Истиқлол на танҳо дару дарвозаҳои сарҳад, чашми мардумро низ кушод.
Интернет ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳам пайваст. Ба ин нисбат аз таҳаввулоти дохили кишвар ва беруни он мудом бохабарем. Вале кайфияти равуо, дидорбиниии дӯстони наздик гапи дигар аст.
Аз байн «гурбаи сиёҳ» давиду солҳои дароз сарҳадҳо баста шуданд. Шукри Худо, ки меҳри дӯстӣ «гурбаи сиёҳ»-ро аз миён бардошт. Чунонки дар як мақолаам гуфта будам: «Шавкати мо садди Искандар шикаст». Равобит байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз нав вусъат пайдо кард.
Махсусан дар соҳаи фарҳанг. «Овози тоҷик» аз мулоқоту ташрифоти ҳасана пайиҳам хабару мақола ва гузоришҳо чоп карда, муғҷаҳои дарахти дӯстиро шодоб менамояд.
Даъват шудани ходимони масъули «Овози тоҷик» Муҳаммадҷони Шодӣ ва Тоҷибой Икромов барои иштирок дар ҷашни 70-солагии шуъбаи вилояти суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ба унвони «Рӯзҳои фаромӯшнопазир дар зодгоҳи Шайх Камол» («Овози тоҷик» 1.11.2023) баъди сафар ба табъ расидани мақолаи муфассале аз фазои мусоиди дӯстӣ, барқарории меҳру оқибати ҳамсоякишварҳо аз ҷумлаи онҳост. Барои тақвияти ин ифода метавон аз сафари сармуҳаррири «Овози тоҷик» бо як гурӯҳ аъзои Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ба Душанбе ёдовар шавем, ки раҳовардаш дар «Овози тоҷик» чоп шуда буд.
Аз шунидани таассуроти сафари эҷодии тележурналисти фаъоли ӯзбек Рӯзибой Қӯлдошев ба Душанбе, ки дидаю шунидаҳояш «дар як филм намеғунҷад», маро ба илҳом овард. Сарманшаи эҳсосоту ғурур ва саршор аз самимият сухан кардани ӯ дар он аст, ки дар ҳар ду ҳамсоякишвар ба ҷуз хешу табор бисёр муштариён дорад. Як омили шуҳраташ шояд он бошад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон телевизиони Ӯзбекистонро ҳама метавонанд тамошо кунанд. Ба ин нисбат мо ҳам чунин тақозо изҳор доштему такрораш муфид медонем.
Шуҳрат ёфтани силсилафилмҳои ҳуҷҷатии таҳти рукни «Қадри инсон» эҷодкардаи Рӯзибой Қӯлдошев амри табиист. Чунки қаҳрамонҳои вай намунаи ибрат, шоистаи таҳсини ду халқи бародаранд. Гирем, асарҳои оид ба фаъолияти устодон Қорӣ Ниёзӣ ва Комил Ёрматов, таъсисгари илми кайҳон дар Ӯзбекистон, академик Воҳидов бардоштааш. Ёки филми мустанаде, ки аз рӯзгори академик Саъдӣ Сироҷиддинов нақл мекунад. Онҳо ҷанбаҳои таърихӣ ва тарбиявӣ доранд.
Филмномаи тазанашри ӯ, нисбати рӯзгори собиқ сарвари Ӯзбекистон – Бузрукхӯҷа Усмонхӯҷаев, тирагиҳои осмони сиёсати КПСС-ро равшан намуда сиёҳкориҳои «Парвандаи пахта»-ро, ки аз ҷониби Гдляну Иванов, бар зидди раҳбарият ва халқҳои меҳнатқарини кишвари мо – Ӯзбекистон роҳандозӣ шуда буд, фош кард.
Дар омади гап бояд арз намоям, ки ӯ вақти банаворгирии филми «Академик Сироҷиддинов» маро ҳам даъват карда буд, то ки чизе бигӯям. Зеро, аз очерки дар «Овози тоҷик» таҳти рукни «Се чинори Тоҷикистон дар бӯстони Ӯзбекистон» чопшудаи ман, ки он дар бораи се бародарони ҳамхун, ки яке академику дигаре аввалин генерал ва вазири ВКД Ӯзбекистон, сеюмӣ: Абдуманнон Ҳасанов – профессори соҳаи обёрӣ буданд, хабар дошт.
Гап сари он аст, ки ман баъди дар шифохонаи ҳукуматӣ ошноӣ бо бародари хурдӣ, иштирокчии ҶБВ, профессор Абдуманнон Ҳасанов ҳамин очеркро навишта, аз саҳви «Энсиклопедияи ӯзбек», нисбати миллияти онҳо, ки якеро тоҷику дуи дигарро ӯзбек, зодаи Қуқанд муаррифӣ кардааст, эрод гирифта, тоҷики конибодомӣ будани онҳоро собит карда будам. Он вақт акаи Абдуманнон ба ман бисёр миннатдорӣ карда буданд, ки туфайли ҳамон очерк хешони конибодомиасли душанбегиашонро ёфтаанд.
Боди сиёсат ҳамеша як ранг намевазад. Дар замони пеш, ҳатто, рӯзноманигори чун ғаввос ба муқобили маҷро шиновар ҳам, баъзан зимни ифодаи ҳақиқат замонасозӣ мекард.
Дар партави сиёсати кунунӣ ба таърихи гузашта ва воқеиятҳо бо чашми воқеъбин нигаристан амали савоб аст. Ҳангоми инъикоси рӯзгори гузаштагони бузург, ё қаҳрамонҳои ҳозира, равшан намудани номи миллати қаҳрамони асар, ба ҷуз савоб иллате надорад. Билхосса, дар рӯзномае, ки саргузашташ баробар ба як аср аст.
Айни замон баъзе аз қаламбадастон ҳангоми иншои маводи чопӣ гоҳе аз истифодаи калимаи «тоҷик» парҳез мекунанд, ки далели ғафлатзадигии онҳост. Номи миллат дар мақола натанҳо кайфияти қаҳрамони асарро боло мебардорад, балки боиси тафохури ҷомеаи сермиллати ҷумҳурӣ мегардад.
Ҳаёт торафт башиддат мешавад. Дар инъикоси воқеаҳо журналистон нақши муҳим доранд. Навиштаҳои онҳо бояд омили истеҳкоми дӯстии халқҳо шавад, барои амалӣ шудани ислоҳоти ҷомеаи мо хидмат намояд. Тавре ки тележурналисти ӯзбек Рӯзибой Қӯлдошев, баъди анҷоми сафари эҷодиаш дар Тоҷикистон, зимни суҳбати телефонӣ ба ман гуфт: «Агарчи ман дар асл тоҷикистониям (ҷойи таваллуди ӯ собиқ ноҳияи Ғончӣ) бори аввал ба Душанбе рафта, аз манзараҳои дилфиребу мардуми одамдӯсташ бо худ бӯйи биҳишт, тафаккури тоза овардам! Таассуротам дар як филм намегунҷад. Барои ин, аз Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, васлгари хастанопазири дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек Абдуҷаббор Раҳмонзода ва аз ҳамсафари худ, журналист Шоқаҳҳор Салимов миннатдорам».
Соли нав ба ҳама дӯстон муборак бошад!
М. ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи Ӯзбекистон,
раиси Маркази маданияти тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно».