«БОБУРНОМА» БО ЗАБОНИ ИТОЛЁВӢ

«Бобурнома» яке аз шоҳасарҳо дар адабиёти ҷаҳонист.

Асрҳост, ки он диққати муҳаққиқони Шарқ ва Ғарбро ба худ кашида ва ба чандин забонҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст. Ба наздикӣ асар ба забони итолёвӣ низ тарҷумаву нашр гардид. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии ношири номвар Сандро Тети дар ин самт кори хеле муфид ва масъулиятталабро ба анҷом расонд. 
Мутарҷим, муҳаррир ва дизайнерҳои таҷрибанок хеле заҳмат кашиданд. Албатта, дар омодасозии китоб мутахассисони пешбари Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ҳамдастӣ ва кумак намуданд. Туркшиноси итолёвӣ профессор Де Рентси низ маслиҳатҳои худро дареғ надошт. Сарсуханро олим ва адиби номвари ин мамлакат Франко Картини навишт. Вай ба муаллифи асари безавол Мирзо Бобур, аз ҷумла, чунин баҳо додааст: «Ҳукмдори бузурги ба санъати сухан дилбохта ё худ адиби бузурге, ки салтанатро дӯст дошт».
Ба тарҷумаи «Бобурнома» ба забони итолёвӣ тарҷумаи ба англисӣ анҷомдодаи Уилер М.Текстон асос гардидааст. Ороиши китоб низ ҷолиби диққат. Наздик 100 миниатюраи бадеӣ эътибори хонандаро ба худ мекашад.
Дар сарсухан оиди рӯзгор ва осори шоҳ ва саркардаи бузург маълумотҳои дақиқ ва ҷолиб дода шудааст. Франко Картини менависад Бобур моҳи феврали соли 1483 дар Андиҷони қадимӣ, ки дар сари Роҳи бузурги абрешим ҷой гирифтааст, ба дунё омад. Ин кент байни Қошғар (вилояти Шинҷон)-и Чин ва ҳозира вилояти Ӯши Қирғизистон, дар водии Фарғонаи Ӯзбекистони имрӯз мавқеъ гирифтааст.
Бобур абераи Амир Темур, нахустписари темуризода Умаршайх ва маликаи аслзода Қутлуғ Нигорхонум мебошад. Вай ҷуз забони модариаш форсиро ҳам, ки он вақт дар Мовароуннаҳр нуфузи баланд дошт, хуб медонист. Табиист, ки Қуръонро бо қироат мехонд, барои он ки аз шарҳи он огоҳ бошад, арабиро низ омӯхта буд.
Мутаассифона, ба Мирзо Бобур умри дароз насиб накард, менигорад Ф. Картини. Дар шаҳри афсонавии Агра, ки баъдтар бо «Тоҷмаҳал»-и худ дар тамоми дунё машҳур гашт, дар 47-солагӣ (соли 1530) чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Ҳукмрониаш дар Ҳиндустон ҳамагӣ чаҳор сол (1526-1530) давом карда бошад ҳам, ин кишварро ба тарзи эҳсосшаванда обод сохт. Бо барпо карда шудани давлати мутамарказ тохтутозҳои дохилӣ, ки хусусан дар давраи салтанати Иброҳими Лӯдӣ авҷ гирифта буд, барҳам хӯрд. Низои диниву мазҳабӣ низ то андозае аз байн рафт.
Одатан ҷое, ки ғасб гардид, харобазор мегардад, вале Мирзо Бобур ҳар қадамҷои худро гулу гулзор намуд. Вай ҳанӯз вақте дар Афғонистон салтанат меронд, дар пойтахт Кобул, бо таъбири худаш, «боғҳои дар дунё зеботарин» барпо сохт ва ин боғҳо то соли 2002 нигоҳ дошта шуда буданд. Барпои боғҳои фирдавсмонандро Бобур дар Ҳиндустон давом дод. Қисмате аз онҳо ҳануз мавҷуданд ва чун «Боғҳои Бобур» эҳтиёту парвариш карда мешаванд.
Нисф бештари умри Бобур дар сангарҳо гузашт. Чӣ рӯзҳое наомаданд ба сари ӯву пайвандонаш. Вале аз хурдсолӣ, ки ба адабиёт ва эҷод шавқу завқ дошт, дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам қалам ва коғаз аз даст нагузошт. Вақте асарҳои назмию насрии ӯро мутолиа кардем, аз дарду ташвиш, азобу изтироб, ҳиссиётҳои ӯ дар ҳолатҳои гуногун то андозае воқиф хоҳем гашт. Хусусан «Бобурнома»-и шоҳ ва сарлашкари номвар асари тарҷумаиҳолист. Доири воқеаҳои таърихӣ низ, ки он айём дар як қатор қаламравҳо ба вуқуъ пайвастанд, маълумотҳои арзишнок пайдо карданамон мумкин.
Тавре Франко Кардини барҳақ қайд мекунад, «Бобурнома» танҳо як рӯзнома, саёҳатнома, автобиография, солномаи одӣ нест, балки асари муҳташами молик ба аҳамият ва арзиши баланди илмию бадеист.
Бо гузашти солҳо «Бобурнома» бештар эътибори дунёро ба худ кашида, воқеан аҳамияти ҷаҳонӣ доштани худро равшантар хоҳад сохт.

М. ШОДИЕВ.       

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: