ШОГИРДЕ, КИ ДАР ҲАЙРАТ МОНД УСТОДРО

Варзиш гарави саломатӣ ва қосиди сулҳу дӯстист

Оне, ки аз меҳнат намеҳаросаду ба худ боварӣ дорад, албатта, ба қуллаи мурод хоҳад расид. Натиҷаи ҳар гуна заҳмат, сабру тоқат самарабахш аст. Аз гунҷишк тарсӣ, арзан макор, мегӯяд мардум. Ин мақоли халқӣ шиори Холид Фаррухзода аст.
Ин ҷавон аз мушкилиҳо наҳаросида, умед ба Худо баста, натиҷаҳои хубро дар соҳаи варзиш ба даст овардааст. Ногуфта намонад, Холид соле муқаддам дар озмунҳои республикавии намуди варзиши дастгардонӣ ширкат варзида, пирӯзиро ба даст овард, ки оид ба ин дар ВАО борҳо маълумот дода шуд.
Намуди дастгардонии варзиш маҳз бо талошҳои бардавоми Холид дар ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд оммавӣ гардид.  Инҷо мо хостем доир ба яке аз шогирдони Холид Фаррухзода сухан ронем. 
Шогирди ӯ Аббос Умаралиеви бӯкагӣ мебошад, ки аз ҷавонони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ба шумор меравад. Ӯ 17 сола аст. Аз 22 то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд чемпионати Осиё оид ба намуди дастгардонии варзиш дар байни ҷавонони имконияти ҷисмониашон маҳдуд барпо гардид. Ният, ки холис буд, самараи худро дод – Аббос дар вазни 70 кг байни ҷавонони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ғолибиятро ба даст даровард.
Одатан варзишгарон аз рӯйи вазн қувваозмоӣ мекунанд. Вазни Аббос бошад, аз меъёр баландтар буд. Устоду шогирд то ин дами хушнудӣ меҳнат карданд, заҳмат кашиданд, арақи ҷабин рехтанд. Натиҷаи саъю ҳаракати доимии устоду шогирд буд, ки ин мушкилот ҳаллу фасли худро ёфт.
Ҳамин тариқ, Аббос Умаралиев парчами Ӯзбекистонро баланд бардошт ва нисбати ин давлати биҳиштосо меҳри бепоён доштани худро исбот намуд. Ин шуҷоату мардонагӣ барои дигар ҷавонон ибрат аст. Бекор нагуфтаанд, ки: «Агар ёр аҳл бошад, кор саҳл аст». Ё худ, «турфа шогирде, ки дар ҳайрат монад устодро». 

Сулаймон СОДИҚ,
ноҳияи Бӯкаи вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: