Фонди ҷоизаҳои чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот, ки дар Самарқанд баргузор мешавад, маълум шуд

25-30 декабр дар Самарқанд чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот аз рӯи блитс ва рапид баргзор мегардад.

Тибқи маълумот, фонди ҷоизаи мусобиқа 1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар намуди рапид – 500 ҳазор доллар (мардон – 350 ҳазор, занон – 150 ҳазор), дар блитс фонди ҷоиза низ 500 ҳазор доллар (мардон – 350 ҳазор, занон – 150 ҳазор) мебошад.

Иштироки гроссмейстерҳои маъруф ба мисли Магнус Карлсен, Даниил Дубов, Нодирбек Абдусатторов, Гукеш Доммараҷу, Винсент Каймер, Шаҳриёр Мамедяров, Ян-Криштов Дуда, Ю Яни, Максим Ваше-Лаграв, Левон Аронян дар назар аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: