САБАҚИ ЗИНДАГӢ

(Очерк)

Вай пойҳои дардманди худро рӯйи кӯрпача дароз кардаву пушт ба лӯлаболишт ниҳода, аз анвори саҳаргоҳии офтоб баҳра мебурд. Офтоб ба тани мӯйсафед роҳат мебахшид. Гӯё рутубати солҳо ҷамъшударо аз мағзи устухонҳояш оҳиста-оҳиста берун мекашид. Хоса ба пойҳои акнун дар ин синну сол хунукхӯри ӯ марҳам мегашт. Вай фикр мекард: дар пеш зимистони дарозе мунтазир, чун даррасид, чунин офтоби форамро дар хоби шаб ҳам намебинад. Шояд сардиҳои туфкуну яхкун ҳам шаванд. Боз Худо медонад, ки зимистонро паси сар кардаву дубора рӯйи гарми офтоби баҳорону тобистон ва мисли имрӯз ана ин тирамоҳи зарринро мебинад ё не... Ман ӯро дар ҳамин ҳолу авзоъ дида, оҳиста салом додам. 
Устод Оллоҳқул Бобоқулов гӯё аз банди хаёлот раста нигоҳи чашмони тамоман хирааш ба чаҳор ҳадди айвони ҳошияаш дар асорати панҷараи чӯбӣ давид. 
– Биё, шогирд, биё, – гуфт пас аз алейки салом хушҳолона, маро аз овоз шинохта. 
Чун дидам, ки неруи сабзе ба тану ҷонаш давида, саросема талоши аз ҷой хестан мекунад, дарҳол пеш омадаву монеъ шудам, ки беҳуда ташвиш накашад, худро азият надиҳад. Аммо зонувонаш ларзида-ларзида аз ҷой хест ва хандакунон:
– Пирӣ пирию аммо... ҳусни эҳтиромро ҳанӯз касе манъ накардааст, – гуфт  қаноатманд оғӯш кушода. Вай аз дидани ман хурсанд шуд ва гарм аҳвол пурсид.
Пас аз лаҳзае суҳбати мо тасфид.
Шаҳноза – келини хонадон, ки онсӯтар ангур мечид, то дар таҳхона овехта, чун ғизои зимистон маҳфуз доранд, зуд дасторхон паҳн кард. Баробари нону чой ва дигар анвои хӯрданӣ як лаълӣ ангури ҳусайнӣ ҳам рӯйи хон гузошт, ки ҳоло шамоли мизон хӯрда асалвор ширин шудааст. Аз он неъмат чашидам ва ба ҳарфҳои устод Оллоҳқул гӯш додам. 
– Худованди карим ба дидани наваду як баҳори сол мушаррафам кард, – гуфт бо чеҳраи нуронӣ устод. – Дар ҳуҷҷатҳо мавлуди ман 15-уми январи соли 1932 сабт шудааст, ки дуруст нест. Чунки вақте синфи ҳашт ё нӯҳ мехондам, ба сафи комсомол дохил карданд ва ҳамон гоҳ шаҳодатномаи таваллуд навишта, санаи зодрӯзамро тахмин чунин сабт намуданд. Хайр, ин чандон муҳим нест, – хаёле даст афшонд вай. – Аммо ҳар сол фарзандон ва набераҳои баоқибат дар ҳамин рӯз аз барои муборакбодии ман ҷамъ меоянд. Якҷо хурсандӣ мекунем...  Падарам, худо раҳматӣ Бобоқул ном дошт ва чӯпонӣ касби азалиаш буд. Модарамро Бибихол меномиданд ва ёд дорам, ки як зани пошикаставу худотарс буд ва боз аҷаб ширинсухане. Илоҳо, манзили охираташон обод бод, сад дареғ, ки ҳар ду ҷавон аз олам гузаштанд. 
Устод аз ёди он азизонаш мутаассир шуд, ки як дам сукут варзид. Дар чеҳрааш сояи ғам падид омад ва базӯр дар лаб табассум гирифта, суроғи ҳамсараш рафт: – Агар Гуласал зинда мебуд, нишоти мани пир ин дам боз бештар мегашт. Афсус, ки вай зани беозору ҳамсафари умрам соли 2018-ум бандагӣ ба ҷой овард ва маро дар гиру дори ҳаёти бешафқат танҳо гузошт. Илоҳо, ҷояш дар биҳишти анбарсиришт бошад! – даст ба рӯ кашид муаллим ва овозаш хаёле ларзид, чашмонаш нам гирифтанд. Оҳиста оби дидагонашро бо остин пок карда, андешаманд гуфт: – Акнун бори ғам вазнин, шогирд, тани танҳо таноби умр мекашам. Мард бемаҳрами тан азоби алим мекашидааст. Шукр, ки фарзандон, наберагон мудом дар хидматанд. Ба қавле, мехурдаам дар пешу нохӯрдаам дар қафо. Аммо... Гуласалам мебуд, ҳаёт рангу бӯйи дигар мегирифт. 
Ҳар нафасро бо дуоҳо мегузаронам, то имони мо барин пиронро комилу умри ҷавононро дарозтар гардонад, дар рӯйи замин сулҳу суботро қоим созад. 
– Хуб, шогирд, гап зан тилвизор чӣ мегӯяд? Ҷанги Укроин чӣ шуд? Дар ин қарибиҳо хотима меёбад ё не? Аҷаб замонаи ҳаринае шуд, – сахт таассуф хӯрд устод ва ҳарчанд намебинанд, нигоҳи чашмони бенурашро умедвор ба даҳони ман дӯхт ва гӯшу ҳуш гардид, ки чӣ суханони тозае аз лабони ман пар мекушоянд.
– Бале устод, замона ноором шуд. Аммо яқинан ақли солим музаффар хоҳад гашт, – гуфтам дар тасаллӣ.
– Эҳ, номи ҷангу ҷангҷӯ гум бод! Замони кӯдакӣ ва наврасии ман ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Арсаи он ҷанги хунин аз сарзамини мо фарсахҳо дур бошад ҳам, ҳаёти моро чӣ қадар ба заҳр омехт, танҳо Худованд медонад, – аз рӯйи дасторхон пиёлаи чойро ҷуст, шояд як ҷуръа нӯшидаву гулӯ нам кардан мехост, то суханаш роиҷ берун ояд. 
 Зуд пиёларо ба дасташ қапондам. Вай ҷуръае нӯшида, пиёларо дар миёни кафҳои дастони шахшӯлаш нигаҳ дошт ва сараш хам муддате ғарқи андешаҳо гардид. Шояд аз ёди он замонаҳои ноором ба риққат омада, хотироти айёми мозиро варақгардон, симои инсонҳои азизро пеши чашмон меовард.
– Соли 1941 модарам Бибихол як тифл дар батн аз олам гузашт ва баъди як соли он мусибати муфоҷо падарам Бобоқул низ ба ҷавори Ҳақ пайваст. Он вақт ман ҳамагӣ даҳсола будам ва бо хоҳарам Ҳурзода ятим мондем. Мо ба хонаи амакам Худойқулбой омадем. Завҷаи он кас Норхолой мо – ятимакони бекасу кӯйро дар қатори ҷигарбандонашон ба воя расонд. Амакам ба ҷанги Гирмон рафта буд, ки баъдтар саломат баргашт. Қаҳтии сахте омада буд. Мардум ба як лаб нон зор буданд. Ба азоби гуруснагӣ тоқат накарда, хоҳаракам ҷон бохт. Мусибати азизонам маро сахт ранҷур карда буд, – боз овозаш ларзида, ноаён ашк рехт муаллим. – Худованд ҷойи янгаам Норхолро дар ҷаннат карда бошад, ӯ мисли як марди майдон дар саҳро кор мекард. Бо ду барзагов ҷуфт ронда, дар замини колхоз заҳмат мекашид ва аз гандуми тухмӣ, ки кишт менамуданд, ҳар рӯз як каф пинҳонӣ чун насибаи мо – ятимакон меовард. Ба ин тарз аҳли оиларо аз марги муфоҷо халос карда буд, раҳматӣ. Хайрият, амакам дар хона чанд сар бузу гӯсфанд дошт, ки бо фаро расидани баҳор ба чаро мебурдам ва баробари он ҷонваракон худам ҳам «мечаридам». Гиёҳҳои ба монанди ипору сақам, қаяму қоқу ва торонро чида, ба кафи даст соида фурӯ мебурдам. Бузу гӯсфандон аз алаф сер мешуданд ва ман аз он гиёҳҳои шифобахш. Ҳангоми бозгашт дар лӯнгие барои хонавода низ гиёҳ ҷамъ меовардам. Шояд фоидаи ҳамон гулу гиёҳи кӯҳӣ буд, ки минбаъд дар умри худ ба ягон беморӣ напечидам ва алҳамдуллоҳ ба дидани наваду як баҳори гулафшон мушарраф шудам. Хуллас, бегоҳӣ ҷонвараконро янгаам медӯшид ва аҳли оила боз аз ширу ҷурғоташ насиба мебардоштем. Ҳар рӯзи Худо кори ман ба ин тартиб идома меёфт. Баъд ҷанг хотима ёфта, рӯзгори мардум ҳам ба нишот пайваст, нашъаи нав гирифт, оҳиста-оҳиста хонаву хони халоиқро вуҷуди нон музайян сохт. Дилу дидаҳо сер шуданд ва ғамҳо ба тадриҷ бо шодӣ ҷой иваз намуданд.
Устод Оллоҳқул Бобоқулов ҳаёти печидаи худро бо мароми хосе нақл кард, ки чун зиндагии аҳли башар гоҳ бо ғам ва гоҳе бо шодиҳо тавъам будааст. Вай соли 1950 мактаби ба номи Максим Горкийро, ки дар қади дарёчаи шӯхи доманаи деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун воқеъ буд ва он солҳо бачаҳои чандин деҳаи музофот он ҷо таҳсил мекардаанд, хатм намуда, гоҳ пиёдаву гоҳе савора то шаҳри Душанбе мерасад, то хонданро дар ягон мактаби олӣ идома дода, соҳиби маълумот шавад. 
Вай ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории  Душанбе ба номи Тарас Шевченко ҳуҷҷат месупорад ва пас аз адои имтиҳонот зуд ба зодгоҳ бармегардад. Ибтидои соли хониш боз ба Душанбе меравад ва мефаҳмад, ки ӯро аз сабаби нарасидани донишомӯзон ба бахши ҷуғрофиё гузаронидаанд. 
Аввал андаке мушавваш мегардад, вале ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки ин илмро биомӯзад, зеро мактабҳо ба устодони фанни мазкур бештар ниёз доранд. Оллоҳқули ҷавон ду сол ҷуғрофия омӯхта, курси олии омӯзгориро дар ин даргоҳи илм ба поён мерасонад. Чун навбати гирифтани диплом мерасад, талаб пеш меоранд, ки мувофиқи қоида бояд ду сол дар мактабҳои Тоҷикистон дарс диҳад. Ӯро ба вилояти Кӯлоб мефиристанд. Раёсати маорифи халқии вилоят бошад, ӯро ба ноҳияи Колхозобод роҳӣ мекунад. Ҳамин тариқ муаллими ҷуғрофияи мактаби деҳаи Кадучӣ таъин мегардад. Дар ин мактаб, ки аз маркази ноҳия хеле дур буд, як сол кор мекунад. Ҳамчунин сардори гурӯҳи ҳаваскорони мактаб ва хоҷагӣ мешавад. 
– Мактаб зиёда аз як гектар замини холӣ дошт, ки бинобар мавриди истифода қорор нагирифтанаш дар доми аҷириқу гуна-гуна рустаниҳо монда, хеле корношоям гашта буд. Бо директори мактаб маслиҳат карда, аз колхоз трактор пурсидем ва заминро аз алаф тоза намуда, ба кишт тайёр кардем, – ба хотир меоварад устод. – Ба як қисмаш ангур, ба қисмати дигараш гуна-гуна ниҳолҳои боровар нишонда, хонандагонро вобаста мекардем, ки дар парваришаш масъул бошанд. Аз қазо ниҳолакон бехато сабз гашта, он минбаъд ба боғи серҳосиле мубаддал шуд...
Соли 1953 Оллоҳқул ба рухсатӣ баромада азми зодгоҳ мекунад. Дар роҳ ӯро раиси колхоз Бобошоҳ ном марди солор, ки намояндаи мардумӣ дар шӯрои вилоят ҳам будааст, вохӯрда, шуҷоату кордонии ӯро ситоиш намуда, хоҳиш мекунад, ки кори худро дар мактаби Кадучӣ идома диҳад, инҷо бимонад, ҳатто ваъда медиҳад, ки ӯро дар ҳамин деҳа хонадор ва манзили зист низ муҳайё хоҳад кард.
– Ҳа, додойе! Агар дар ҳамон ҷо мондаву ба кадом як духтари маҳаллӣ хонадор мешудед, мо дар ин олам вуҷуд намедоштем-а!  – бо завқ ба суҳбат ҳамроҳ шуд, писари хонадон Даврон, ки аз ҳавозаи ток сарҳои ангурро ҷудо мекард.
Устод бо табассуми зебо ба ҳазли писар чандон эътибор надода, дунболи нақли худ шуд. Ҳамин тавр Оллоҳқули омӯзгори ҷуғрофиё суханҳои Бобошоҳи раисро бо худ  гирифта, рухсатиро дар зодгоҳ – деҳаи Бибиширин сипарӣ мекунад ва вақти бозгашт дар маркази ноҳия бо Абдулваҳҳоб Қосимов – сарвари кумитаи комсомолони Бойсун вомехӯрад, ки бо мудири раёсати маорифи халқи вилоят  масъалаеро, баррасӣ дошт. Чун азми ҳамдеҳаашро мефаҳмад, рӯ ба мудир оварда: – Магар дар мактабҳои мо кадр лозим нест? – мегӯяд.  
Бо нишондоди мудир Оллоҳқул аз он сафари дур даст кашида, ба Тирмиз меояд ва фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби зодгоҳаш, ки худ таҳсил намуда буд, идома медиҳад. Соли 1954-1956 дар шаҳри Калинингради Русия хидмати ҳарбиро ба ҷо меорад ва боз ба шуғли худ камар мебандад. Дар ин миён ду сол дар мактаби деҳаи Даштигоз кор карда, дубора ба мактаби деҳаи Пасурхӣ бармегардад. Дар ин ҷо 18 сол машғули таълиму тадрис мешавад. Баъдтар се муаллим: Холиқ Бӯриев, Акрам Раҳмонов ва Оллоҳқул Бобоқулов ба ҳукумати давр арз мекунанд, ки дар деҳаи Бибиширин низ мактабе созанд. Пас аз як сол се донишҷӯ – Равшан Эҳсонов, Иброҳим Бозоров ва Қодир Эшонқулов факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, ба зодгоҳ бармегарданд. Раёсати таълими халқи ноҳия барои бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон зуд дар асоси арзи муаллимон дар деҳаи Бибиширин ба кушодани мактаби ҳаштсола иҷозат медиҳад. 
Устод ёд меорад, ки бо саъйи роҳбари нав Холмат Авазов мактаб даҳсола шуд. Оллоҳқул Бобоқулов то соли 1991 кор карда, ба нафақа мебарояд ва ҳоло дар гашти умр ёди он айём карда, ҳамкорони худро низ, ки аксар дар қайди ҳаёт нестанд, бо ифтихор ба забон меорад. 
– Ҳоло мо, муаллимони собиқ, пиронсолон ба касе лозим нестем, – мегӯяд бо таассуф устод Бобоқулов. – Аввалҳо аз ҳоли мо аҳли мактаб ё раёсати таълими халқи ноҳия хабар мегирифт. Чандин сол аст, ки рӯзи муаллимонро бо тантанаи хос таҷлил мекунанд, аммо дар гӯшаи хаёли касе намеояд, ки мо ҳам як замон омӯзгор будем, барои таълиму тарбияи фарзандони халқ умри худро сарф намудем. Ақаллан, як сари қадам омада ҳол пурсанд, дили мо – пиронсолон кӯҳ барин бардошта мешуд. Дар мактаб ҳама шогирдони худи мо. Аммо ин қадар бемеҳр шудаанд, ки... Ё боз кӣ медонад? Шояд ин зайли замона бошаду ба қасри меҳру муҳаббат ҳам завол омадааст,– ба дард оҳ мекашад устод.
Вай чандин моҳ аст, ки дар доми торикии махуфе мондааст, гӯё дар зулматсарое зиндагӣ дорад. Чашмони як вақтҳо биноаш ҳоло намебинанд. Шабу рӯз барояш тафовуте надорад. Фарзандон, набераву аберагонро аз овозашон шинохта, ба ҳар кадом алоҳида меҳр меварзад. 
Устод соҳиби ҳашт фарзанд аст. Малоҳат, Муҳаббат, Сабоҳат, Давлат, Анора, Даврон, Санам ва Саида меваҳои умри ӯ буда, ҳар кадом ҳаёти мустақил доранд ва аз худ сабзидаву ба нишоти падар афзудаанд. Аз онҳо танҳо Сабоҳату Давлат касби падар омӯхтаанд, боқӣ дар раванди ҳаёти мураккаб аз паси пешаҳои мухталиф нон мехӯранд...
Вай даст бардоштаву дуру дароз дуо мекунад, аз Худованди карим амонӣ мехоҳад.  Пас ларзон аз ҷой мехезад, то маро бо эҳтироми тамом гусел намояд. Ба муқобилати ман эътиборе надода, ба пой рост мешавад. Аз дасташ медорам.
– Беташвиш бош, шогирд, – мегӯяд бо табассуми базеб. – Ман одат кардаам, медонам, ки то сари суфа чанд қадам роҳ аст, то зинаву хамгашти хона, то лаби дарвоза чӣ қадар... Одами зинда дар зулмат ҳам бояд зиндагии худро идома диҳад, – бадард механдад ӯ ва чинҳои ҷабинаш хонотар шуда, дубора ба рӯяш сояи ғам мефарояд.
– Мо баринҳо дар деҳа кам мондаем, хеле кам! Ба сони меваҳои пухта ҳастем, ки бо зӯри иродат дар ангуштони дарахти умр овезонем. Ё ба қавле, офтоби сари кӯҳем мо, шогирд, – қадре маҳзунона мегӯяд устод ва ҳарчанд чизеро намебинад, сар кашида, аз шонаи баланди дарахтони сафедор бехато ба ҷониби кӯҳи Фарҳод менигарад, ки виқораш аз азал ба мардуми кӯҳистон дарси ҳаёт, сабақи зиндагист... 

Шариф ХАЛИЛ,
журналист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: