Аз соли 1979 то 1989 беш аз 65 ҳазор нафар сарбозони диловари кишвари мо дар тасарруфи кӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон барои таъмини амният ва дифоъи Инқилоби савр ҷонбозӣ кардаанд, ки 1512 нафар шаҳид шудаанд.
Сарбозони байналмилалӣ дар тамоми кишварҳои ҳамдӯстӣ ҳар сол 15-уми февралро ҳамчун Рӯзи баровардани қӯшунҳо аз хоки Афғонистон тантанавӣ ҷашн мегиранд.
Имсол низ аз рӯи анъана сарбозони самарқандӣ аввал дар майдони шаҳидони шаҳри Самарқанд ҷамъ омада, зери муҷассамаи Модари мотамсаро гулҳои тару тоза гузоштанд ва ояте аз Қуръони карим тиловат карда, ба рӯҳи поки ҳамсангарони шаҳид бахшиданд.
Дар тарабхона дар атрофи як пиёла чой суҳбати дилнишину самимонаи онҳо ба вуқӯъ пайваст.
Чунин тадбири фарҳангӣ дар ноҳияи Самарқанд низ баргузор гардид. Дар Хиёбони шаҳидон гирдиҳамоӣ баргузор шуд, ки ҳокими ноҳия Сироҷиддин Усмонов ҳамсангарҳоро бо рӯзи фирӯз табрик гуфт.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.