи Намояндагии СММ Ӯзбекистонро ба муносибати ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон интихоб шуданаш муборакбод менамояд, – қайд мекунад Ҳелена Фрейзер. – Аъзои ШҲИ бовар доранд, ки меъёрҳои олӣ бобати пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон риоя мешаванд. СММ кори Ҳукумати Ӯзбекистонро бинобар татбиқ сохтани ин амалҳо ва амалӣ намудани Стратегияи миллиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон бесаброна интизор аст.
Сафири Украина Микола ДОРОШЕНКО:
– Ба муносибати интихоб шудани аъзои нав ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки дар байни онҳо Украина ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ҳастанд, мехостам муҳимияти ин воқеаро, ки натиҷаи баҳои мусбии ҷомеаи ҷаҳон ба саъю кӯшишҳои кишварҳои мо дар соҳаи таъмин сохтани ҳуқуқи инсон амалӣ мешаванд, таъкид кунам.
Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон дар байни кишварҳои даъвогари Осиё аз ҳама бештар овоз гирифта, бори аввал узви ШҲИ гардид.
Таъмин кардани ҳуқуқи инсон ҷузви муҳими сиёсати ислоҳоте гардид, ки роҳбарияти Ӯзбекистон солҳои охир татбиқ менамояд.
Дар Ӯзбекистон бобати таҳкими пойгоҳи қонунгузорӣ ва ташкиливу ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, пазируфтани меъёрҳои байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи инсон дар қонунгузории миллӣ корҳои мунтазам амалӣ мешаванд, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқии оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хеле фаъол гардиданд.
Дар роҳи рушди минбаъдаи соҳаи мазкур аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев тасдиқ шудани Стратегияи миллии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқи инсон ва «Харитаи амалиёт» оид ба татбиқ сохтани ин Стратегияи миллӣ қадами муҳим гардид.
Мувофиқи Стратегияи миллӣ мақсад ва вазифаҳои зиёд мушаххас шуданд, ки ҳаллу фасли онҳо барои пешрафти ислоҳот дар Ӯзбекистон рӯзмарра ба шумор меравад ва иҷрои он имкон медиҳад ҳаёти ҳар кадом сокини Ӯзбекистон беҳтар шавад.
Узвияти кишварҳо ба Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон ба зиммаи онҳо ӯҳдадориҳои иловагӣ бор мекунад, бояд барои риоя кардани меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқии таъмини ҳуқуқи инсон намуна гардид, ки он дар зарурияти такмил додани сиёсати худии соҳаи мазкур ҳавасмандсозии муҳим ба шумор меравад. Мехостам муҳимияти таъмин намудани озодии расонаҳои ахбори оммавиро, ки кафили рушди демократии ҷомеа маҳсуб меёбад, махсус таъкид намоям.
Ҷониби Украина ба ҳамкории минбаъдаи тарафайн бо Ӯзбекистон дар соҳаи таъмин сохтани ҳуқуқи инсон ҳам дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва ҳам дар пояи дуҷониба омода мебошад.
Бовар дорам, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои муштараки кишварҳоямон дар доираи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мо метавонем бинобар таъмин сохтани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла муваффақ шудан ба иҷрои қарорҳое, ки пештар дар доираи мақомоти СММ қабул шудаанд, ба натиҷаҳои мусбат расем.
Сафири Тоҷикистон Содиқ ИМОМӣ:
– Ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ШҲИ) барои солҳои 2021-2023 интихоб шудани Ӯзбекистон дар ҷараёни интихоботе, ки  13 октябр дар чаҳорчӯбаи иҷлосияи ҷашнии 75-умини Ассамблеяи генералии СММ баргузор гардид, дар ҳаёти сиёсии Ӯзбекистон ҳодисаи муҳими таърихӣ шуд.
Ин комёбӣ ба шарофати аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ эътироф гардидани дигаргуниҳои васеъмиқёси сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар мамлакат, ки роҳбарияти Ӯзбекистон татбиқ менамояд, имконпазир шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Ӯзбекистони дӯст ва бародарро ба ин сохтори бонуфузи байналхалқӣ  бо хушнудӣ қабул кард ва самимона муборакбод менамояд.
Узвияти Ӯзбекисон ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла барои Тоҷикистон, бобати пешбурди манфиат ва ташаббусҳои умумӣ дар соҳаи мазкур аҳамияти калон дорад.
Президенти Бунёди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии «Marmara Grubu» (Marmara Grubu Stratejik ve Sosyal Arastirmalar Vakfi), доктор Аккан СУВЕР:
– Алҳол чорабиниҳои маҷмӯие, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданду барои сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи муқтадири шаҳрвандӣ, пурзӯр кардани нақши расонаҳои ахбори оммавӣ бинобар таъмин намудани ҳуқуқи инсон ва мақоми сазовор пайдо кардани мамлакат дар ҷомеаи байналхалқӣ нигаронида шудаанд, бағоят назаррас мебошанд.
Пешрафте, ки Ӯзбекистон дар соҳаи таъмин сохтани ҳуқуқи инсон муваффақ шуд, дар хориҷа акси садои зиёд пайдо кард. Аз ҷумла, намояндагони муассисаҳои ҷамъиятиву сиёсии Туркия ва давлатҳои дигар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ро, ки ҷаҳиши мамлакатро ба дараҷаи сифатан нави инкишоф пешбинӣ менамояд, баланд арзёбӣ мекунанд. Аз ин ҷиҳат Веб-анҷумани байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ҷавонони соли 2020: якдилии умумӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон», ки 12-13 августи соли равон дар Самарқанд баргузор шуд, аҳамияти махсуси амалӣ ва рамзӣ дорад.
Ба ин маънӣ номзадии худро ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021-2023 пешбарӣ кардани Ӯзбекистон иқдоми нав гардид. Барои интихоб кардани Ӯзбекистон дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ШҲИ) 169 давлат овоз дод. Бояд таъкид намуд, ки пешбарии номзадии ҷумҳурии шумо ба ШҲИ дар Барномаи давлатӣ доир ба татбиқ сохтани Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти бартариноки рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев қабул шуда буд, зикр гардидааст.
Бинобар натиҷаи овоздиҳии пӯшида ва дар шароити рақобати ҷиддӣ Ӯзбекистон овози бештари давлатҳои узвро дар гурӯҳи кишварҳои Минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ба даст овард ва ба ШҲИ барои  се соли минбаъда, ки аз 1 январи соли 2021-ум оғоз меёбад, интихоб шуд. Пирӯзии Ӯзбекистон дар ҷараёни мазкур ва ба чунин созмони бонуфузи дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дохил шудани мамлакат тасдиқи равшани комёбии Стратегияи дар боло зикршуда, ҳамчунин эътирофи ҷомеаи байналхалқӣ ислоҳоти васеъмиқёси дар ҷумҳурӣ бинобар ҳифз ва рағбатноксозии ҳуқуқи инсон татбиқшудаистода ба шумор меравад.
Дирӯз Оҷонсии бузурги иттилоотии Латвия LETA ба забонҳои англисӣ ва русӣ мақолаи «Ӯзбекистон бори аввал ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021-2023 қабул шуд»-ро интишор кард. 
Дар мавод хабар дода мешавад, ки барои интихоби Ӯзбекистон ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ШҲИ) 169 давлат овоз дод.
Он чиз шоистаи таъкид мебошад, ки агар вазъи пешазинтихоботӣ дар гурӯҳҳои дигари минтақавӣ бо набудани рақобати байни давлатҳои даъвогар маънидод гардад, дар гурӯҳи кишварҳои Минтақаи Осиёву уқёнуси Ором, ки Ӯзбекистон ба он дохил мегардад, то рӯзи охирини интихобот рақобати ҷиддӣ идома дошт – барои 4 ҷойи имконпазир дар ШҲИ панҷ кишвар талош варзиданд, – менависад нашрия.
Дар мақола ҳамчунин қайд мегардад, ки интихоб шудани Ӯзбекистон ба ин мақомоти бонуфуз тасдиқ ба эътироф гардидани дастгирии васеи ҷомеаи байналхалқӣ ислоҳоти васеъмиқёси дар роҳи ҳифз ва рағбатноксозии ҳуқуқи инсон татбиқшудаистода, ҳамчунин шаҳодати эътиқоди қатъии кишвари мо ба мақсад ва равандҳои Оинномаи СММ, ҳамчунин Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон ва риояи бечунучарои ӯҳдадориҳои байналхалқии худ дар соҳаи мазкур мебошад.
Дар анҷоми мақола оҷонсии LETA ба фаъолияти бомуваффақияти Ӯзбекистон дар ШҲИ изҳори боварӣ мекунад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: