МАРКАЗИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

Дар шаҳри Қӯқанд маркази таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маросими ифтитоҳи он бо ширкати намояндагони ҳокимияти шаҳр ва меҳмонони зиёд мутантан сурат гирифт. 
Тавре ки муовини ҳокими шаҳри Қӯқанд оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва маънавию маърифатӣ Алишерҷон Мелиқӯзиев дар маросим изҳор намуд, ин марказ нахустин туҳфаи муносиб дар Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат мебошад.

– Маркази нави таълимӣ натанҳо ҷавонони шаҳри Қӯқанд, балки навоҳии гирду атрофи онро низ гирдиҳам хоҳад овард ва онҳо дар ин ҷо вақти худро пурсамар хоҳанд гузаронд. Дар марказ барои хондани китобҳои бадеӣ ва  омӯхтани забонҳои гуногун тамоми шароити созгор фароҳам оварда шудаанд, – гуфт Алишерҷон Мелиқӯзиев.
Аббосхон Аҳадов аз зумраи ҷавонони ин шаҳри куҳанбунёд муаррифӣ шуд, ки дар Донишгоҳи Инха-и Корея таҳсил кардааст. Вай иброз дошт, ки донишу маҳорати андӯхтаашро дар маркази нави таълимӣ барои ҳамтоёнаш сарф хоҳад кард.
– Президент барои мо – ҷавонон беҳтарин шароити таҳсилу корро фароҳам меоварад. Мо дар ҷавоби ин ғамхориҳо бояд муносиб ҷавоб гардонем, – изҳор намуд Аббосхон Аҳадов.  
 Ногуфта намонад, ки омӯзиши амиқи забонҳои англисӣ, русӣ ва кореягӣ, инчунин азхуд намудани технологияи иттилоотӣ ва асосҳои тиҷорати онлайн самтҳои асосии фаъолияти маркази таълимиро ташкил менамояд. Марказ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои IELTS ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии бонуфузи хориҷӣ низ ба ҷавонон хидмат мерасонад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: