АЗ СУЛОЛАИ ШОИРОН ЯКЕ БУД

Муҳиддин – фарзанди Муҳаммадамини мударрис аз шаҳри Хуҷанди бостиниву бӯстонӣ буд.

Ҳар кӣ баҳри сулҳ имзо 
мекунад, 
Беҳтарин коре ба дунё 
мекунад.
Карда имзо душманони 
сулҳро,
Рӯсияҳ, шарманда, расво 
мекунад.
Муҳиддин АМИНЗОДА.

Муҳиддин – фарзанди Муҳаммадамини мударрис аз шаҳри Хуҷанди бостиниву бӯстонӣ буд. Дар мактаби куҳнаю таълимгоҳи  нави давр ӯ савод омӯхт. Дар пайравӣ ба падари муддарису маорифдӯсташ дар курсҳои омӯзгории Самарқанд таҳсил карда, касби муаллимиро аз худ намуд. Дар мактаб ба насли наврас таълим дод. Азбаски истеъдоди серпаҳлу дошт, бо касбаш маҳдуд нашуд. Дилбастагӣ ба санъат ӯро ба даргоҳи Донишкадаи мусиқии хореографии Самарқанд овард. Солҳои 1928-1929 дар ин ҷо бо камоли майл мусиқиро аз бар кард. Аз ин фан дар омӯзишгоҳи мусиқии Хуҷанд ба ҳавасмандон сабақ дод. Дар Театри мусиқии Хуҷанду Театри опера ва балети Душанбе кор карда, ба рушди ҳунари саҳнаи тоҷик саҳми босазо гузошт. 
Охири умрашро низ дар зодгоҳаш бо кору эҷод гузаронд.
Муҳиддин Аминзода аз оғози фаъолият бо каломи бадеъ сару кор дошт ва ҳаҷвияҳояш дар матбуоти даврии Тоҷикистон, бештар дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод»  нашр шудаанд. Маҷмӯаҳои аввалини ашъораш «Шеърҳо», «Чаман» ва «Баҳори Ватан» ном доштанд. Дертар доир ба таърихи гузаштаю онрӯзаи диёраш бо ҳамроҳии Раҳим Ҷалил достони «Ленинобод»-ро навишт. 
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон қаламашро тезтар карда, шеърҳои ватандӯстии «Шамшери бурро», «Тешабой»,  «Ба модарам — ба Ватанам», «Моҷарои валенкӣ», «Зимистон», «Асп ва генерал»-ро ба муносибати ақибнишинию фирори фашизм  эҷод кард. Як маҷмӯаи шеърҳояшро «Садои зафар» номид. 
Баъд аз ҷанг  М. Аминзода танҳо «Шеърҳои мунтахаб»-ашро 5 бор  ва маҷмӯаҳои дигараш «Аз ҳарҷо як шингил»-у  «Баҳори дил»-ро ба дасти нашр расонд. «Мунтахабот»-и дуҷилдаи ӯ дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ дастраси хонандагон гардид. Шеърҳояш гуногунмавзӯъ буда, ба васфи гӯшаҳои зебои Ватан, акси воқеаю санаҳои таърихӣ, дӯстию бародарии халқҳо бахшида шудаанд. 
Шоир яке аз асосгузорони шеъри ҳаҷвӣ дар адабиёти нави мо ва ташкилкунандагони гӯшаи ҳаҷвии «Анбур»-и рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») буд.
Овони ҷавонӣ дар драматургия қувва санҷида, то охири солҳои 30-юми асри сипаришуда яке аз аввалин песаҳои тоҷикӣ «Наврӯз ва Гулчеҳра»-ро таълиф намуд,  ки намоиши онро тамошобин хуш қабул кард. Пас песаи «Шараф»-ро эҷод кард, ки он низ дар саҳнаи театри Хуҷанд намоиш дода шуд. Аминзода мутарҷими сермаҳсулу фаъол ҳам буд. Аз адабиёти халқҳои бародарӣ чанд қиссаву ҳикоя, 130 ҳазор мисраъ шеър, достони «Фарҳод ва Ширин»-и Алишери Навоӣ (бо ҳамқаламии Раҳим Ҷалил), ашъори Ҳамза, Ғафур Ғулом, Собир Абдулло ва Аширмат Назаровро ба тоҷикӣ баргардондааст. Ҳаҷми тарҷумаҳои назмии шоирро писараш – шоир ва тарҷумон Муҳсин Аминзода якуним баробари «Шоҳнома»-и  Абулқосим Фирдавсӣ ва корманди осорхонаи адиб Муаттар Ғаниева бошад, зиёда аз 75 ҳазор байт қаламдод кардаанд. 
Барои он ӯро аз сулолаи шоирон гуфтем, ки падар, додар, хоҳар ва фарзандони адиб низ бо каломи бадеъ сарукор доштанду доранд.
Хидматҳои Муҳиддин Аминзода дар соҳаи санъат қадр карда шуданд. Ба ӯ унвони Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон  дода шуд.
Устоди пурмаҳсул дар синни 63-солагӣ, аввали моҳи сентябри соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд аз дунё даргузашт. 
Имрӯз мактаби ҳунаромӯзии бачагони шаҳри Душанбе ба номи Муҳиддин Аминзода аст. Дар шаҳри Хуҷанд осорхонаи ӯ фаъолият дорад.  
Аз устод Муҳиддин Аминзода имрӯзҳо ёдовар шудан мувофиқи мақсад аст. Зеро ӯ шеърҳои нахустини худро дар нимаи дуюми солҳои 30-юми қарни гузашта дар рӯзномаи «Овози тоҷик», ки 100-солагии онро имсол ҷашн мегирем, нашр кунондааст.  

Ш. МИРЗОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: