МИРАКӢ МАҲАЛЛАИ ЗАМОНАВИИ САЙЁҲӢ МЕШАВАД

Интизор меравад, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Миракӣ»-и ноҳияи Шаҳрисабз ба мавзеи замонавии ҷаҳонгардӣ мубаддал гардад.

Ин гӯшаи зебои Ватан диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Ҳокимияти ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё, Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ширкати олмонии «Emkgroup» ният доранд, ки дар ҳамкории танготанг ба рушди сайёҳии минтақа қадамҳои нахустинро бигзоранд. Ин ниҳодҳо бо ҷалби мутахассисони варзида, тарҳи вижаеро кашидаву рӯнамоӣ сохтанд, ки тибқи он «Миракӣ» ба мавзеи сайёҳии замонавӣ мубаддал хоҳад шуд. 
Дар пояи ин чорабиниҳо ҳокими ноҳияи Шаҳрисабз Самад Ҳасанов як ҳайати мутахассисонро аз Ширкати олмонии «Emkgroup» ба ҳузур пазируфта, бо махсусиятҳои тарҳи «Миракӣ» шинос намуд. Инак, меҳмонони олмонӣ ният доранд, ки дар лоиҳаи мазкур бо сармояи худ ширкат варзида, дар ободкориҳои ин мавзеъ ҳисса гузоранд.

Шариф ХАЛИЛ, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: