ПОЙГОҲИ ҚОНУНИИ БА РОҲ МОНДАНИ СӮЗАНДОРУКУНИИ ОММАВӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Тавре ки маълум аст, дар ҷамъомади ҳабдаҳуми умумии Сенат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъмин сохтани беҳбуди санитариву эпидемиологии аҳолӣ нигаронида шудаанд» баррасӣ ва қабул карда шуд.

Тавре ки маълум аст, дар ҷамъомади ҳабдаҳуми умумии Сенат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъмин сохтани беҳбуди санитариву эпидемиологии аҳолӣ нигаронида шудаанд» баррасӣ ва қабул карда шуд.
Қонун аз ҷониби роҳбари давлати мо ба имзо расид ва эътибор пайдо кард.
Бояд қайд намуд, ки барои ташаккул додани иммунитети ҷомеавӣ сӯзандору гирифтани 60-80 фоизи аҳолӣ тақозо мегардад. Ғайр аз ин бинобар тавсияи Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ ва коршиносони байналмилалӣ мубориза ба муқобили коронавирус ва пешгирии мавҷҳои нави онро метавон аз тариқи сӯзандорукунии оммавӣ бомуваффақият ба роҳ монд.
То имрӯз ваксинатсияи ҳатмӣ дар Фаронса, Юнон, Австралия, Италия, Латвия, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба амал татбиқ мегардад.
Бо Қонун «Дар бораи беҳбуди санитариву эпидемиологии аҳолӣ» пешбинӣ мегардад, ки Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон метавонад дар доираи чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва тадбирҳои аксуламал ба эпидемия баргузоркунии сӯзандорукунии профилактикиро ба роҳ монад.
Бо қарори Сардухтури давлатии санитарӣ аз 19 июли соли 2021 ба Тақвими сӯзандорукунӣ дар пояи нишондиҳандаҳои эпидемиологӣ аз 15 марти соли 2015-ум илова ворид карда шуд, сӯзандорукунии ҳатмии намояндагони 14 табақаи аҳолӣ ҷорӣ гардид.
Баробари ин мувофиқи Қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандон» муқаррар карда шуд, ки шаҳрванд ё худ намояндаи қонунии ӯ ҳақ дорад аз дахолати тиббӣ сартобӣ кунад ё худ боздошти онро талаб намояд, вале бар истиснои ёрии тиббӣ ба шахсоне, ки аз бемориҳо азият мекашанд ва ин беморӣ барои атрофиён хавфнок мебошад, ки бидуни ризоияти онҳо гузаронида мешавад.
Вале дар ин Қонун меъёр дар бораи он ки дар ҳолати таҳдид кардани паҳншавии касалии сирояткунанда метавонад сӯзандорукунии профилактикии аҳолӣ ҷорӣ гардад, вуҷуд надорад. Ҳамчунин мувофиқи қонунгузории дарамал чораҳои  маҳдудкунӣ нисбати шахсоне, ки аз гузаронидани сӯзандоруи профилактикӣ дар мавриди таҳдиди паҳншавии касалии сирояткунанда сартобӣ мекунанд, пешбинӣ нагардидааст.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таъмин сохтани беҳбудии санитариву эпидемиологии аҳолӣ нигаронида шудаанд» меъёрҳои зерин пешбинӣ гардидааст:
якум, дар моддаи 28-уми Қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандон» меъёри мушаххас дохил гардидааст, ки мувофиқи он бинобар қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар менамояд, метавонад сӯзандорукунии профилактикии аҳолӣ дар мавриди таҳдиди паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи карантинӣ ва ғайра, ки ба ҳаёти инсон хавфнок мебошанд, ҷорӣ карда шавад;
дуюм, мувофиқи моддаи 113-уми Кодекси меҳнат пешбинӣ мешавад, ки дар мавриди аз сӯзандорукунии профилактикӣ сар тофтани корманд, ки дар мавриди таҳдиди паҳншавии бемории сирояткунанда (ҳангоми мавҷуд набудани аксуламал бинобар аҳволи саломатӣ) гузаронида мешавад, коргузор ҳақ дорад ӯро ба кор роҳ надиҳад.
Умуман бинобар Қонуни мазкур асосҳои қонунии ба роҳ мондани сӯзандорукунии оммавии аҳолӣ беш аз пеш мустаҳкам мегардад ва зиддиятҳое, ки дар қонунгузории мавҷуда бобати ҷорӣ намудани ваксинатсияи профилактикӣ дар мавриди таҳдиди паҳншавии касалии сирояткунанда ҷорӣ карда мешаванд, аз байн бардошта хоҳад шуд.

Манзура САЛИМОВА,
узви Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва нигаҳдории тандурустии Сенати Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: