МАВҚЕИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН АҲАМИЯТ ВА ВАЗНИ БЕҲАМТО ДОРАД

Баёноти Президент Шавкат Мирзиёев 31 октябр дар робита ба бад шудани вазъ дар Ховари Наздик дар миёни доираҳои сиёсӣ, коршиносон ва ҷомеаи байналмилалӣ акси садо ба вуҷуд овард.

Қарори Сарвари  Ӯзбекистон дар бораи ҷудо кардани 1 миллиону 500 ҳазор доллар ба Агентии Шарқи Наздики Созмони Милали Муттаҳид барои расондани кумакҳои ҳамаҷониба ба сокинони сектори Ғазза ва ҳамчунин изҳори ҳамбастагии қавӣ бо мардуми Фаластин ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо оиди  барпо намудани давлати мустақили худ мувофиқи резолютсияҳои аз ин пеш қабулкардаи Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои амнияти СММ дар арсаи байналхалқӣ дастгирии васеъ пайдо карда, маъқул дониста шуд.

Директори Донишкадаи иқтисодиёти Академияи фанҳои Латвия Нина ЛИНДЕ:
— То имрӯз барои ҳамаҷониба мустаҳкам кардани дастовардҳои дигаргуниву ислоҳоти солҳои охири Ӯзбекистон корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар ин замина даъвати Сарвари давлат ба ҷавонон дар шароити идомаи даргириҳои мусаллаҳона миёни артиши Исроил ва ҷунбиши «Ҳамос» ва вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон бобати фирефта нашудан ба иғвоҳои мухталиф ва даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ барои самарабахшии минбаъдаи ислоҳоти идомадошта ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва умуман минтақа аҳамияти муҳим дорад. Зеро сиёсати ҷавонони Ӯзбекистони Нав ба принсипҳои ташаккули таҳаммулнопазирии насли наврас нисбат ба зуҳуроти радикализм дар дин ва хушунат дар ҳама гуна зуҳуроти он асос ёфтааст.
Ислоҳоти ҷараёндошта ба бунёди ҷомеаи таҳаммулпазир, дунявӣ ва ҳамаҷониба рушдёфта нигаронида шудааст.
Дар суханронии Сарвари Ӯзбекистон афзалияти сиёсати ҷавонон ҳамчун самти стратегии фаъолияти давлат бо мақсади фароҳам овардани шароит ва кафолатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои ташаккули иҷтимоӣ, худшиносӣ ва рушди ҷавонон, ошкор намудани иқтидори эҷодии онҳо ба манфиати тамоми ҷамъият нишон дода шудааст. 
Сиёсати пешгирифта ба камол ёфтан ва тарбияи насле, ки мамлакатро ба зинаи нави тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ мебарорад, кумак мерасонад.

Профессори фахрии Донишкадаи иқтисодиёти рӯ ба тараққии Ҷопон Манабу ШИМИЗУ:
— Ман ҳамчун як пажӯҳишгари равобити байналмилалӣ, бахусус минтақаи Ховари Наздик баёноти Президенти Ӯзбекистонро дар бораи вазъ дар сектори Ғазза ва ташаббус бобати ҷудо кардани 1,5 миллион доллар ба Агентии Ховари Наздики СММ барои расондани кумаки  ҳамаҷониба комилан истиқбол мекунам ва ба он баҳои баланд медиҳам.
Мушкилоти  Ғазза им-рӯз танҳо бо Ховари Наздик маҳдуд намешавад. Хавфи ба тамоми минтақаҳои дигар паҳн шудани он мавҷуд аст. Ба ин муносибат бори дигар тасдиқ кардани ҳуқуқи халқи Фаластин бобати бунёди давлати мустақил ҳамчун шарти ҳалли асосии низоъ аҳамияти калон дорад.
Гузашта аз ин, рафъи бӯҳрони башардӯстона, ки ҳоло дар Ғазза ҷараён дорад, чолиш барои тамоми башарият аст.
Барои ин бас кардани оташбас ва бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъ зарур аст.
Ман бар ин назарам, ки мавқеи Президенти Ӯзбекистон ҳамчун назаре аз Осиёи Марказӣ, ки таҷрибаи ғании ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ дорад, аҳамият ва вазни беҳамто дорад.
Директори иҷроияи маркази таҳлилии «Ҷа-мъияти ояндаи муштарак» (Покистон) Холид Таймур АКРАМ:
— Покистон қарори Президенти  Ӯзбекистонро дар бораи расонидани кумаки башардӯстона ба сокинони сектори Ғазза мусбат арзёбӣ мекунад.
Имрӯз тамоми ҷаҳони ислом аз вазъи Фаластин, ки дар он мардуми бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон мефавтанд, дар ташвиш аст.
Қарори роҳбари давлати Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, изҳори ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, нигаронӣ аз қурбониҳои зиёд байни шаҳрвандони бегуноҳ, инчунин саъйи расонидани ҳама гуна кумак арзёбӣ мешавад.
Мавқеи Президент Шавкат Мирзиёев намунаи аълои амали арбоби давлатӣ барои раҳбарони кишварҳои дунёи мусулмонӣ мебошад. Онҳо бояд барои муҳофизати бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар мамлакатҳои худ чораҳои фаъолона бинанд.
Раҳбари Ӯзбекистон эҳ-соси мардумро нозук ҳис мекунад ва ба манфиати ҳифзи суботу оромии байни динҳо ва миллатҳо дар ҷомеаи Ӯзбекистон оқилона ва мутавозин амал мекунад.
Сарвари Ӯзбекистон дар баробари ин қарори олиҷаноб низ аз ҳуқуқи Фаластин барои таъсиси давлати мустақили худ тибқи қатъномаҳои СММ ҷонибдорӣ кард ва даъват намуд, ки амалиёти ҷангӣ дар минтақаи низоъ бас карда шавад
Президенти Донишкадаи давлатии иқтисодиёти Ростов (Россия), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви Шӯрои олии Конгресси Русияи халқҳои Қафқоз Адам АЛБЕКОВ:
— Аксари раҳбарони ҷаҳон дар робита ба вазъ дар сектори Ғазза мисли Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мавқеъ доранд. Президенти  Русия Владимир Путин борҳо дар бораи ҳалли ин масъала бар асоси мавқеи СММ ва таъсиси давлати мустақили Фаластин, зарурати оташбаси башардӯстона ва оғози раванди музокирот ҳарф зада буд.
Қарори Президенти  Ӯзбекистон дар бораи расондани кумак ба сокинони сектори Ғазза нишон медиҳад, ки он ба иқдомоти мушаххас барои пуштибонӣ аз мардуми оддӣ, ки гаравгони вазъи кунунӣ шудаанд, нигаронда шудааст.
Муроҷиат ба шаҳрвандони кишвар бобати фирефта нашудан ба ҳар гуна иғво, ки аз ҷониби раҳбари Ӯзбекистон садо дод, низ муҳим аст. Душманон дар асоси адовати нажодӣ ва динӣ вазъияти дохили мамлакатҳоро вайрон карданӣ мешаванд. Мо бояд ба вазъият ҳушёрона баҳо дода, қатъиян аз рӯи қонун амал кунем, намояндагони миллату динҳои гуногунро эҳтиром намоем.
Коршиноси мустақили қирғиз, сиёсатшинос Марс САРИЕВ:
— Фикр мекунам, ин дар баробари иқдоми хеле муҳим, паём ва намунаи хубе барои кишварҳои дигар, аз ҷум-ла минта-қаи Осиёи Марказӣ барои расонидани кумак ба мардуми Фаластин мебошад.
Бешубҳа, ташаббуси роҳбари Ӯзбекистон бетаъсир намемонад ва дар минтақа пуштибонӣ хоҳад ёфт. Қирғизистон, аз ҷум-ла ба воситаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ барои халқи Фаластин корвонҳои борҳои башардӯстона ташкил мекунад.
Мавқеи ягонаи ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Миёна ба зудтар ҳал намудани вазъияти ҳозира ва бас кардани ҷанг дар Шарқи Наздик ёрӣ мерасонад.
Раҳбари Клуби сиёсатшиносон «Қафқози Ҷанубӣ» (Озарбойҷон) Илгар ВЕЛИЗОДА:
— Баёноти роҳбари Ӯзбекистон ба рӯҳ ва ҳарфи стратегияи анъанавии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, ки дар дастгирии қатъии меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои он, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ ифода ёфтааст, комилан мувофиқ аст. 
Тошканди расмӣ дар тӯли тамоми таърихи мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ваъдахилофӣ накардааст, меъёрҳои ҳу-қуқи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқи башариро поймол нанамудааст ва ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки дар бораи риояи қатъии он дар қисматҳои гуногуни сайёра ҳарф занад. 
Имрӯз дар сарзамини азияткашидаи Фаластин боз хуни исроилиён ва фаластиниҳои бегуноҳ рехта мешавад, вазъи гуманитарӣ бадтар мегардад, одамон мефавтанд ва миқёси ин фалокат, мутаассифона, васеъ мегардад. Ӯзбекистон аз ҳодисаҳои рухдода дар канор намонда, барои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва сокинони Ғазза иқдомоти амалӣ меандешад ва ба онҳо кумакҳои башардӯстона мефиристад.
Ин ёрӣ ва даъват ба сулҳномаи башардӯстона танҳо арҷгузорӣ ба анъанаҳои сиёсӣ намебошад. Ин ҳам саҳми мушаххас, садои шунавое дар байни онҳое аст, ки фавран бас кардани хушунат ва сари мизи гуфтушунид нишастанро даъват менамояд.
     
АИ  «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: