БАРОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОӢ

Ҳар роҳбаре, ки ба вазифаи нав таъин мешавад, мекӯшад, ки фаъолияташро бо ягон кори хайр сар кунад.

Ҳар  роҳбаре, ки ба вазифаи нав таъин мешавад, мекӯшад, ки фаъолияташро бо ягон кори хайр сар кунад.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов низ пас аз ба ин вазифа таъин шудан, фаъолияти меҳнатиашро бо як кори хайр оғоз кард. Ӯ ба ҳамаи ноҳияҳои вилоят сафар карда, бо сокинони деҳа ва маҳаллаҳои дурдаст ҳамсуҳбат шуд. Аз ғаму ташвишҳои онҳо огоҳ гардида, барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ба мутасаддиён супоришҳо дод. 
Соли гузашта бо ташаббуси ҳоким ба 4  маҳалла барои аз буҷаи вилоят ҷудо кардани 500 миллион сӯм пешбинӣ шуда буд. Ин маблағ бояд барои беҳбуди таъминоти оби ошомиданӣ, мумфарш ва шағалпӯш кардани роҳҳо, беҳтар намудани таъминоти барқ харҷ мешуд. Ин иқдоми нек алҳол ҳаллу фасл гардидааст. Хурсандии мардуми маҳаллаҳое, ки аз ин амали неки ҳоким баҳраманд шуданд, ҳадду канор надорад.
Соли ҷорӣ низ аз буҷаи ҳокимияти вилоят ба маҳаллаҳои Қодиробод, Шарқ, Куҷрон ва Саройи ноҳияи Тӯрақӯрғон 500 миллион сӯм маблағ ҷудо ва барои беҳтар гардонидани инфрасохтори онҳо сафарбар карда мешавад.
Дар маҳаллаҳои зикршуда бояд 12 километр роҳ мумфарш гарданд, 14,5 километр хати оби ошомиданӣ, 9,9 километр хати энергияи электр гузарад, 270 адад сутуни бетонӣ барои энергияи барқ ва 4 адад трансформатори нав гузошта шаванд. 
– Сокинони маҳаллаамон бештар ба оби ошомиданӣ эҳтиёҷ доштанд, бинобар ин таклифи аввалинамон гузаронидани хати оби ошомиданӣ гардид. Мумфарш кардани роҳ ва гузоштани светафор низ аз ҷониби бошандагони маҳалла ба миён гузошта шуд, – гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сарой» Дониёр Шарофиддинов. 
Дар  ин корҳо сокинони маҳалла фаъол иштирок мекунанд. 

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: