НАҚШИ ОМӮЗИШИ МАСОФАВӣ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ЗАМОНАВӢ

Ба муносибати чорабиниҳои карантин профессорону омӯзгорони филиали махсуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд барои донишҷӯён дарсҳои онлайнӣ баргузор мекунанд.

Ба муносибати чорабиниҳои карантин профессорону омӯзгорони филиали махсуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд барои донишҷӯён дарсҳои онлайнӣ баргузор мекунанд.
Бояд қайд кард, ки Филиали махсусгардонидашуда — ин муассисаи таълимӣ оид ба тайёр кардани ҳуқуқшиносон барои вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, инчунин мақомоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятии шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканди Гвардияи миллӣ мебошад. Муддати таҳсил дар филиал 3 сол буда, таълим рӯзона ва дар асоси грантҳои давлат сурат мегирад.
Торафт оммавӣ гардидани усулҳои нави таълими фосилавӣ ин равандро бо зарурати афзоиш додани хидматрасонӣ ва ташкили муносиби он пайваст менамояд. Аз ҷумла, мо рушди босуръат ва такмил додани низоми видеоконфронсалоқа, гурӯҳи корӣ, порталҳои корпоратив, шабакаҳои иҷтимоӣ, платформа ва пойгоҳи маълумотҳоро мушоҳида мекунем.
Дар ин раванд барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ платформаи таълимӣ, аз ҷумла платформаи филиали махсуси «talim.sbtsul.uz» ба кор андохта шуд. Донишҷӯёне, ки бо истифода аз ин платформа таҳсил мекунанд, имконият доранд, дар доираи ҳар як фан пайваста  маълумоти заруриро истифода баранд.
Ба туфайли дарсҳои онлайн  ва машқҳо дар заминаи ин платформаи таълимӣ усулҳои инноватсионии азхудкунии фан бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар маводҳои таҳиянамудаи донишҷӯён инъикос мегарданд.
Масалан, донишҷӯёни курси якум С. Худойқулов, Д. Замидов, С. Баратова ва дигарон ба туфайли истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ усулҳои нави зуд ва осон азхудкуниро бо ёрии инфографика ва барномаҳои махсуси машқҳои модули «Назарияи давлат ва ҳуқуқ» омӯхтанд. Илова бар ин, як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни мо дар конфронсҳо ва вебинарҳо онлайн иштирок мекунанд ва бо ин васила таҷрибаи худро ғанӣ мегардонанд.
Қобили зикр аст, ки ба мақсади ҳавасманд кардан ва дар болои худ кор кардани донишҷӯён, дар онҳо ташаккул додани тафаккури таҳлилӣ, қобилияти мустақилона қабул кардани қарор, дар доираи ҳар як фан масъалаҳои мантиқӣ ва проблемавӣ, ҷавобҳои таҳлилии омодакардаи донишҷӯён баррасӣ мегарданд. Ба ғайр аз ин, тавассути  низоми электронии баҳисобгирии рейтинги донишҷӯён таҷрибаи дар тартиби онлайн супурдани ҳамаи тестҳо ба роҳ монда шудааст, ки барои онҳо қулайиҳои зиёд фароҳам овард.
Ин шакли ғайрианъанавии таълим донишҷӯёнро водор месозад, ки дар болои худ кор кунанд, дар рафти ҷараёни нави таълим дар онҳо нуқтаи назари замонавиро ташаккул медиҳад.

Дилфуза АБДУЛЛОЕВА, 
омӯзгори филиали ихтисосонидашудаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.
 ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: