РОҲБАРОН ДАР АВУЛҲОИ ДУРДАСТ

Ҳар сол дар арафаи Соли нав хабаргирӣ аз аҳволи зисти аҳолии авулҳои дурдаст, шунидани дарду ташвишҳои онҳо, чорабиниҳо баҳри ҳалли масъалаҳои пешистода дар вилояти мо ранги одатро гирифтааст.

Ҳар сол дар арафаи Соли нав  хабаргирӣ аз аҳволи зисти аҳолии авулҳои дурдаст, шунидани дарду ташвишҳои онҳо, чорабиниҳо баҳри ҳалли масъалаҳои пешистода дар вилояти мо ранги одатро гирифтааст.
Ба қарибӣ роҳбарони секторҳо, мутасаддиёни соҳаҳо, сарварони садорату ташкилотҳо бо сардории иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Ботир Зарипов баҳри аёдати онҳо боз ба роҳ баромаданд. Ба эшон лозим омад, ки 270-300 километр масофаро тай намуда, ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қизилравот», ки дар наздикии соҳилҳои дарёи Ому воқеъ гардидааст, инчунин ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҷонгелдии ноҳияи Пешкӯ, мавзеъҳои аҳолинишини Чуруқи ноҳияи Шофиркон ва Оғитмаи ноҳияи Ғиҷдувон оянд. 
Бояд таъкид намуд, ки дар Қизилравот якҷоя бо мавзеъҳои Қизилқум ва Гугуртлӣ дар 134-то хонадон бештар аз 530 нафар (монанди дигар авулҳои гирду атроф) бародарони қазоқ умр басар мебаранд. Бо вуҷуди камии аҳолӣ миқдори киштзору чарогоҳҳои истиқоматкунандагони дашт ба 294 ҳазор гектар мерасад. Гуфтан ҷоиз аст, ки аҳолии Қизилравот ва ин мавзеъҳо асосан бо моҳидорӣ, чорвопарварӣ ва кишоварзӣ машғуланд. Дар 11 хоҷагиҳои фермерӣ навъҳои гуногуни чорво аз қабили бузу гӯсфанд, аспу шутур, инчунин чорвои калони шохдор парвариш меёбанд.
Дар ҳудудҳои номбурда шаш мактаби таълими умумии қазоқӣ фаъолият дошта, дар онҳо 160 нафар талабагон таълиму тарбия мегиранд. Ин таълимгоҳҳо пурра аз таъмир баромада бо мебел, китобҳои бадеию дарсӣ ва компутер таъмин гаштаанд. Омӯзгорони маълумоти олидор ба шогирдон асосҳои илми замонавӣ меомӯзанд.
Бунгоҳи тиббии деҳаи Қизилравот, нуқтаҳои амбулатории он дар мавзеъҳои Қизилқум ва Гугуртлӣ, беморхонаи минтақавии Ҷонгелдӣ ва нуқтаҳои амбулатории он дар Сафрон ва Қалъата, шӯъбаҳои поликлиникаҳои оилавӣ дар авулҳои Чуруқ ва Оғитма, инчунин нуқтаи доруфурӯшӣ баҳри ҳифзи саломатии аҳолии мавзеъҳои номбурда кӯмак мерасонад. Дар ин ҳудудҳо фаъолияти муассисаҳои таълими томактабӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҷонгелдӣ 192 оила ва қариб 740 нафар аҳолӣ, авули Чуруқ 300 нафар аҳолӣ ва мавзеи «Оғитма» беш аз 50 оила ва 220 нафар аҳолӣ дорад.
Ташрифи роҳбарону алоқамандони сафар бо сарварии и. в. ҳокими вилоят Б. Зарипов ва туҳфаҳои солинавию инъоми онҳо ба бачагон, оилаҳои эҳтиёҷманд, маҷмӯи компутер, китобҳои бадеию дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ба мактабҳо, телевизор, сарулибос, печ, ба роҳ монда шудани ярмаркаҳои савдои маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзон ва ғайра ба аҳолии ин мавзеъҳо кайфияти идона бахшид. Аз ҳама муҳимтараш пурсидани масъалаю шунидани талабҳои аҳолӣ дар ҳар як мавзеъ, ба назорат гирифта шудани ҳар як муроҷиат аз ҷониби шахсони масъул аз қабили таъмири роҳҳои дохилӣ, ташкили дорухонаҳои сайёр, иваз кардани симчӯбҳо, бо шуғл фарогирӣ, аз нав сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъмири хонаи маданият, таъмини озуқаи чорво, оби ошомиданӣ, беҳтар намудани хидматрасонӣ, ободгардонӣ, сохтани дӯконҳои савдо, сехи коркарди пӯсти қарокӯлӣ ва ғайра сокинонро хеле рӯҳбаланд намуд. Роҳбари вилоят мутасаддиёни дахлдорро водор намуд, ки баҳри ҳалли масъалаҳо ва қонеъ гардондани талабҳои ба майдономада чораҳои зарурӣ бинанд.
Сокинони авулҳо Марол Ӯрозалиева, Саламат Бейтиков, сардухтури беморхонаи минтақавии Ҷонгелдӣ Гулнур Айимбетова, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қизилравот» ва дигарон нисбати ғамхориҳои сарвари давлат арзи сипос намуда, ба онҳое, ки баҳри аҳволпурсӣ ва расондани ёрии амалӣ аз роҳи дур наздашон омадаанд, миннатдорӣ изҳор карданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: