МУЛОҚОТИ ЭҶОДӢ БО ҲАРБИЁН

Дар қисми ҳарбии гарнизони Бухоро мулоқоти эҷодӣ таҳти унвони «Такягоҳи Ватан» ба амал омад

Дар қисми ҳарбии гарнизони Бухоро мулоқоти эҷодӣ таҳти унвони «Такягоҳи Ватан» ба амал омад. Ин тадбир ба муносибати 31-солагии созмонёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва Рӯзи муҳофизони Ватан баргузор гардид.
Дар он роҳбари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон Шодмон Сулаймон, роҳбари шуъбаи вилоятии Маркази  маънавият ва маърифати  ҷумҳурӣ Марҳабо Пардаева, муҳаррири  Ширкати телевизион ва радиои вилоят, шоира Инобат Очилова, шоираҳои боистеъдоди ҷавон аз пойтахт Шоҳиста Исоқова, Малика Усмонова, Осиё Ҳошимова иштирок карданд.
Шодмон Сулаймон хидматчиёни ҳарбиро бо идашон муборакбод намуд. Баъд мушоира бо иштироки сарбозони эҷодкор дар китобхонаи қисми ҳарбӣ идома ёфт. Эҷодкорон дар охири чорабинӣ ба китобхонаи сарбозон маҷмӯи китобҳои бадеиро туҳфа карданд.
А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори  “Овози тоҷик” дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: