ЛАҲЗАҲОИ ҲАЯҶОНБАХШИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ

Аз 28 то 30-юми ноябри соли равон дар мактаби рақами 1-уми шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд озмуни вилоятии хонандагон баргузор шуд.

Рӯзи якум хонандагони синфи 9-ум, рӯзи 2-юм хонандагони синфи 10, рӯзи 3-юм хонандагони синфи 11 дар ду намуд: санҷиши тест ва иншо дониши худро санҷиданд.
Ин лаҳзаҳо барои шогирдону устодони фанни забон ва адабиёти тоҷик низ ҳаяҷоновар буд.
Мавзӯъҳои иншо дар ҳамаи синфҳо озод буд. Барои синфи 9-ум «Ман бо табиат зиндаам», синфи 10-ум «Илм инсонро бузург мегардонад» ва синфи 11-ум «Меҳнат шараф аст» мавзӯъҳои озод омаданд. Дар тестҳо хатоҳое буданд, ки ҷавоби онҳо нодуруст нишон дода шуда буд. Ҳакамон ин хатоҳоро ба инобат гирифтанд. Ба ҳар ҳол мавзӯъҳо ва саволҳо аз рӯйи китоби дарсӣ буданд. Касе эътироз баён накард.
Натиҷаи озмун чунин буд: хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 7-уми шаҳри Ангрен Ситора Маҳмудҷонова – 68,1 хол,  Дилдора Абдураҳимова аз мактаби 17-уми шаҳри Ангрен – 67,5 хол, Нозима Абдуҳамидова  аз мактаби 48-уми ноҳияи Паркент – 57,5 холро ба даст оварда, ғолиб гаштанд.
Хонандаи синфи 10-ум Парасту Абдуллоҷонова аз мактаби 17-уми шаҳри Ангрен – 77,2 хол, Нозима Турсунова аз мактаби 15-уми шаҳри Ангрен – 66,1 хол, Фирӯза Абдуқайюмова аз мактаби 20-уми ноҳияи Паркент – 64,6 холро соҳиб гашта, пирӯз гардиданд.
Хонандагони синфи 11-ум: Аниса Алиматова аз мактаби 17-уми шаҳри Ангрен – 81,2 хол, Мадина Файзова  аз мактаби 10-уми шаҳри Ангрен – 77,1 хол, Аниса Асхатова аз мактаби 17-уми шаҳри Ангрен – 76,8 холро ба даст оварданд.

Сулаймон СОДИҚОВ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: