АДАБ ТОҶЕСТ АЗ НУРИ ИЛОҲӢ...

Адаб ҳусни инсон аст.

Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб хислатҳои ҳамидаи инсонро, мисли илму дониш, ҳурмату иззат, касбу ҳунар, хушодобию ростгуфторӣ... соҳиб аст. Инсонҳои дорои чунин хислат фурӯтану хоксор, дурандешу ботамкин, саховатманду дарёдил мешаванд, зеро хуб медонанд, ки:
Манманӣ ин одати шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам гирад, мард он бувад!
Бешубҳа, ҳар ҷо, ки адаб ҳаст, пешрафту ободӣ мешавад. Бузургони мо ба масъалаи адаб таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, онро ҳамчун ганҷи бебаҳо ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Дар ин маврид Бадриддин Ҳилолӣ мефармояд:
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.
Адаб дар назари аҳли ҷуд бахту саодат, давлати ноёб, эътибору шаҳомат, тоҷи сари мардум аст.
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст.
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад.
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Панду ҳикматҳои халқӣ «Салом – алифбои адаб», «Адаб беҳтарин ганҷ аст», «Аз омӯхтани илму адаб нанг мадор»... дар худ як ҷаҳон маъно доранд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» фармуда: «Адаб сиёнат (нигоҳдорӣ)-и нафс аст, аз қавми нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигаҳ дошта ва обрӯйи худу дигарон нарехтан аст. Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамии аҳвол роҳи рост дошта бошӣ».
Бузурге гуфта: «Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст»...
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро рӯзе ҳаст завол...
Оре, адаб аз ганҷи Қоруну мулки Фаридун афзунтар аст. Адаб аз хислатҳои беҳтарини инсонист. Одамони шарифу дурбин маҳз ба василаи адаб номи худро ба ҷаридаи олам сабт намуданд.
Аз ин андешаҳо хулоса баровардан мумкин, ки шахси боадаб ҳамеша гули сари сабад аст. Мардум ӯро эҳтиром менамоянд. Шахси боодоб дар ҳаёт хор намешавад, мавқеашро меёбад, ҳатто Зардушт ҳам «хушодобӣ»-ро тарғиб намудааст:
Адаб дар анҷуман шамъи мунир аст,
Далели покии мо-физ-замир аст.

Шукрона ҒАФУРОВА, 
донишҷӯйи соли аввали бахши тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

 

Нормурод КАРИМЗОДА

ОМОДАӢ 
Ё НА?

Бигӯ, эй дӯст, дар ҳифзи ватан омодаӣ ё на?
Дар ин роҳи накӯ мардона по бинҳодаӣ ё на?
Ба хокаш саҷда бояд кард чун фарзанди шоёне,
Нишон аз паҳлавон – Суҳроби Рустамзодаӣ ё на?
Ватан-модар туро парвард бо дилгармии беҳад,
Чу марде дар канораш ҷону дил худ додаӣ ё на?
Ба арвоҳи ниёгони фидоӣ мекунам таъзим,
Ту ҳам дар кӯйи поси зиндаёд афтодаӣ ё на?
Ҳаловат мебарам аз боди найсони диёри дӯст,
Фараҳманд аз ҳавои мушкини шаббодаӣ ё на?
Хуморам бишканад бо васли ёри хештаногоҳ,
Дило, аз давлати ҷонона масти бодаӣ ё на?

ГУЛБОНГИ 
СУБҲ

Ай субҳ, азон ба гӯши мо овардӣ,
Гулҳои умед бо дуо овардӣ.
Шукрона ба эҳсони Худо мегӯям,
К-аз авҷи само нуру сафо овардӣ.
***
Ай субҳ, сапедадам ба ман ёр шавӣ,
Дар ёфтани раҳам мададгор шавӣ.
Чун шому шабистон зи дарам кард фирор,
Бар равшании дилам ту иқрор шавӣ.
***
Ай субҳ, нишона ҳастӣ аз софии дил,
Пайғом бидеҳ ба мо зи нурбофии дил.
Зулмоти ғамафзо тану ҷон карда хароб,
Хушбахтии мо бидон зи шаффофии дил.
***
Ай субҳ, чаҳор фасли солам бо туст,
Шукронаи ин нони ҳалолам бо туст.
Аз хидмати халқи бошараф  нагрезам,
Дар роҳи ватан рушду камолам бо туст.
***
Ай субҳ, сафои рӯзгорам бошӣ,
Оғози ниёзи беканорам бошӣ.
Дар ҷабҳаи кору ишқу эъзози ватан.
Илҳому мадори пойдорам бошӣ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: