Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 феврал зимни суҳбати телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро бо бомуваффақият баргузор намудани интихоботи пеш аз муҳлати президентии кишвар самимона табрик гуфт.
Сарвари давлатамон иштирок ва фаъолнокии баланди интихобкунандагонро махсусан қайд карда, изҳори боварӣ намуд, ки халқи бародарии Озарбойҷон барои ояндаи давлат, барои Озарбойҷони тавоно ва шукуфон овоз дода, интихоби дуруст кардааст.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ўзбекистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуданд. Ба иҷрои пурраи созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилгардида таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Динамикаи мусбати рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Муомилоти мол бинобар ҷамъбасти соли гузашта 30 фоиз афзуд. Ширкати муштараки сармоягузорӣ ба кор шурӯъ карда, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои автомобилсозӣ, электротехникӣ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра дар марҳилаи фаъоли татбиқ қарор доранд.
Доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони давлатҳои туркӣ табодули афкор сурат гирифт. Нақшаи чорабиниҳои дар пешистода мавриди муҳокима қарор гирифт.