Дар бораи натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда дар соҳаи варзиш маълумот дода шуд

  • Дар бораи натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда дар соҳаи варзиш маълумот дода шуд
  • Дар бораи натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда дар соҳаи варзиш маълумот дода шуд
  • Дар бораи натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда дар соҳаи варзиш маълумот дода шуд

Ба Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи натиҷаҳои дар соҳаи варзиш бадастомада ва рафти омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ иттило дода шуд.

Дар мамлакати мо спорт махсусан дар байни ҷавонон хеле оммавӣ мегардад. Ба минбаъд васеъ оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ “Олимпиадаи Панҷ ташаббус”, ки дар асоси ғояи сарвари давлатамон ташкил ёфтааст, мусоидат менамояд. Соли гузашта дар мусобиқаҳои олимпиада 6 миллиону 400 ҳазор нафар ҷавонон иштирок карданд. Дар маҳаллаҳои минтақаҳои дурдаст ва душворгузар, ки инфрасохтори варзишӣ ба қадри кофӣ ривоҷ наёфтааст, 449 майдончаи намунаи варзишӣ сохта шуд.

Дар рафти мусобиқаи оммавии панҷмарҳалавӣ, қариб 12 ҳазор нафар варзишгарони ҷавони боистеъдод хоста гирифта, ба мактабҳои спортӣ дохил шуданд. Ҳар як мактаб ба намудҳои муайяни спорт махсус гардонда шуда, бо ҷиҳозу тачхизоти нав таъмин карда шудааст. Дар натиҷа нишондиҳандаи бо варзишгарон таъмин намудани дастаҳои яккачини миллӣ низ меафзояд.

Оид ба тайёр кардани варзишгарони касбӣ ба мусобиқаҳои байналхалқӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло ҳамватанони мо дар Бозиҳои IV зимистонаи олимпӣ миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тавре маълум аст, имсол дар Париж бонуфузтарин мусобиқаҳои чор сол – Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ баргузор мешаванд. Дар айни ҳол варзишгарони мо мутаносибан 17 ва 34 роҳхатро ба даст оварданд. Барои иштирок дар мубориза барои литсензия ва тайёрии ҳаматарафа ба мусобиқаҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин омодагӣ ба Бозиҳои Осиё ва ПараОсиё байни наврасон, ки соли 2025 дар Тошканд баргузор мешавад, идома дорад. Сохтмони шаҳраки олимпӣ босуръат давом дорад.

Имсол дар чаҳорчӯби барномаҳои иҷтимоӣ бунёд ва бозсозии 42 иншооти варзишӣ дар назар аст. Аз ҳисоби васеъ намудани фарогирии  “Олимпиадаи Панҷ ташаббус» ба 7 миллион нафар расондани шумораи иштирокчиён пешбинӣ шудааст. Дар мактабҳои спортӣ кушодани зиёда аз ҳазор гурӯҳи иловагӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат оид ба рушди тарбияи варзишӣ ва истифодаи усулҳои пешқадам дар омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ дастуру супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: