5. «ОВОЗИ ТОҶИК»: 100 СОЛИ ПУРШАРАФ

ЁДИ ЁДҲО

(Давомаш.
Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
СУХАНЕ ЧАНД БА ЁДИ МАСЕҲОИ ТАМҲИД, КИ ХОДИМИ «ОВОЗИ ТОҶИК» БУД

Ба нахли ишқ пайванде маро бас,
Дили бо ваъда хурсанде маро бас.
Аз он чашми сияҳ, лабҳои ширин 
Нигоҳею шакарханде маро бас.
Ҳар кас ин дубайтӣ хонд, шоири боистеъдоде, шахси шикастанафсе, пурқаноатеро пеши назар хоҳад овард, ки дили ӯ ҳатто бо ваъдае,  як нигоҳе хурсанд мешавад. Нигоҳи чашмони сиёҳи ёр, шакарханди лабҳои ширинаш ӯро  қаноат мебахшад. Ва ин шоири хушзавқ Қорӣ Масеҳои Тамҳид (Солеҳов Масеҳо – 1891-1976) мебошад, ки баъди таъсиси «Овози тоҷик» дар идораи рӯзнома кору вазифа дошт. Дар саҳифаҳои он қатор-қатор шеъру мақолаҳои ӯ ба табъ мерасиданд. Аммо дере нагузашта ин ном аз чашми рӯзномахонҳо нопадид монд. Сабаб ин аст, ки душманони халқ ба ӯ низ тамғаи «душмани халқ»-ро часпонда буданд.

ЁДЕ АЗ ҲАМЗАМОНҲОИ ТАМҲИД

Дар доираи мавзӯъ  месазад ба доираи адабии даҳсолаи аввал ва сонии асри гузаштаи Самарқанд, ки Тамҳид дар он ба камол расида буд, назаре афканем, ки  Сипандӣ, Туғрал, Ҳодии Самарқандӣ, Яъқуби Ошиқӣ, Мирзо Акрами Фикрӣ, Саидаҳмади Васлӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Беҳбудӣ, Вофӣ, Орифи Гулханӣ, Ализода ва албатта Устод Айнӣ пеши назарҳо падид меоянд, чандин тан адибони аз дасти фалаки каҷрафтор ҷилои ватанкарда ва дур аз ёру диёр шуҳратёфта ва баръакс – бенишонгашта ба ёдҳо меоянд. Чунон ки Хубии Самарқандӣ (1895-1976) дар соли 1928 ба Афғонистон ҳиҷрат карда, аз он ҷо ба мамлакатҳои араб, Туркия кӯч баста ва дар ғурбат (дар шаҳри Тоиф) хокҷо ёфт. Ва агар аз ҳамватанони муҳоҷиргаштаи худ (Баҳодурхони Самарқандӣ) ва ҳамдиёрони номдораш (дар шахси Ҳоҷиазиз Юнусзода) имдод намедид, бешак, вай ҳам бенишон мерафт. Хушбахтона  «Авроқи носӯхта»-и Хубӣ («Суғдиён». Самарқанд. 1997) ба табъ расид. Ҳамчунин Вофии Самарқандӣ (Облоқул Тӯрақулзодаи Самарқандӣ. – 1898-1971), ки соли 1929 аз зайли замона тарки диёр карду дар Афғонистон шуҳрате ёфт. (Ниг. ба китоби Вофии Самарқандӣ. Армуғон. «Суғдиён» – 1998). 
Саидаҳмади Васлӣ ин байтро ба шогирдаш Хубӣ бахшидааст:
Болои сараш зи ҳушмандӣ,
Метофт ситораи баланде.
Вале, ҳайҳот «ситораи баланд»-и болои сари Хубӣ аз зулму ҷабри замона нопадид монд. Ва ин гуна адибони «гумном»-и моро ҳисоб нест. Дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» (дар солҳои 1924-1940) чӣ ситораҳои нав ба дурахшидан сар кардаанду ба зудӣ аз чашмҳо ғоиб шудаанд. Ҳамчунин аз доираи  адабии Самарқанд, ки аз ин пештар зикр ёфт ва аз Бухорову Хуҷанду Конибодому Ӯротеппа ва Фарғона...
Бисёр ходимони боистеъдоди «Овози тоҷик» табъиду бадарға шудаанд. Онҳое, ки зинда аз зиндон баромадаанд, минбаъд мӯҳри хомӯшӣ ба даҳони худ зада, аз матбуот канораҷӯӣ кардаанд. Ҳаёти Тамҳид ба ин мисоли равшан аст. Ӯ баъд аз вафоти Сталин дар соли 1956 ба зодгоҳаш баргашт ва то охири умр (1976) кам даст ба қалам зад.

 ЁДЕ АЗ ХАТТОТ (РАССОМ)-И «ОВОЗИ ТОҶИК» – ФАХРИДДИНИ РОҶӢ
    
Шоир Фахриддини Роҷӣ, аз қаламкашони хуштабъи «Овози тоҷик», хаттоти чирадасте буд. Мегӯянд, ки тамоми шумораҳои «Шуълаи инқилоб» бо дасти ӯ қаламӣ мешуду аз рӯйи он ба табъ мерасид. Бо сабабҳои маълум номи ӯ ҳам муддатҳо ба забон гирифта намешуд. Маҳз ба шарофати  Истиқлоли кишвар акнун ҳама медонем, ки вай чӣ касе буд ва чӣ кардааст барои хидмат ба Ватан ва халқи худ. Агар гӯем, ки ӯ 3500 байт ашъори падараш  Мирзо Ҳодиро ба шакли девон мураттаб сохт ва чоп (1912) кард, худ низ осори зиёде ба мерос гузошт, шарҳи ҳоли ин ходими «Овози тоҷик» андаке равшанӣ хоҳад ёфт.
  Навиштаҳои адибони боистеъдоди он солҳоро аз «Овози тоҷик» мутолиа карда, ба хулосае меоем, ки он вақт адибон пеши сиёсат оҷиз будаанд:
Ҳар чиз бар сар омад аз даври 
чарх Тамҳид, 
Аз рӯйи бандагӣ ман кардам 
ба Ҳақ ҳавола.
Хушо замоне фаро расидааст, ки имрӯз арҷи онҳо барҷост.

РАДИОИ – ТОҶИК ҲАМКОРИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

Ҳар гоҳ сухан аз газета равад, беихтиёр дар ин радиф ҳатман радио  пеши назар меояд. Дар амал ҳам радиои тоҷикӣ асосан бо идораи «Овози тоҷик» ҳамкорӣ доштанд. Баъзе ходимон аз идораи радио ба кори газета (ё баръакс) гузаштаанд. Чуноне ки ходимони масъули идораи радиошунавонии Ӯзбекистон Ҳисомиддин Абдувалиев ва Шоқаҳҳор Салимов пештар дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон», Норқул Шукуров аввал дар радиои тоҷикӣ, баъд ба идораи рӯзнома, шодравон Хӯҷамурод Қӯлдошев аввал дар  рӯзнома кор карда, баъд дар идораи радиои тоҷикӣ муҳаррирӣ кардаанд. Шоир Салим Кенҷа дар солҳои шастум дар шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурӣ кор мекард, аммо як пояш дар идораи  рӯзнома буд. Муҳаррирони дигар, аз қабили Б. Қаландаров, С. Мақсудов бо «Овози тоҷик»  алоқаи доимӣ доштанд. Беҳтарин асарҳои худро дар рӯзнома нашр менамуданд. Мудири шуъбаи интернети телевизиони Ӯзбекистон Аббос Отахонов ҳам баъди хатми Донишгоҳи Самарқанд корро аввал аз «Ҳақиқати Ӯзбекистон» сар кард.  Яке аз чеҳраҳои дурахшони адабӣ – Ҷонибек Қувноқ солҳои зиёд дар идораи «Овози тоҷик» кор кардааст. Муҳаррири шуъбаи тоҷикии радио Муҳаммадҷон Шодиев чанд сол ин ҷониб аз домани ҳар ду ин идора бо ду даст маҳкам дошта, билохир ба «Овози тоҷик» омада бобарор эҷод кард. Мирасрори Фарғонӣ, мухбири радиои аз ҳама ҷо бохабар, бо ҳама ҳамкор аст. Мухбири бахши тоҷикии радиои хориҷӣ дар Тошканд Матлуба Шоалиева низ дар идораи «Овози тоҷик» муддатҳо бо мо кор кардааст. Муҳаррири барномаи «Рангинкамон»-и телевизиони Ӯзбекистон Шарофат Эрматова низ корманди «Овози тоҷик» буд.
Агар ба таърихи солҳои баъди ҷанг – панҷоҳум назар афканем, мебинем, ки радиои тоҷикӣ, ростӣ ҳам соҳиби овоз ва мақоми худ будааст. 
Яке аз ходимони собиқи он Мидҳад Беҳбудӣ он солҳоро ба ёд оварда, гуфта буд: Соли 1947 ба Тошканд омада, ба Кумитаи радиошунавонии Ӯзбекистон ба вазифаи муҳаррири калони шуъбаи тоҷикӣ ба кор даромадам. Сармуҳаррири шуъба муаллими пешинаи ман Ҳабиб Аҳрорӣ буд. Ӯ баъди адои хидмати ҳарбӣ ин вазифаро ба зимма гирифтааст. То Аҳрорӣ дар ин вазифа Кибриё Қаҳҳороваи самарқандӣ (ҳамсари адиб Абдулло Қаҳҳор) кор мекард. Ӯ як фарди забондону адабиётдӯст, хушхату хушсухане буд.

МИДҲАД БЕҲБУДӢ: ДАР ИХТИЁРИ РАДИОИ ТОҶИКӢ ДАСТАИ МУСИҚӢ БУД

Фотимахон Бурҳонова (ҳамсари Абдурауфи Фитрат) ва Камолиддин Афзалӣ наттоқи радио буданд. Аз рӯйи нақли М. Беҳбудӣ, шуъбаи тоҷикии радио дар ихтиёр дастаи мусиқии асбобҳои халқӣ дошт. Давид Муллоқандов, Исҳоқ Каттаев, Маъруфхоҷа Баҳодуров (як муддат) аъзои ин оркестр буданд. 
Он солҳо садои радиои тоҷикии Ӯзбекистон қавӣ, аз тариқи программаи якум   танинандоз мешуд. Дар барномаҳои он ба ҷуз ахбор, асарҳои академӣ-драмавӣ низ ҷой мегирифт ва иҷрокунандаи ролҳои қаҳрамонон аз ҷумлаи ҳунарпешагони театрҳои машҳур, аз қабили театри ба номи Ҳамза будааст. Яке аз устодони «Шашмақом», Артисти халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова низ таҷрибаҳои аввалини ҳунари сарояндагиро дар радиои Ӯзбекистон азбар намудааст.
Ҳаёти аҳли ҳунар ва адаби тоҷикӣ дар он солҳо гарчанд аз дигарон кам фарқ дошта бошад ҳам, аз ин ки аксарияти онҳо аз Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Душанбе ва дигар шаҳрҳо омада, бештарашон иҷоранишин бошанд ҳам, байнашон рафтуомад, алоқаҳои эҷодӣ мустаҳкам будааст. Ташрифи устод Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода барин шахсиятҳои муътабар ба Тошканд, бе дидорбинии адабиётдӯстон намегузашт. Онҳо ҳатман ба идораи рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Ӯзбекистони сурх» ва радиои тоҷикӣ ташриф меоварданд, дар хонаи дӯстони ҳамзабон ва ҳамқалами эҷодкори худ меҳмон мешуданд. Мухтор Ашрафӣ, Мутаваккил Бурҳонов (муаллифи садҳо оҳанг ва гимни Ӯзбекистон) аз дӯстони наздики Лоҳутӣ буданд. Ва шавҳари  Фотимахон Бурҳонова Абдусалом Рашидии хушқзавқ, ки онҳо духтараки дӯстрӯ ва зираку доное бо номи Дилбар ба дунё оварда, хушбахт низ будаанд, ба сахтии рӯзгор нигоҳ накарда, риштаҳои дӯстиро бо хешу ақориб ва дӯстони дерин – Пайрав Сулаймонӣ, Раҳим Ҳошим, Нодир Шанбезода, (гарчи бо Фитрат дӯсти наздик буданд), алоқаҳои пешинаро намеканд, баръакс мустаҳкам медошт.
Ҳамон «духтараки зираку доно»  соли 1935 дар Самарқанд ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Маскав, Институти шарқшиносиро хонда, аз соли 1958 то вафоташ дар Тошканд зиндагӣ мекард, дар мавзӯи «Дарвешалии Чангӣ ва рисолаи мусиқии ӯ» рисолаи докторӣ менависад. 
Дилбар Рашидӣ ҳамсари нависандаи муосири ӯзбек Учқун Назаров буд. 
Ӯро ман дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», дар тадбирҳои Маркази миллии тоҷикони Тошканд «Ориёно» бисёр медидам. Аз меҳре, ки вай ба забони модариаш, рӯзномаи «Овози тоҷик» дошт, меболидам.
 Ӯ мегуфт: «Аз хонаводаи мо чаҳор нафар қурбони ҷаҳолат шуданд. Онҳо се амаки модарам – Мукаммал, Маскар ва Муаммар Бурҳоновҳо, тағоиям – бародари калони модарам – Мисбоҳиддин Бурҳонов, ҳамчунин шавҳари аввалаи модарам – Фитрат».

(Давом дорад).
Маъруф ОТАХОНЗОДА,
Журналисти шоистаи 
Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: