НЕСТ АЙБ, ЭЙ ДӮСТОН, ҲУББУЛВАТАН!

Имрӯзҳо дар кишвари азизамон, аз он ҷумла дар Самарқанд низ 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври васеъ таҷлил мешавад, ки гузориши навбатии мухбирамон далели ин фикр аст.

Имрӯзҳо дар кишвари азизамон, аз он ҷумла дар Самарқанд низ 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври васеъ таҷлил мешавад, ки гузориши навбатии мухбирамон далели ин фикр аст.
Дар доираи моҳонаи ҳарбию ватанпарварӣ, ки аз 15-уми декабри соли гузашта оғоз ёфт, дар майдони кушоди Кӯксарой намоиши техника ва таҷҳизоти пуриқтидори ҳарбӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Барои тамошои онҳо на танҳо самарқандиён, балки меҳмонони хориҷӣ низ меоянд, ҳатто худ  туфангу автомат ва дигар аслиҳаҳои замонавиро ба даст мегиранд, ба танки ҳаққонӣ нишаста завқ мебаранд.
Дар мактаб, литсей ва донишгоҳҳо вохӯрии ҳарбиён ва ҷанговарони байналмилал ба вуқӯъ мепайвандад.
– Дар моҳонаи ҳарбиву ватанпарварӣ собиқ сарбозони ҷанги Афғонистон иштирок карда, ба ҳозирон хотираҳои худро гуфта доданд,– иброз дошт раиси иттиҳодияи ҷанговарони байналмилали вилоят Эркин Мавлонӣ. – Ҷавонон ба вохӯриҳо мароқ пайдо карда, саволҳо доданд, ки  беэътибор намонд. Дар тадбири мазкур ҳамсангаронам, устод Юсуф Абдулло, Ҳабибулло Муртазоев, Амриддин Ҳакимов, Халил Иброҳимов ва дигарон низ ширкат варзиданд.
Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сектори ҳарбию маъмурии вилояти Самарқанд ба мақсади аз наздик шиносондан  бо корҳои дар артиш амалигардида, ислоҳоти ҷиддӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва шароити мусоид барои ҳимоятгарони Ватан саёҳати матбуотӣ ташкил карда шуд.
Зимни сафари эҷодии рӯзноманигорони вилоят сардори садорати идораи корҳои мудофиаи Самарқанд полковник Бурҳон Қувватов дар мусоҳиба бо вакилони расонаҳои ахбор таъкид кард, ки Президент, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатнома ба фаъолияти нерӯҳои ҳарбии мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки дар самти тайёрии ҷангӣ, тарбияи ватандӯстии насли наврас, ҳифзи иҷтимоӣ дар қӯшунҳои артиши миллӣ корҳои ибратбахш идома меёбанд, ки кафолати боэътимоди дахлнопазирии қаламрави Ӯзбекистони мустақил ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар аст.
Воқеан, мо ҷавобан ба эътибору эътимоди олии сарвари давлат ният дорем дар соли равон як қатор тадбирҳои судмандро оид ба баланд бардоштани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва инчунин маънавию маърифӣ анҷом диҳем. Дар моҳона байни ҷавонон ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд.
Дар чорабинии бахшида ба Рӯзи муҳофизони Ватан шӯроҳои маҳаллӣ, Иттифоқи ҷавонон, Бунёди ҷамъиятии  хайрияи «Маҳалла», Бунёди «Нуронӣ», садоратҳои корҳои дохилӣ, амнияти бехатарии  миллӣ, Кумитаи занон ва дигар ташкилот фаъолона ширкат варзиданд.
Сафар ба яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳри Самарқанд низ хотирнишин буд. Сарбозони варзишгар  бо чолокию чобукӣ, амалиёти ҳуҷумҳои ногаҳонӣ ва ҳимояи хеш сазовори тасаннои  ҳозирон гардиданд.
Дар ноҳияи Самарқанд низ бахшида ба ин санаи муҳим чорабиниҳои зиёд баргузор шуданд. Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими ноҳия Фирдавс Ғаниев афсару сарбозони мустафъӣ, волидайну устодони аскарони дар хизмати ҳарбиро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик кард.
– Ман пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 16-уми зодгоҳам Ӯрташайх  ба омӯзишгоҳи ҳарбии автомобилии қумондони олии Самарқанд дохил шудам, –  гуфт полковник Шодмон Азизов, – ҳоло дар нафақа ҳастам. Аммо дар корҳои таълиму тарбия ва дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас саҳм мегузорам. Хушбахтона, писари калонии мо  афсар аст. Наберагон низ орзуи касби ҳарбӣ доранд.
Вақте, ки мо дар шуъбаи оид ба корҳои мудофиаи ноҳияи Самарқанд бо сардори он подполковник Шерзод Назаров суҳбат мекардем, як мӯйсафеди нуронӣ асозанон вориди утоқи кории сардор шуд ва  баъди узрхоҳӣ ба мақсад гузашт:
– Синни ман ба 80 расидааст, – гуфт вай, – исму насабам Маҳмудбобо Иброҳимов асту аз гузари Кӯи Сахо мебошам. Ташрифи ман ба он хотир аст, ки наберагонам ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд. Аз тамошои барномаҳои оинаи нилгун медонам, ки ҳоло иҷрои қарзи ҷавонмардӣ мутлақо дигар аст. Солҳои 60-70 уми асри гузашта дар хидмати ҳарбӣ будам. Агар он замонро бо ҳозира муқоиса намоем, фарқ аз замин то осмон аст.
Ба Президенти муҳтарам раҳмат, ки шароити мусоиди хизмати ҳарбиро фароҳам овардаанд.
Дар омади гап як байти шоир Камоли Хуҷандиро, ки солҳои мактабхонӣ аз ёд карда будам, мегӯям:
Хоки поят дӯст дорад чашми ман,
Нест айб, эй дӯстон, ҳуббулватан!
Ногуфта намонад, ки тадбирҳои судманд бахшида ба Рӯзи муҳофизони Ватан ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Самарқанд гузаронида мешаванд.

Собирҷон БУРҲОНОВ, 
муҳаррири калони бахши симо ва садои вилояти Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори  
«Овози тоҷик» дар Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: