ДАР ВИЛОЯТИ СИРДАРЁ СУҒУРТАИ ТИББӢ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Дар мамлакати мо шаҳрвандон аз суғуртаи тиббӣ истифода мебаранд.

Дар мамлакати мо шаҳрвандон аз суғуртаи тиббӣ истифода мебаранд. Ин имконият барои онҳо тибқи қарори Президент аз 12 ноябри соли 2020 фароҳам оварда хоҳад шуд. Дар ин бора ба хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Гулистон иттилоъ доданд. 
Ҳокими вилояти Сирдарё Ғафурҷон Мирзоев дар оғози суханронӣ меҳмононро ба ин вилоят хайрамақдам гуфт. Ба гуфтаи вай лоиҳаи озмоишӣ, ки дар вилояти Сирдарё татбиқ мегардад, ба ҷорӣ шудани суғуртаи тиббӣ дар саросари мамлакатамон асос хоҳад гузошт.
– Маълум аст, ки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба сиёсати устувори давлат табдил ёфтааст. Аз соли 2016 ба ин сӯ барои ислоҳ намудани соҳаи тандурустӣ беш аз 50 қарору фармон ва ҳуҷҷат содир ва қабул шудаанд, ки хеле муваффақона дар амал татбиқ мегарданд. Ба таври мисол, дар чаҳор соли охир соҳаи тандурустии мамлакат куллан ба нақлиёти нав таъмин гардид. Ҳамчунин марказҳои муҷаҳҳази онкология, пулманология, кардиология, эндикринология ва касалиҳои пӯст ташкил карда шуд, – гуфт Ғафурҷон Мирзоев.
Вай илова намуд, ки аз ин дастовардҳои тиббӣ вилояти Сирдарё низ бархурдор мебошад. Дар айни ҳол барои ҳар як бемор кафолат дода шудааст, ки ба муассисаҳои тиббии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ равад ва саломатии худро барқарор намояд. 
– Дар вилояти мо патронажҳои мақсаднок ва манзилӣ ба роҳ монда шудааст, ки  аз 420 бригадаи тиббӣ иборат мебошанд. Бо кӯмаки ин бригадаҳо тақрибан ҳамаи сокинони шаҳру деҳи вилоят аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд, – изҳор кард ҳокими вилоят.
Тавре ки раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тошканд Лианн Куппенс аз тариқи мулоқоти онлайн изҳор кард, дар вилояти Сирдарё татбиқ намудани лоиҳаи мазкур як кори қаблан барномарезишуда мебошад. Вай тазаккур дод, ки дар ҳар сурат муваффақона амалӣ шудани лоиҳаи озмоишии ҷорӣ намудани суғуртаи тиббӣ дар ин вилоят гомест хеле муҳим дар самти пиёда кардани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ.
– Дарвоқеъ, соҳаи тандурустӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори сарвари давлатамон қарор гирифтааст. Яке аз навигариҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар вилояти Сирдарё ба роҳ мондани суғуртаи давлатии тиббӣ мебошад. Ин суғурта дар мамолики зиёд мавҷуд аст ва тибқи тақозои давру замон мо низ ин намуди суғуртаро марҳала ба марҳала ҷорӣ хоҳем кард, – зимни баромад оғоз ба шарҳи мавзӯъ кард ҷонишини вазири тандурустӣ Абдулло Азизов.
Тибқи ҳарфҳои ҷонишини вазири тандурустӣ ҷорӣ намудани суғуртаи давлатии тиббӣ кормандони соҳаи тандурустиро водор мекунад, ки дар бобати расонидани хизмати тиббӣ табдили назар кунад, вагарна вай беморонеро аз даст хоҳад дод, ки қаблан барои муоина ва табобат ба ҳамон шифохона меомаданд. 
– Дар ин сурат воридшавии маблағ ба шифохонаи мазкур коҳиш меёбад. Бар иловаи ин, ҳатто хавфи басташавии ин муассисаи тиббӣ ба миён меояд. Аз сӯи дигар, ин муассиса талош мекунад, ки кадрҳои баландмалака ва босалоҳиятро ба кор ҷалб намояд, – тазаккур дод Абдулло Азизов.
– Беҳбуди сифати хизмати тиббӣ ва рағбатнок намудани ходимони соҳаи тандурустӣ тақозо менамояд, ки барои рушди ин соҳа миқдори маблағгузориҳо низ афзоиш ёбанд. Барои солҳои 2019-2025 консепсияи ривоҷ додани соҳаи тандурустӣ қабул шудааст, – гуфт ҷонишини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Абрӯев.  – Ин ҷараён ҷанбаи гуногунро дар бар мегирад. Масалан, такомул бахшидани таъмини молиявӣ, афзоиши ҳаҷми маблағ барои кафолати давлатӣ, васеъ ҷорӣ намудани хизмати тандурустии электронӣ, ривоҷ додани туризми тиббӣ ва аз ин тариқ ба соҳа ҷалб намудани сармоя, беҳбуди шароит ва муҳити кор  ва амсоли он мадди назари давлатамон мебошад. 
Баррасии мавзӯъро дар брифинги мазкур директори Фонди суғуртаи давлатии тиббӣ Фаррух Шарипов идома дод. Тавре ки вай изҳор кард, ҳадафи асосии ҷорӣ намудани суғуртаи давлатии тиббӣ ғайр аз баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳамчунин самаранокии фаъолияти ходимони соҳаи тиб ва имкони фароҳам овардани дастрасӣ барои ҳамаи аъзои қишри ҷомеаи мамлакат мебошад. 
– Медонед, расонидани ҳар гуна кӯмаки таъҷилии тиббӣ мисли пештара аз рӯи тақдими ин суғурта ба таври ройгон боқӣ хоҳад монд. Аммо хизматҳои дигари тиббӣ, ки ба бастаи давлатии суғуртаи тиббӣ дохил карда нашудаанд, чи дар беморхонаҳои давлатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ва чи дар беморхонаҳои вилоятӣ пулакӣ боқӣ хоҳанд монд. Ғайр аз ин, дар мо контингенти имтиёзнок низ мавҷуд аст, ки барои онҳо ташхис ва табобат ҳамеша ройгон мебошад, – тавзеҳ дод Фаррух Шарипов.
Бастаи хизматрасонӣ аз тариқи суғуртаи тиббӣ дар ҳар звенои ибтидоӣ ба таври инфиродӣ амалӣ хоҳад шуд, вале дар бунгоҳҳои тиббии деҳот ва поликлиникаҳои он ин камтар корбаст мегардад ва дар поликлиникаҳои оилавии бисёрсоҳа, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ бештар мавриди истифода қарор мегирад.  
Ногуфта намонад, ки корҳои омодагирии татбиқи лоиҳаи озмоишӣ  дар вилояти Сирдарё ҳанӯз 1 декабри соли 2020 шурӯъ шудааст ва дар брифинг он ҳамчун марҳилаи аввали омодагириҳо дар ин росто арзёбӣ гардид. Дар айни ҳол татбиқи марҳилаи аввали ин лоиҳа дар се минтақаи вилояти Сирдарё сурат мегирад. 
Перомуни ин масъала сардори садорати тандурустии вилояти Сирдарё Рустам Юлдошев ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар натиҷаи ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ ба базаи “поликлиникаи электронӣ” 102 ҳазор бошандаи шаҳри Гулистон, 42 ҳазор сокини шаҳри Янгиер ва 123 ҳазор сокини ноҳияи Боёвут ворид карда шуданд.
Ҳамин тавр, суғуртаи тиббӣ кафолат медиҳад, ки минбаъд ҳар як сокини шаҳру рустоҳои мамлакатамон барои ҳифзи саломатии худ аз хизмати кафолатноки тиббӣ ройгон истифода кунад. Гуфта мешавад, ки ҷорӣ намудани суғуртаи тиббӣ дар саросари кишвар марҳила бар марҳила анҷом хоҳад пазируфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори махсуси “Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – ГУЛИСТОН – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: