ХАРАКИ ПУШТИ ПАНҶАРА ХОЛӢ МОНД

Ҳар саҳарӣ Бобои Мисгар баъди адои намози бомдод ва вазифаҳояш (зикру тасбеҳ) ҳамроҳи фарзандону наберагонаш гирди дастархони фарзанди хурдиаш – Файзуллоҳ нишаста, сабук наҳор мекунад.

Баъд маъмулан даст боло карда фотиҳаи тӯлоние карда аз ҷо хестанӣ мешавад. Ҳамин ки нимхез шуд, наберагон аз ду ҷониб кумак мекунанд, то қоматашро рост кунад, набераи хурдӣ – чун ҳарвақта асои бобояшро гирифта пеш мегузорад. Бобои Мисгар фарзандону наберагону аберагон, пиру ҷавон, мардуми Ғелон, халқи Ӯзбекистон, кулли ҷаҳониён ва ҷаҳони бепоёнро дуокунон аз хона берун мешавад. Оҳиста-оҳиста сӯи «Бозори Набӣ», ки дар маркази деҳа ҷой гирифтаасту он ҷо дукони фарзанди бузургаш Мустафоқул низ ҷойгир шудааст, роҳ мепаймояд. 
Пушти панҷараи дукон, офтобрастарин ҷои бозор хараки чӯбие гузошта шудааст, ки дар он чаҳор-панҷ нафар бемалол нишаста метавонанд. Бобои Мисгар дар ҷои одатиаш – гӯшаи рости харак нишаста қоматашро росттар мекунад ва ба як нуқта – қуллаи кӯҳи Дорҳоҷӣ нигоҳи хаёломез мекунад. Воқеан қуллаи Дорҳоҷӣ баландтарин қуллаи Ӯзбекистон аст, ки дар китобҳо бо номи қуллаи Ҳазрати Султон ном бурда мешавад. Дар асл қуллаҳои Ҳазрати Султон ва Ёрамкӯҳ, ки паҳлӯи Дорҳоҷӣ устувор аст, аз ин қуллаи кулоҳи сафед бар сар ва миёнбанди сабз дар миён яке 150 ва дигаре 220 метр пасттаранд. 
Бобои Мисгар солҳост, ки чун одат пушти панҷараи дукон нишаста, бо ҳамдиёрони хурду калон, пиру ҷавон, муаллиму духтуру чӯпон, наздику хешу меҳмон сӯҳбатҳо ороста аз воқеаву ҳодисаҳои пешин: солҳои ташкили сохти колхозӣ, солҳои ташкили мактабу маориф, солҳои мудҳиши ҷанг ва барқароркунии баъдиҷангӣ нақлҳои аҷибу ғариб ва шавқовару ҳаётӣ намуда, мусоҳибони худро ба андешаҳои амиқ водор менамояд.
Номи аслии Бобои Мисгар Садриқул Раҳматуллоев буда, соли 1921 дар деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабз зода шудааст. Соли 1941 соҳиби маълумоти ҳафтсола мешавад. Ин ҷо баъзе аз лаҳзаҳоеро оварданием, ки Бобои Садриқул рӯи хараки пушти панҷара дар суҳбатҳои хотирмонаш ба самъи мусоҳибон мерасонид.
– 21 июни соли 1941 Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба Ватани мо, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ном дошт, зер карда даромад. Мардуми Ватани мо барои муҳофизаи хоку об ва марзу буми кишвар ба по хест. Ман он вақт ҳабдаҳсола будам. Падару бародарони мо дар қатори дигар мардуми кишвар ба ҷанг рафта, тамоми мудҳишоти ҷангро аз сар гузарониданд. Рӯзҳои нахустини ҷанги хонумонсӯз даҳҳо ҷавонони деҳаро ба ҷанг сафарбар намуданд. 
Карнайи ягонаи радио дар чойхонаи деҳа гузошта шуда буд. Хурду калони деҳа назди он гӯш ба қимор буданд, то хабари хушеро бишнаванду ба самъи ҳамдеҳагон расонанд. Моҳҳои аввали ҷанг душман то наздикии Маскав омад. Баъзеҳо рӯҳафтода мешуданду баъзеҳо ғазабашон боло мегирифту ариза медоданд. Вале аризаҳои миёнсолону калонсолон қабул намешуд.
Ҷавонон, ҳамин ки синни ҳаждаҳро пур карданд, ба ҷанг сафарбар мешуданд. Аз ҷумла бародари калонам Нарзиқул, се писари амакам Мирзобоқӣ ва даҳҳо рафиқону ҳамсинфонамро ба ҷанги хонумонсӯз сафарбар намуданд.
Аз кӯдакӣ саҳархез будам, баъзан шабҳо хобам намебурд, агар хобам барад ҳам, лаҳзаҳои мудҳиши ҷанг ба хобам медаромад. Дар хусуси Олмон ва иттифоқчиёнаш мардум гуфтугӯҳои зиёде мебофтанд. Пиразани ҳамсоя мегуфт: «Бесабаб Гирмон намегуфтаанд. Куҷое ҳуҷум кунад, мегирифтасту мемондаст. Аз ин рӯ «гирмон» мегуфтаанд». 
Дар соли аввали ҷанг хати сиёҳи қариб бист ҷавони деҳа омад. Ман, ки аз хату савод бохабар будам, чандтои онро барои модаронашон хондаам. Аз ҷумла аз қисми ҳарбии се писари амаки Мирзобоқӣ хати сиёҳ омад.
Дар ақибгоҳҳо, мардум дучанду сечанд меҳнат мекарданд. Одамон ба буридаи нон зор ташнаву гурусна буданд. Агар боре кафи орде ё буридаи нонеро меёфтанд, дар ғами хурдсолон мешуданду худашон бо решаи гиёҳу барги дарахтон қаноат мекарданд.
Соли якуми ҷанг ман ҳам роҳбари звено будаму ҳам ба бачаҳои мактабхон дарс мегуфтам. Тобистони соли дуюми ҷанг маро низ ҳамроҳи панҷ ҷавони деҳа ба ҷанг сафарбар карданд. Баъди як моҳи омодагӣ қисми моро ба самти ҷанубию ғарбӣ (Украина) фиристоданд. Саҳнаи ҷанг назар ба хобу хаёлам мудҳиштар буд. Бо талафоти зиёде хоки Ватанро ваҷаб-ваҷаб, қитъа-қитъа аз фашистон тоза мекардем. Баъзан барои озод кардани як деҳа садҳо ва барои як шаҳр ҳазорҳо аскар қурбону талаф мешуданд. Душман ба осонӣ таслим намешуд. 
Ба сабаби талафоту захмӣ шудан ва ё шаҳид шудани фармондеҳон ду бор қисми моро ба дигар қисмҳои ҳарбӣ пайвастанд. Ҳамяроқонамонро, ки дар ҷанг ҳалок мешуданд, бе дуову фотиҳа зeри хок мемондем. Бархе аз онон, ки дар майдони ҷанг ҳалок мегардиданд, тамоман беному нишон мемонданд. Баъзеҳо дар ҷангҳо  маҷрӯҳ шуда, ба госпитали ҳарбӣ меафтоданд. Касе аз ҳоли онҳо хабар намегирифт, ҳолпурсӣ намекард, онҳоро дилбардорӣ наменамуд. Ягона ҳамдарду ҳамдилашон ҳамшираҳои шафқат буданд. Баъди сиҳат шудан бештари онҳоро ба қисмҳои ҳарбии дигар мефиристоданд.
Баъди аз фашистони немис озод шудани шаҳрҳои Сталинграду Ленинград ва музаффарият ба даст овардани қӯшунҳои мо дар камонаки Курск рӯҳияи ҷангии аскарон хеле боло гирифт. Умеди ғалаба дар дилҳоямон шӯълавар мегашт. Қисми ҳарбии мо бо техникаи ҳарбии навтар ҷиҳозонида шуда, баҳори соли 1944 барои озод кардани нимҷазираи Қрим сафарбар шуд. Дар давоми ду моҳ бо талафоти калон бошад ҳам, Қримро тамоман озод намудем...
– Бобоҷон, – дар ин лаҳза хитоб мекунад аз ҳамнишинон яке, – Шумо то Берлин рафтед? Дигаре савол медиҳад: Аз деҳаамон ҳамроҳон доштед? Бобои Мисгар идома медиҳад. 
– Не, бачем, ман то Гирмон нарафтам, қисмҳои моро барои озод кардани Венгрия фиристоданд. Баъди озод кардани Венгрия се моҳ пеш аз тамом шудани ҷанг ман сахт ярадор шудам ва дар госпитал афтодам. Бисёр мехостам душманро пеш карда дар хонааш саркӯбу буғӣ кунам, вале ин ба ман муяссар нашуд. 3 май хабари таслим шудани Берлинро ман дар госпитал аз ҳамшира шунидам. Аз деҳаамон ҳамроҳам ҳеҷ кас набуд, вале ду бор бо ҷавонони ҳамсояқишлоқамон – сарчашмагиҳо ва як бор бо як нафар ҳисоракӣ вохӯрдам. То охири ҷанг бо бародари калониам Назриқул мукотиба доштам.
– Бобоҷон, – савол медиҳад нафаре, – аз қишлоқамон чӣ қадар ба ҷанг рафтаанд? 
– Аз деҳаи Ғелон ҳамагӣ 73 нафар дар ҷанг ва муҳорибаҳои он иштирок карданд. Аз 73 нафар фақат 15 кас ба ватан баргаштем. Баъзеҳо нимаи по, баъзеҳо ними дасташонро дар набардгоҳҳо гузоштаанд. Исматулло Қодиров аз як дасташ ҷудо шуда буд. Корнамоиҳои Файзуллойи Муҳаммадёр, Халили Қурбон, Ғафури Хирс, Ҷӯраи Ниёз, Ҳамиди Ҷӯра ва дигарҳоро дар саҳифаҳои таърихи Ватанамон навиштаанд. Қаҳрамониҳои онҳоро набояд фаромӯш кунем.
Боз касе савол медиҳад: «– Бобоҷон, чаро Шуморо Мисгар мегӯянд?» Бобои Мисгар идома медиҳад:
– Бобои ман ягона мисгару оҳангари деҳа будаанд. Баъд ин касбашонро ба падарам – Раҳматулло, ҳамсояҳо – Абдурасул, Усто Карим ва дигарон меомӯзанд. Ману бародарам Нарзиқул идомагари касби падарам будем. Каcби мисгариву лақаби Мисгарро аз падарам ба мерос гирифтаам. Ҳоло ҳам се писарам – Мустафоқулу Зинатуллоҳ ва Файзулло касби маро давом дода истодаанд. Баъзан ба писари калониам – Мустафоқул «Мисгар» гӯён муроҷиат мекунанд, ки аз ин хушам меояд. 
Бобои Мисгар дар деҳаи Ғелони Шаҳрисабз то вафоташ  – соли 2014 ягона иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки дувоздаҳ нафар фарзанду беш аз сад набера ва даҳҳо абераву чабера дошт. Бобо, ки баъди ҷанг чандин сол ба ҳайси муаллиму коркуни комиҷроия, фурӯшандаву мудири анбор адои вазифа намуд, соли 1985 ба нафақа баромад. Ва 28 сол боз ба касби бобоӣ – мисгарӣ машғул шуда, аз мису биринҷ ва оҳану сурб мӯъҷизаҳо офарид.  
Лаҳзаҳои фориғ аз кору зикру ибодат бобо асозанон сӯи Бозори Набӣ роҳ пеш мегирифт. Дар хараки пушти панҷара нишастагон яке ба дигаре хитоб мекард:
– Ин ҷоро холӣ кун, Бобои Мисгар меоянд. 
Ва тарафи рости хараки пушти панҷара холӣ мемонд...
Бобои Мисгари асобадаст қадамзанон меомад... 
 
Рӯзибой ҚУРБОНИЁН, 
вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: